ХАБАРИ ДОҒ

 

МӮСОЕВ АБДУЛЛО

(25.2.1922 - 6.12.2002)

Дорандаи се дараҷаи ордени Шараф (1944, 1945, 1946).

Дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) - и собиқ вилояти Кӯлоб, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Синфи 7 - ро соли 1943 тамом карда. Дар колхоз сардори звено, баъд ёрдамчии сардори шуъбаи 2 - юми Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шурообод буд.

Дар ибтидо ду бародараш Муродалӣ ва Алӣ дар ҷабҳа бар зидди фашистон меҷангиданд. Абдулло низ чанд маротиб ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд то ӯро ба ҷабҳа фиристанд, аммо ҳар дафъа ҷавоби рад мегирифт. Ниҳоят ба раиси комиҷроияи ноҳия Бобо Носиров арз бурд. Раис ваъда дод, ёрдам мекунем.

15 сентябри соли 1943 Абдулло, фарзанди сеюми амаки Мусои 80 - соларо ба хизмат хонданд. Баъди чанде вай аллакай дар муҳорибаҳо бо фашистон дастбагиребон шуд. Фарзанди шуҷои Ватан дар озод намудани шаҳрҳои Витебск, Бендера, Смоленск, Кенигсберг, Варшава ва штурми Берлин ширкат намуд. Бахусус дар озод намудани сарзамини Полша ва штурми Берлин ҷасорат нишон дод.

Ефрейтор Мӯсоев Абдулло, мергани ротаи 2 - юми тирандозии полки 515 - уми тирандоз дар муҳорибаҳои шадиди маҳали Свинажинаи ноҳияи Турийск, вилояти Волинск моҳи апрели соли 1944 диловарона размида, шахсан 7 аскари душманро ба ҳалокат расонд. Барои ин корнамоӣ, бо фармони командири полки 515 - уми тирандози армияи 69 - уми фронти 1 - уми Белоруссия аз 28 июли соли 1944 Мӯсоев Абдулло бо медали «Барои ҷасорат» мукофотонда мешавад. Дар рафти муҳорибаҳои ин ҷанг тоҷикписар командири расчёти пулемёт, снайпер ва разведкачӣ буд. Баъдан ӯро командири отделения таъин намуданд. Вай бо сарбозони ҷасураш Ямполскийи украин, Николаи рус ва Мамадеви туркман мунтазам ба разведка мерафтанд.

Барои забти соҳили ғарбии дарёи Одер муҳорибаҳои шадид доман густурд. Абдулло бо 2 ҷанговараш супориш гирифт, ки «забон» биёрад. Соати 2 - и шаб, онҳо гаваккашон ба нуқтаи пулемёти душман наздик шуданд.

Посбон аз пулемёт дур рафт, дар хандақ 3 - 4 аскари немис сармаст буданд. Абдулло аз камин ҷаста, посбонро ханҷар зад, ҳамроҳонаш низ худро ба хандақ партофта фашистонро нобуд карданд. Разведкачиён афсари немис ва як пулемётро ғанимат гирифтанд.

Дар варақаи мукофотонӣ фармондеҳи полки 515 - уми тирандозии Бранденбург, подполковник Пономарчук нигошта: «Дар муҳорибаҳои соҳили ғарбии дарёи Одер 19 - 20 апрели соли 1945, инчунин дар ишғол намудани баландии 62,6 ефтейтор Мӯоев Абдулло аз яроқи снайпериаш 2 расчёти пулемёти душманро аз кор бароварда, 25 аскари фашистро ба ҳалокат расонд. Умуман, аз моҳи январ то феврали соли 1945 дар давоми муҳорибаҳои шадид аз дарёи Висла то дарёи Одер ва дар давраи муҳорибаҳои минбаъда аз дарёи Одер то соҳилҳои ғарбии дарёи Элба рафиқ Мӯсоев Абдулло шахсан 83 аскар ва 1 афсари немисро ба ҳалокат расонд».

Барои ин қаҳрамонӣ бо тавсияи фармондеҳи полки 515 - уми тирандоз, полковники гвардия Пономарчук Мӯсоев Абдулло бо ордени Шараф дараҷаи I сазовор шуд…

Аз ёддошти қаҳрамон. Франкфурти назди Одер. Душман хати мудофиашро мустаҳкам мекард. Қӯшунҳои советӣ пайваста ба ҳуҷум мегузаштанд. Дар яке аз муҳорибаҳо взводе, ки дар ҳайати он отделенияи А. Мӯсоев буд, душманонро таъқибкунон аз қисми худ ҷудо монданд.

Шаб фаро расид. Сарбозон дар ҷангал паноҳ бурданд. Дар чор самт посбон гузошта то рӯз мунтазир шуданд. Ҳама хастаю бемадор гашта буданд, аммо хобидан хатар дошт. Ноилоҷ қадам зада атрофро назорат мебурданд. Аз дур садои тирпаронӣ ба гӯш расид. Абдулло аз пушти як дарахт ба дарахти дигар гузашта, ба роҳи калони мумфарш наздик шуд.

Ин дам садои мотосиклҳоро шунид. Пушти дарахти азиме панаҳ бурда, синчакорона ба роҳ дида дӯхт. Аз дур пеш - пеш мотосиклҳо аз пушт мошини сабукрави «Мерседес» намудор гашт. Аз ин хусус ба командири взвод хабар дода, худ бо 2 пулемётчӣ дар ҷои мувофиқ шинак шишта, «сайд» - ро интизор шуданд.

Субҳ медамид. Дере нагузашта «Мерседес» падид омад. Саросема набояд шуд, андешид Абдулло ва ба маврид норинҷакро сӯйи мошин ҳаво дод. Лаҳзае пас сар бардошта дид, ки «Мерседес» оташ гирифта, чанд фашист парӯ хобидаанд. Чашмаш ба фашисте афтид, ки лангон - лангон худро ба даруни ҷангал зад. Абдулло мисли озодапаланг сабук ҷаста аз пушти душман шуд. Фашист дарахтонро дошта роҳ мегашт. Абдулло чапғалт дода, аз пеши душман баромад ва садо дардод: - Даст бардор!...

Асир генерали немис, фармондеҳи дивизияи фашистон будааст…

Баъди ғалаба бар фашистон Абдулло Мӯсоев хизматро идома дода, соли 1947 ба зодгоҳ баргашт. Боиси зикр аст, ки дар собиқ вилояти Кӯлоб мавсуф ягона қаҳрамони ҷанг аст, ки бо 3 дараҷаи ордени Шараф сазовор гаштааст.

А. Мӯсоев соли 1949 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм намуда, то соли 1951 дар мактаби миёнаи ба номи А. Лоҳутии шаҳр ба сифати муаллими таълими ҳарбӣ фаъолият намуд. Аз соли 1952 фурӯшанда, мудири мағоза, инструктор-ревизор, директори тарабхонаҳои шаҳри Кӯлоб буд.

Қаҳрамон чандин маротиб депутати совети кишлоқ интихоб шудааст.

Соли 1968 ба нафақа мебарояд. Дар паради ғалаба дар шаҳри Москва, ба шарафи 40 - солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1985) ширкат варзидааст.

Бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I, медали «Барои шуҷоат» ва дигар медалҳо қадр шудааст.

Соли 2002 аз дунё гузашта, дар сарманзили Хоҷағоиби шаҳри Кӯлоб мадфун аст.

 

Умари ШЕРХОН

1..2022            

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter