ХАБАРИ ДОҒ

1 МАЙ – ҶАШНИ БЕДОРИИ ЗАҲМАТКАШОН

  • Чоршанбе, Май 04 2022

Иди Якуми Май, аз ҷумлаи он ҷашнҳоест, ки дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар мамлакатҳои гуногун онро бо тарзҳои мухталиф ном мебаранд:

Иди байналхалқии заҳматкашон, Рӯзи коргар, Иди кор, Рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, Рӯзи азназаргузаронии қувваҳои заҳматкашони ҳамаи мамлакатҳо ва ғайра.

Қарори ҳамасола гузаронидани ҷашни Якуми Майро конгресси дуюми Интернатсионал, ки моҳи июли соли 1889 дар Париж доир гардида буд, қабул намуд. Ин қарор ба хотири пос доштани хотири шаҳидони қиёми коргарони корпартофтагони шаҳри Чикаго, ки 1 майи соли 1886 рух дода буд, қабул гардид. Ҳамин тариқ ҳанӯз соли 1890 аввалин намоишҳои коргарӣ дар Австро - Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Фаронса ва дигар мамлакатҳо доир шуд. Дар Англия ин намоиши неруи коргарӣ дар замон муваффақ гардид, ки бо пирӯзии аввалини худ даст ёбад: рӯзи кории 8 – соата дар тамоми кишвар таъмин гардид.

Минбаъд ҳаракатҳои якумайӣ пурра характери умумихалқии зиддиипериалистӣ гирифтанд. Доираи таҷлили он рӯз аз рӯз васеъ мешуд. Соли 1891 аввалин ҷашни Якуми Май дар Россия – дар Петербург доир гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо – Тула, Варшава, Лодзӣ, Винос, Қазон, Киев, Нижний Новгород, Тбилиси, Гомел, Харков ва ғайра бо суръат паҳн шуд.

Ҳаракатҳои коргарӣ таҳти шиорҳои «Нест бод ҳукумати истибдодӣ!», «Зинда бод ҷумҳурият!» гузашта, дар онҳо садҳо ҳазорон коргарон иштирок менамуданд. Дар намоиши якумимаие, ки баъди инқилоби буржуазии февралии соли 1917 доир гардид, акнун мардум таҳти шиори «Ҳамаи ҳокимият ба Шуроҳо!» ба майдон баромаданд.

Ҷашни фархундаи Якуми май ҷовидонист ва ҷовидон дурахшон боқӣ хоҳад монд.

Зинда бод Якуми Май – иди бедории заҳматкашони тамоми сайёраи замин!

 

ИДИ МО

Фарорасии баҳорон ва омад – омади иди 1 - уми Майро ҳамасола пурсаброна интизорӣ мекашидем.

Зеро он овон иди якдилии меҳнаткашони дунёро ҳукумати вақт бо ҳашамати афзун таҷлил мекард. Ба фаҳми имрӯза он ид танҳо як камбуд дошт, ин норасоии нақлиёти мусофиркаш. Аз деҳаи Алиҷон то ба маркази ноҳия 12 км масофа буд. Дар хатсайри Данғара – Пушинг солҳои аввал ҳамагӣ як автобуси ПАЗ – ик равуо дошт, ки ба мардуми 7 деҳа қисмат шуд буд. Ронанда акаи Нуралӣ Сабзаев, сокини деҳаи Пушинг аз самти охир (аввал) автобусро аз сафаракиҳои деҳаҳои Пушингу Шаршар қариб пур мекард. Дар рӯзҳои ид ӯ мошинашро аз назди истгоҳи деҳаи мо давонда мегузашт. Мардум барои сари вақт расидан ба идҷо – шаҳраки Данғара дастобадаст, пиёда сӯи шеб равон мешуданд, суҳбаткунону сурудхонон...   

 

ИДПУЛӢ – 1 РУБЛЬ

Падар аксар вақт барои рафтан ба идҷо 1 сӯм (рубль) медоданд, ки он замон барои наврас маблағи хуб ба ҳисоб мерафт. Мисли ман фарзандони садҳо мардони заҳматкаш ҳамин миқдор маблағ ва аз он ҳам кам ба фарзандонашон идпулӣ медоданд. Қисме ҳатто ин имтиёзро ҳам надоштанд. Онҳо аз пушти бузу бузғола ва гӯсфандони ба кӯҳ мебаромаданд.

Иди 1 – уми Май воқеан ҳам иди хурсандиовар буд. Пои пиёда 12 км масофаро ба назар дар як зум тай мезадем. Шодиву нишоти кӯдакон ҳадду канор надошт. Аз ҳама аҷибаш ин паради пионерон, ҷавонон, кормандони идораву муассисаҳои ноҳия буд, ки бо шиору овезаҳои таблиғотӣ дар асоси сиёсати ҳизб ва ҳукумати вақт гузаронида мешуд. Садои нағораву шайпури пионерон ва сурудхонии ҳаваскорони санъат дар фазо танинандоз мегашт.

Соати муайян мардум пайи ҳам дар кӯчаи ба номи В. И. Ленин ва майдони ба номи Ленин қарор мегирифтанд. Шахси рақами 1 – и давр котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия дар иҳотаи собиқадорони ҷангу меҳнат нахуст ба сухан даромада аз таърихи иди 1 – уми Май ва меҳнаткашони тамоми дунё, аз дастовардҳо ва ғайра сухан меронд. Боз чанд тан аз фаъолони ноҳия вазъ мегуфтанд. Пас гаштугузори оммавӣ сар мешуд. Дар театри тобистона ё пояи ҳайкали Ленин сарояндагону раққосони хонаи маданияти шаҳрак ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар боғи марказӣ мусобиқаи гӯштӣ доир мегашт. Ҳар кас мувофиқи табъи хеш дар ин ё он маърака иштирок менамуд. 

 

КИНО, ЛИМОНАД, ПИРОЖКИ

Чун кинодӯстдор будам, ҳатман ба сеанси рӯзонаи кинотеатри ба номи Рӯдакӣ, шафати майдони Ленин, дар 15 тин (копеек), як шиша лимонад ва 2 дона пирожки қаноат мекардам. Мани сағира (бачаҳои бемодарро сағера ном мебурданд) дида, одами хушбахтарин дар ҷаҳон набуд. Баъди тамошои кино барои як «кулёк» донаки офтобпараст (семичка) тин (5 баъд 10 тин) маблағ низ мемонд. Дар гӯшае нишаста ба «шаҳриҳо» назора бурда, бо шавқ донаи офтобпарасти намакхӯрдаро ба даҳон мепартофтам.

 

«ТЕКСТИЛ»

Аввали солҳои 80 – уми асри гузашта сокини шаҳри Душанбе ва корманди сехи рангупардоздиҳии Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини пойтахт, маъруф бо «Текстил» шудам. Дар ин корхона иди 1 – уми Май бағоят хуш мегузашт. Шумораи байрақу овезаҳо, ороиши мошину ё хайр аҷоиб роҳандозӣ мегашт. Коллективи гуногунмиллат дар қатори гирдгардон бо худ ҳасиб, панир, шарбат, лимонад, хлеб ва мусалласи рӯҳафзо гирифта, то ба хиёбони В. И. Ленин назди меҳмонхонаи Тоҷикистон ҷумлагӣ сархуш мешуданд. Бо якҷоя гаштан ба сафи асосӣ ва шунидани шиорпартоиҳои ровии майдони ба номи В. И. Ленин хурсандӣ болои хурсандӣ буд.

Мардумон аз таҳти дил «Урра» мегуфтанд. Баъди анҷоми парад байрақу овезаҳои худро болои ягон мошин ё бағали коргари ҷавоне монда, бо гурӯҳи дӯстон сӯи буфет ё ошхонае равон мешудем. Ва то 2 – 3 соати дигар тафти дил мебаровардем.

 

ГУСТОХӢ

Ҳайати кормандони Театри Лоҳутӣ низ дар сафи меҳнаткашони пойтахт дар иди 1 – уми Май парад мегузаштанд. Он рӯз чихеле ки табъи ҳунарпешаи овозадор Ҳошим Гадоев хира буд. Ба ҳазлу шӯхиҳои ҳамраҳон эътибор намедод ва бо лабу лунҷи овезон оҳиста қадам мезад. Ҳунармандон хулоса бурданд, ки ба табассум иваз кардани авзои беҷои ҳунарманд корест ношуданӣ ва онҳо ба қавле даст шустанд.

Қарибиҳои СУМ (Универмаги марказӣ) ҳунарпешаи шӯху дилогоҳ Убайдулло Раҷабов ғайриихтиёр садо дардод: «Салоти ҷанозаи муъмин дарёфт!...». Дар он давру замон барои чунин густохӣ касро ҷазои сахт медоданд. Хушбахтона, он давра кулли шаҳриҳо ин «гап» - ро нашнидаву намефаҳмиданд. Нафароне, ки дар деҳа ба воя расиданд, медонистанд, ки ин луқмаи партофтаи акаи Убайдулло ба киву чӣ мансубият дорад…

Ҳошим Гадоеви собит чун кӯҳ дар як лаҳза хушҳол гашт ва табассум гирди лабонаш гул кард.

 

ТАНАЗЗУЛ

Бо барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шуравӣ, давлати синфи коргару деҳқон, шуруъ аз соли 1991 ҷашнгирии иди 1 – уми Май ҳам оҳиста – оҳиста моҳияти худро аз даст дод. Акнун танҳо қисме аз собиқадорони замони гузашта, аксаран коммунистон ба таҷлили иди як замон овозадор мебароянду халос.

Чанд соли охир дар тантанаи иди меҳнаткашони дунё дар Россия сафи ҷавонони коммунист ва пионерон афзуда истодааст.

Зинда бод, иди 1 – уми Май, иди меҳнаткашони тамоми дунё!

 

Умар АЛӢ

26.4.2022

   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter