8 (21) ноябри соли 1905 Ленин ба Петербург омада, ба фаъолияти Комитети Марказӣ ва Комитети Петербургии болшевикон, ба тайёрии шӯриши мусаллаҳ ва кори газетаҳои болшевикӣ роҳбарӣ намуд.
Аз декабри соли 1907 дар муҳоҷират муборизаро барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани партияи ғайрилегалии болшевикӣ давом дод. Моҳи июни соли 1912 Ленин аз Париж ба Краков омад. Дар ин давра барномаи марксистии масъалаи миллиро тартиб дод.
Аз октябри соли 1905 то соли 1912 Ленин намояндаи РСДРП дар бюрои сотсиалистии байналхалқии интернатсионали 2 буд. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-1918) партияи болшевикон бо роҳбарии Ленин байрақи интернатсионализми пролетариро баланд бардошт, сотсиал-шовинизми пешвоёни Интернатсионали 2-ро фош намуд, шиори ба ҷанги гражданӣ табдил додани ҷанги империалистиро ба миён гузошт. Ҳангоми саршавии ҷанг Ленин дар Поронино буд.
26 июли (8 август) соли 1914 ҳукуматдорони Австрия Ленинро мувофиқи маълумоти бардурӯғ ҳабс карданд ва ба маҳбаси шаҳри Новий Тарг андохтанд. Ба туфайли ёрии сотсиал – демократҳои Полша ва Австрия 6 (19) август аз ҳабс озод карда шуд.
Ленин 23 август (5 сентябр) ба Швейтсария (Берн) ва феврали соли 1916 ба Сюрих рафта, то марти (апрели) соли 1917 дар он ҷо зиндагӣ кард.
Вай 3 (16) апрели соли 1917 аз муҳоҷират ба Петербург баргашт, вале аввали июл баъди ба дасти контрреволютсия гузаштани ҳокимият маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Дар аввалҳои октябри соли 1917 Ленин барои роҳбарӣ намудан ба шӯриши мусаллаҳ пинҳонӣ ба Петроград баргашт.
25 октябр (7 ноябр) Съезди 2-юми умумироссиягии советҳо дар марказ ва маҳалҳо ба дасти советҳо гузаштани ҳокимиятро эълон ва декретҳои лениниро дар бораи сулҳ ва замин қабул карда, ҳукумати коргару деҳқон – Совети Комиссарони Халқро ташкил намуд.
Ленин аз 11 марти соли 1918 дар Москва, баъди аз Петроград ба ин ҷо кӯчидани КМ партия ва Ҳукумати Советӣ, зиндагӣ ва кор кард…
30 августи соли 1918 Ленин аз тарафи эсерзан Ф.Е. Каплан сахт маҷруҳ карда шуд.
Баъди ғалаба дар ҷанги гражданӣ Ленин ба партия ва тамоми меҳнаткашони Республикаи Советӣ дар барқарор намудан ва минбаъд инкишоф додани иқтисодиёт, ба сохтмони маданӣ роҳбарӣ кард. Бо ташаббус ва роҳбарии Ленин плани ГОЭЛРО- плани электриконии Россия (барои 10-15 сол) – аввалин плани перспективии тараққиёти хоҷагии халқи мамлакати советҳо, плани бунёд намудани таҳкурсии иқтисодии сотсиализм тартиб дода шуд.
21 январи соли 1924, соати 6-у 50 дақиқаи бегоҳӣ В.И. Ленин вафот кард. 27 январ дар Майдони Сурхи шаҳри Москва маросими дафн барпо гардид. Тобут бо ҷасади Ленин дар мақбараи махсус гузошта шуд…
Сарватҳо
Нафароне, ки дар аҳди Шӯравӣ умр ба сар бурдаанд, Владимир Илич Ленинро ҳамчун доҳӣ, пешвои заҳматкашони олам эҳтиром мегузоштанд. Душманони синфӣ, ҳарифони доҳӣ, чуноне зикр намудем, аз хусуси сарватҳои Ленин дар бонкҳои хориҷӣ бисёр ҳадс мезаданду имрӯз ҳам бас накардаанд.
Бино бар гуфтаи рӯзномаи «Тimes»-и Ню-Йорк В.И. Ленин гӯё дар соли 1921 дар суратҳисобҳои бонкҳои Швейтсария 75 миллион франк пул баҷо карда бошад. Аммо ба ин гуфта, далели муътамад наёфтанд, ки наёфтанд…
Уляновҳо
Ба огаҳон маълум аст, ки хонаводаи Уляновҳо аз камбағалон набуданд ва ягон вақт дар сатҳи пасти зинаи иҷтимоӣ қарор надоштанд. Бегуфтугӯ, онҳо маблағи муайяне доштанд. Масалан, мулк дар Кокушкина, ки даромади солонаи он 2000 рублро ташкил медод. Як қисми ин маблағро модари Ленин пайваста ба писараш, ки дар муҳоҷират қарор дошт, мефиристод. Улянов дар як сол 3-4 маротиба аз 300 то 500 рубл мегирифт…
Ҳарифони доҳӣ мегӯянд, ки агар оилаи Уляновҳо баъди вафоти саробони оила сарвати бешумор медошт, ҳамсари бевамондааш барои дафни шавҳараш кумак намепурсид ва хоҳиш намекард, ки барояш нафақа таъин кунанд. Аммо ин иддао низ дилпуркунанда нест, зеро пас аз бесаробон мондани оила кулли одамон кумак мепурсанд.
Далеле низ ҳаст, ки ба Мария Улянова гирифтани мукофотҳоеро, ки ба падари марҳумаш дахл доштанд, пешниҳод намудаанд, аммо баъди фаҳмидани он ки барои ҷоизаҳо пул додан лозим аст, гирифтани онҳоро намепазиранд. Ин гуфта низ аҷиб аст, зеро аксари кулл барои гирифтани мукофотҳо маблағ пардохтанро хуш намебинанд.
Гонорарҳо
Ҳини муҳоҷират В.И. Ленин барои маҷаллаву рӯзномаҳои гуногуни аврупоӣ мақола менавишт. Ҳамчунин китобҳояш мунтазам ба табъ мерасиданд ва ӯ бе гап ҳаққи қалам мегирифт. Ин навишта асос дорад. Аз ин бора Ленин ба пайвандонаш низ навиштааст. Дар яке аз номаҳояш ӯ изҳори хушнудӣ намуда, ки нашриёт барои китоби ӯ «Рушди капитализм дар Россия» 250 рубл қалам додааст.
Дар ин росто доҳӣ ҳамчунон ношири рӯзномаҳои «Вперёд», «Пролетарий», «Сотсиал-демократ» ва «Искра» буд ва ӯ моҳона мегирифт ҳамчун муҳаррир. Баъдан барои иҷрои корҳо ҳизб аз хазинаи худ ба Ленин ба андозаи муайян маблағ ҷудо мекард.
Иловаҳо
Дар ҳаёти В.И. Ленин ҳолатҳои ғайриинтизор низ ба вуқуъ пайвастаанд. Соли 1913 холаи ҳамсараш Надежда Крупская аз дунё мегузарад. Ба модарарӯсаш аз вай 7000 рубл мемонад. Он замон модари ӯ ҳамроҳи духтараш ва шавҳари вай мезистанд. Ва маблағи ёдшуда ба буҷаи оилавӣ гузашт. Як қисми ин маблағро оила барои ҷарроҳии ҳамсари Ленин, ки аз бемории Базедов азият мекашид, сарф намуд. Бо боқимондаи ин пул Ленин рӯзномаи «Сотсиал-демократ»-ро ба чоп расонд.
Баъзан фалокатҳо ҳам барои доҳӣ даромади тасодуфӣ меоварданд. Боре дар Фаронса Ленини дучархасаворро мошине зад. Аз ин хусус вай ба додгоҳ шикоят бурд. Судя шофири гунаҳгорро уҳдадор намуд, ки ба зарардида дучархаи нав харад ва ҳамзамон барои зарари маънавӣ 115 франк бипардозад.
Дар ин давра (муҳоҷират) ҳар сари чанд вақт ҳамсафону дӯстон ба В.И. Ленин маблағи муайян мефиристоданд.
Суратҳисобҳо
Бо гузашти 105 сол гапи дар бонкҳои хориҷӣ пул доштани Ленин ҳоло ҳам дар чархиш аст. Ба мисол, мегӯянд, ки ӯ ҳини муҳоҷират дар Фаронса, дар суратҳисоби бонки «Қарзи Лион» 350 ҳазор рубл гузаштааст.
Ин гуфта низ ба назар аҷиб метобад, зеро баъди барҳам хӯрдани СССР империалистони дастдарози ғарбӣ дар дилхоҳ бонки аврупоӣ, дар сурати зарурат дилхоҳ суратҳисоби бонкиро ошкор месохтанд. Бе асос сухан асар надорад, гуфтаанд.
Ё ки мегӯянд, Ленин аз хизмати бонкҳои Швейтсария истифода мебурдааст. Воқеан, доҳӣ қариб 2 сол (1916-1917) дар Швейтсария дар муҳоҷират буд ва хоҳ-нохоҳ аз бонкҳо истифода мебурд…
Муаммост, ки мегӯянд, дар яке аз бонкҳои Швейтсария имрӯз ҳам суратҳисоб ба номи Владимир Улянов боқист. Ба қавле дар ин суратҳисоб то имрӯз якчанд франк нигаҳдорӣ мешавад…?!...
Умари ШЕРХОН