Аммо бинокорон ҳамаи душвориҳоро бартараф намуда, суръати корро метезонданд.
Зимистони соли 1927 дар қитъаи Сурхон – Шӯрчӣ кор вусъат гирифт. Ҳукумати РАСС Тоҷикистон аҳамияти бузурги роҳи оҳанро барои ҷумҳурӣ ба назар гирифта, аз Совети Комиссарони Халқии СССР илтимос намуд, ки барои соли 1929 ба охир расондани сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе маблағи зарурӣ ҷудо кунад. 14 сентябри соли 1928 қарор қабул карда, ба Комиссариати халқии почтаю телеграф супориш дода шуда буд, ки сохтмони роҳи оҳанро тезонда то тирамоҳи соли 1929 ба охир расонад.
Бинокорон суръати корро тезонданд ва қитъаи сеюмро сари вақт ба охир расонданд. Дар натиҷа стансияи нави Шӯрчӣ бунёд шуд.
Мувофиқи нақша сохтмони роҳ мебоист то 7 ноябри соли 1929 ба охир расонда мешуд, бинобар ин сохтмон зимистон ҳам давом кард. 25 марти соли 1929 Бюрои Иҷроия ва Комитети партиявии вилоятии РАСС Тоҷикистон маърӯзаи муовини сардори раёсати сохтмони роҳ В. Ҷ. Карамовро дар бораи рафти сохтмон шунид. Онҳо дар назди бинокорон вазифа гузоштанд, ки сохтмони роҳро то 7 ноябри соли 1929 ба охир расонанд. Бинокорони роҳ дар телеграммаи худ ба номи Ҳукумати Тоҷикистон навишта буданд: «Дар маҷлиси умумӣ ваъдаи қатъӣ медиҳем, ки роҳи Тирмиз – Душанберо пеш аз муҳлати муқарраршуда ба истифода медиҳем».
Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон 2 моҳ пеш аз муҳлат 1 сентябри соли 1929 соати 2 – и рӯз ба охир расид. Соати 3 – и рӯз ба стансияи Душанбе нахустин поезд омад. Ба он В. Ҷ. Қарамов роҳбарӣ мекард. Ба муносибати ба охир расидани сохтмон ва ба Душанбе омадани поезд соати 7 – и бегоҳ митинги меҳнаткашони шаҳри Душанбе ва коргарони роҳи оҳан баргузор гардид.
Сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе алоқаи иқтисодии Тоҷикистонро бо дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъмин намуд ва меҳнаткашони Тоҷикистонро бо халқҳои бародарии СССР боз ҳам наздиктар кард.
Умар АЛӢ
23.5.2022