Пионер ба мақомоти худидоракунӣ, слётҳои умумиииттифоқии пионерӣ, ҷамъомадҳои (слётҳои) умумииттифоқии темурчиён, аскарони ҷавон, мухбирони ҷавон ва ғайра вакил интихоб шуда метавонад.
Пионерони фахрӣ
Ба пионероне, ки дар хониш, меҳнат, варзиш, корҳои ҷамъиятӣ пешқадаманд, ҳар хел мукофот муқаррар шудааст. Пионерони фахрӣ низ ҳастанд, Н. К. Крупская, М. Горкий, С. М. Будёний, К. Е. Ворошилов, К. Сеткин, Г. Димитров, Э. Телман, П. Толятти аз ҷумлаи аввалин пионерони фахрӣ буданд.
Пионероне, ки ба синни 14 даромаданд, ҳуқуқ доранд ба сафи комсомол - ВЛКСМ (бо тавсияи ҳатмии совети дружина) дохил мешаванд.
Пионер дар Тоҷикистон
1 сентябри соли 1924 Комитети комсомолии уезди Хуҷанд масъаларо дар бораи штаби пионерони ҷавон дида баромада, дар назди Комитети комсомолии уезд штаби мазкурро таъсис намуд, ки раиси он Х. Фузайлов буд. Абдуқодир Самадов, Миралӣ Холов, Абдусалом Исломов, Мирзо Турсунзода, Мусо Ёров ва дигарон аз ҷумлаи аввалин пионерони Тоҷикистон буданд.
Мансубият
Пионер – деҳа дар совети қишлоқи Панҷи ноҳияи Қумсангир. Ҳудуди хоҷагии колхози ба номи В. И. Ленин…
***
«ПИОНЕР», маҷаллаи ҳармоҳаи адабӣ – бадеӣ ва оммавӣ – сиёсии пионерон ва мактаббачагон. Органи КМ ВЛКСМ ва совети марказии Умумииттифоқии ташкилоти пионерони ба номи В. И. Ленин.
Аз соли 1924 дар ш. Москва нашр мешуд. Адади нашр дар соли 1984 зиёда аз 1,6 миллион нусха.
***
«Пионер», номи стансияҳои автоматии байнисайёравии амрикоӣ барои таҳқиқи системаи Офтоб, барномаи коркард ва сар додани онҳо. Солҳои 1958 – 1978 ба кайҳон 14 – то стансия сар дода шудааст...
***
«Пионери Тоҷикистон» газетаи ҷумҳуриявии пионерон, органи КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва Совети ҷумҳуриявии ташкилоти пионерии ба номи В. И. Ленин.
Аз 5 апрели соли 1932 ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Адади нашри он соли 1983 281 368 нусхаро ташкил дод.
Алҳол ин рӯзнома таҳти унвони «Анбоз» ба чоп мерасад. Адади нашри он дар моҳи майи соли 2022 ба 9 ? ҳазор нусха расида.
Умар АЛӢ
30.5.2022