Мо ӯро Маресеви тоҷик ном мебурдем…
Чун мароқ зоҳир намудам, гуфтанд, китоби маро варақ гардон. Он ҷо чанд лаҳзае аз рӯзгори он марди наҷибу қудратманд овардаам.
Б О С У Б О Т
Марди босубот Ғиёс Раҳмонов соли 1924 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Хонаводаи онҳоро баъдан ба ноҳияи Фархор муҳоҷир мекунанд.
Соҳиби маълумоти миёна. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маҷруҳи гурӯҳи 1, ҳарду по аз зону поён ампутатсия (қисман бурида партофтани ягон узви бадан) шуда буд.
Муҳосиб, сармуҳосиби колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Фархор. Соли 1991 дар синни 67 – солагӣ фавтида.
ҒИЁС РАҲМОН
Ӯро мардуми дилогаҳи ноҳияи Фархор Маресеви тоҷик меномиданд. Воқеан марди баҳодур буд. Қомати баланд, тануманд ва хушсимо ба як дидан ҳич бовари кас намеомад, ки таҳамтани қавибозу аз ду по маҳрум аст. Қатъи назар аз он, ки аз зону поён пои сунъӣ дошт, тамоми умр бе чигас мегашт. Ӯ танҳо ба як асочаи хурд такя мепартофту халос. Марди хушчақчақ ва суҳбаторое буд.
Ғиёс баъди ғалаба бар гитлерчиён ба деҳаи Қизил Муҳоҷири ноҳияи Фархор баргашт. Солҳои аввал мудири мағоза буд. Шахси сахопешаро насли калонсол хуб дар хотир доранд, зеро ӯ пайваста ба кӯдакон қанд, печенйе, конфет ва повидло (мураббо) медод.
Дар замони осоишта Ғиёс азм кард, ки хонда соҳибкасб шавад. Ва ин орзӯяш соли 1953 ҷомаи амал пӯшид. Вай ба курси 2 – солаи муҳосибини соҳаи саноат, ки Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ созмон дода буд, шомил гашт.
Хешованди онҷониб Саид ёд меорад, ки ӯ соли 1954 ба Омӯзишгоҳи тиббии Сталинобод (ҳозира Душанбе) дохил шуд. Бо сабаби тангдастӣ ва бо маслиҳати Ғиёс Раҳмон моҳи ноябри ҳамон сол ба омӯзишгоҳи онҳо, ба курси муҳосибини колхозӣ гузашт. Ба Саид маслиҳати муфид дод, курси муҳосибинро хатм дар колхоз кор карда, маблағи зарурӣ пасандоз намо ва ҳамчунон синфи 10 – умро тамом кун, ана баъд ҳуҷҷатҳоятро ба университет супор.
ҲУЗАРБ
Мавсуф болобаланди ҳузарб буд ва дар мавриди зарурӣ бо 4 – 5 ҷавони боқувват тан ба тан мешуд. Дӯстон чунин як воқеаро ёд доранд. Рӯзе Ғиёс бо рафиқи ҳамсабақаш Ҷалил Абдуллоев (маъюби гуруҳи 1 – ум) дар наздикии бозори «Путовский» («Баракат»), дар чойхона ғизо мехӯрданд. Баногаҳ хархашае сар зад. Ҷавонони ширакайф маблағро напардохта, мӯйсафеди чойхоначиро тела мезаданд.
Ғиёс ин манзараро дида садо дардод, ки ҳаққи чойхоначиро пардозеду марди пиронсолро наозоред. Онҳо дар навбати худ ӯро ба берун, ба «суҳбати» як ба як хонданд.
Бе истиҳола боло шуд ва баробари берун баромадан ба нафаре, ки нисбатан густоху авбош метофт, бо асои дасташ бо тамоми қувва дар шилики гардани «зӯр» фуровард, ки аз зарбаи сахт таёқчааш дуним шуд. Бо як хез аз каштали дуи дигар қапида, ҳардуро ба ҷӯи канори чойхона ҳаво дод. Авбоши чорумро қариб то баъди ба замин парчин шуданаш бо протези як пояш пахш карда хестанӣ намемонд.
Он замон шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Октябр (ҳозира Исмоили Сомонӣ) дар маҳали имрӯзаи Иттифоқи нависандагон воқеъ буд. Касе аз занозанӣ ба онҳо хабар дода буд, ки милисаҳо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Се тан аз зӯроваронро мошини ёрии таъҷилӣ бурд. Як нафари авбош ва Ғиёс Раҳмонро ба милисахона бурданд.
Чун фаҳмиданд, ки дар назди онҳо «фронтовик» - и маъюб, шахси аз ду по маҳруми бо протез истодааст, ҷумлагӣ аз ӯ узр хостанд ва бо мошини худшон «гунаҳкор» - ро то ба омӯзишгоҳ оварданд.
МУЪТАБАР
Ғиёс Раҳмон дар ҳудуди онрӯзаи шаҳри Сталинобод, қаламрави кинотеатрҳои «Шевченко» ва «Комсомолетс», маҳалли чойхона (ҳозира Универмаги марказӣ) ҷавони боэътибор маҳсуб меёфт. Дилхоҳ зӯровар эҳтироми ӯро қоил буд.
Мавсуф наврасону ҷавонони донишҷӯро ҳимоя мекард. Аз рафти таҳсил ва вазъи молиявиашон бохабар буд.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ Ғиёс Раҳмон ба ноҳия баргашта, солҳои зиёд ҳамчун сармуҳосиби хоҷагӣ меҳнат кард. Ӯ ҳамоно ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекард. Аз ҳолу аҳволи донишҷӯёни бепарастору ниёзманд огаҳӣ дошту ба онҳо мудом ёрии моддӣ мерасонд. Чуноне Саид зикр намуд, ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил кардан, ҳини таътили тобистона, сармуҳосибро хабар мегирифт, дар омода намудани баланс (ҷамъбасти маблағҳои дахлу харҷ) ёрӣ мерасонд. Сармуҳосиб дар бозгашт ба ӯ - ба донишҷӯи ятим 400 - 500 рубл пешпардохт мекард.
Ғиёс Раҳмон сарфи назар аз маъюбият то охири умр дар хоҷагӣ заҳмат ба бор дошт ва дар навбати худ дар пешрафти иҷтимоиёти колхоз саҳм гирифт. Тамоми умр ба мардум некӣ мекард ва ҳамин сон некному муътабар монд.
ТАҲАМТАН
Ҷигарбанди баҳодури замон Салоҳиддини Ғиёсиддин лаҳзаи мароқовареро ёд овард. Боре аз магазин як қопча орд харидем. Хостам барои бурдани он мошин биёрам. Падар гуфт, хуш ба ҳолат, шарм намедорӣ. Ва худ лингаи ордро таги каш гирифта то хонаамон (250 - 300 метр) оварданд. Дидагиҳо ангушти ҳайрат газиданд.
ҚАДР
Барои нишон додани диловарию матонат Ғиёс Раҳмон бо орденҳои Шараф дараҷаҳои II ва III, Ҷанги Ватанӣ ва медалҳо сазовор гардидааст.
Аз иқрори Салоҳиддин – писари ҷанговар, падараш ёд меовард, ки 2 ё 3 маротиба ӯро барои шарафёб гаштанаш барои ордени Шараф дараҷаи I пешниҳод карда буданд, аммо бо кадом сабабе ин пешниҳодҳои фармондеҳӣ беҷавоб монданд.
Сарвати ҷанговари босубот Ғиёс Раҳмон ин фарзандони номвараш: Мудин (1955 – 1976), Салоҳиддин (1963), Исломиддин (1965), Рустам (1967) ва Шаҳобиддин (1970) мебошанд. Ҷигарбандони сарбози шуҷои ватан соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони солеҳ зиндагии хушу хуррам доранд. Онҳо номбардори падари хешанд.
Умари ШЕРХОН