ХАБАРИ ДОҒ

Артиши миллии Тоҷикистон

  • Чоршанбе, Март 01 2023

 

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 30 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдор буданд, таъсис ёфтааст.

 

Баъди соҳибистиқлолӣ нахустин кӯшиш дар ташкили артиш фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Аммо ин кӯшиш барҳадар рафт.

Танҳо баъди сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ даст дод. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

 

Паради ҳарбии нахустин

23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори якум Паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон эълон гардид.

Ба ҳама маълум аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи холӣ, аз сифр оғоз шуда буд. Дар давраи тезу тунди вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

 

Марҳилаи якум

Ба қавли коршиносон бунёди Артиши Тоҷикистонро ба се марҳила қисм кард. Дар марҳилаи 1-ум ҳадафи асосии таъсиси армия, ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффарияти истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин созад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои муташаккилу зудамал созмон дода шуд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо неруҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд.

 

Марҳилаи дуюм

Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қариб тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат қарор доданд. Солҳои 1994-1996 марҳилаи 2-юми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Ба омода сохтани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбӣ (ҳозира Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия ибтидо гузошта шуд. Низомномаву оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуданд.

 

Дар ин миён дар Артиш Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ созмон ёфтанд. Ба таъсиси Қӯшуни таъиноти махсус низ аҳамияти махсус дода шуд.

 

Марҳилаи сеюм

Пас аз имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин дар соли 1997 марҳилаи 3-юми таъсиси Артиши миллӣ оғоз шуд. Дар ин марҳила бо ёрии дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Россия дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қӯшун бунёд ёфта, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуданд. Алҳол артиш аз Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.

Сарбозони шуҷои Ватан дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи хешро бо сари баланд садоқатмандона ба сомон расонда, дар роҳи ба эътидол овардани авзоъ, таъмини сулҳу субот ва саркӯб кардани гурӯҳҳои экстремистиву ҷиноӣ ба таври шоиста анҷом доданд.

 

Сарфармондеҳи Олӣ

Пӯшида нест, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чизе ба мерос нагирифта буд. Тоҷикистон дар ин давра, дар вазъи басо печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ қарор дошт. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба тамоми мушкилот ба Артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомӣ асос гузоштанд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавии мамлакат, беҳтар гардондани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии низомиёни ҷумҳурӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд. Имрӯзҳо Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи обутобёфта, ҷангдидаву ватандӯст эътироф шудааст.

Маҳз бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон артиш дар ҳолати рушд қарор дошта, он рӯз аз рӯз нерумандтар мегардад. Хушоянд аст, ки коршиносон мегӯянд, Артиш миллии Тоҷикистон яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад. 

 

Қувваҳои Мусаллаҳи СССР

Соли 1918 ташкил шудааст. Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ҳамроҳи дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ бехатарии тамоми Иттиҳоди сотсиалистиро аз суиқасди таҷовузкорон таъмин менамуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи СССР аз қӯшунҳои ракетии таъиноти стратегӣ, қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ иборат буд.

 

Умари Шерхон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter