дар чунин вазъият дуюмдараҷа ҳисобида, дар мадди аввал масъалаи ислоҳи ҳукумати амирирро гузоштанд. Дар натиҷа аз ҷавонбухориён онҳое, ки танҳо дар мавқеи маърифат меистоданд, ҷудо шуданд.
Ислоҳоти амирӣ
Ҳукумати амирии Бухоро аз сарнагунгардии подшоҳи Россия ба воҳима уфтода мехост бо каме ислоҳот мавқеи худро нигоҳ дорад. Бинобар ин, амир ҳамроҳи намояндагони Россия дар аморат лоиҳаи ислоҳотро тайёр ва онро 7 апрели соли 1917 эълон намуд. Маҳдудияти синфӣ, мавқеи ислоҳотчигии ҷавонбухориён имкон надоданд, ки ба сиёсати Ҳукумати муваққатӣ ва сиёсати сохтакоронаи ҳукумати амирӣ дуруст сарфаҳм раванд. Ҷавонбухориён ҷавобан ба ин ислоҳоти амир 8 апрели соли 1917 намоиши шукрона баргузор намуданд.
Роҳбарияти ҷавонбухориён, ки асосан аз шумори савдогарон буданд, ба ғалабаи Револютсияи Октябр муносибати душманона доштанд. Онҳо аз мавриди муносиб - тезу тунд шудани муносибати байни Давлати Советӣ ва ҳукумати амирӣ истифода бурданӣ шуданд. Ҷавонбухориён боварӣ доштанд, ки агар давлати советӣ бо андак аскар ба Бухоро таҳдид кунад, амир аз тарс талаби ҷавонбухориёнро амалӣ менамояд, яъне ҳукумати худро аз ҳисоби онҳо ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад ҷавонбухориён соли 1918 роҳбарони онвақтаи РАСС Туркистонро бовар кунонданд, ки дар Бухоро револютсия тайёр шудааст, танҳо мадад лозим аст. Чунин муносибат ба ҷанги байни Туркистони Советӣ ва аморати Бухоро оварда расонд. Дар ин ҷанг ҷавонбухориён кушта шуда, боқимондаашон ба Бухорои Нав (Когон), Самарқанд ва Тошкент фирор карданд.
Пароканиш
Баҳор ва тобистони соли 1918 ба ҷавонбухориёни дар Тошкентбуда чорабиниҳои партияи болшевикон ва Давлати Советӣ таъсири калон расонд. Дар натиҷа ҷавонбухориён ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Як гурӯҳи онҳо муқобили ҳар гуна инқилоб баромада, тарафдори ислоҳоти либералӣ буд, гурӯҳи дигар ба эсерҳои чап такя карда, партияи сотсиал - револютсионии Бухороро ташкил дод, гурӯҳи сеюм таҳти роҳабрии Файзулло Хоҷаев (ин гурӯҳ худро ҷавонбухориёни револютсионер меномид) мехост, сохти амириро барҳам дода, республикаи буржуазӣ барпо намоянд.
Тобистони соли 1918 бо таъсири партияи болшевикон дар байни ҷавонбухориёни револютсионер низ ҳам ҷудоӣ ба амал омад. Як гурӯҳ инқилобгарон бо сардории А. Ёқубов якҷоя бо аъзои дар Бухоро будаи ПК Туркистон 25 сентябри соли 1918 Партияи Коммунистии Бухороро созмон доданд. Дар натиҷа фаъолияти ҷавонбухориёни боқимондаи револютсионер суст гардид. Танҳо моҳи январи соли 1920 як қисми ҷавонбухориён дар Тошкент бо роҳбарии Файзулло Хоҷаев «Бюрои марказии туркистонии ҷавонбухориёни револютсионер» - ро таъсис доданд.
Иттифоқ
Партияи Коммунистии Бухоро бо мақсади зидди реаксияи иртиҷоӣ – феодалӣ муттаҳид намудани ҳамаи қувваҳои демократӣ бо ҷавонбухориён (ба шарти программаи партияро эътироф кардани онҳо) иттифоқ баст. Баъди ғалабаи Револютсияи Халқии Советии Бухоро намояндагони қаноти чапи ҷавонбухориён (Ф. Хоҷаев, А. Қодирӣ, А. Муҳиддинов** ва дигарон) моҳи сентябри соли 1920 бо коммунистон расман як шуда, онҳо бо ҳайати ҳукумати револютсионии РХСБ шомил гаштанд. Қисме аз ҷавонбухориён ба тарафи босмачиҳо гузаштанд…
У. АЛӢ