Баъди озод шудан дар Мюнхен котиби редаксияи газетаи «Искра», 1904 котиби газетаи «Вперёд» ва аз соли 1905 котиби Бюрои хориҷии КМ РСДРП буд. Моҳи ноябри соли 1905 ҳамроҳи В.И. Ленин ба Россия баргашт.
Котиби КМ партия аввал дар Петербург, баъд (аз охири 1906) дар Куоккала (Финляндия), охири соли 1907 ҳамроҳи В.И. Ленин ба Женева рафта, дар газетаи «Пролетарий» ва пас «Сотсиал-демократ» котиб шуда кор кард. Соли 1911 муаллимаи мактаби партиявӣ дар Лонжюмо. Аз соли 1912 ба робитаи В.И. Ленин бо «Правда» ва фраксияи болшевикӣ дар Думаи 4-уми давлатӣ кумак расонд.
Солҳои 1913-1914 дар ташкили маҷаллаи болшевикии «Работнитса» ширкат варзид.
Иштирокчии конференсияҳои партиявӣ, аз ҷумла конференсияи 6-ум (прагагӣ) ва 7-уми (апрелии) партия. Дар Револютсияи Октябр (1917) фаъолона иштирок намуд. Аз моҳи ноябри соли 1920 раиси Сарраёсати маорифи сиёсии Комиссариати маорифи халқ. Аз соли 1921 раиси сексияи илмию методии Совети илмии давлатии Комиссариати маорифи халқ, соли 1929 муовини комиссари маорифи халқи РСФСР.
Вакили съездҳои 2-4, 6-17-уми партия. Аз соли 1924 аъзои Комиссияи Марказии назорат, аз соли 1927 аъзои КМ ВКП (б). Аъзои КИМУ ва КИМ СССР (ҳамаи даъватҳо), депутат ва аъзои Президиуми Совети Олии СССР (даъвати 1), Ходими фаъоли ҳаракати байналхалқии коммунистӣ, вакили конгрессҳои 2, 4, 6, 7-уми Интернатсионали Коммунистӣ. Муаллифи як қатор асарҳо дар бораи В.И. Ленин ва партия, оид ба масъалаҳои маорифи халқ ва тарбияи коммунистӣ.
Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Москва дафн шудааст.
КОЛЛОНТАЙ
(фамилияи аслиаш Домонтович) Александра Михайловна (31.3.1872, Петербург – 9.3. 1952, Москва), ходими ҳаракати револютсионӣ ва байналхалқӣ, дипломати Советӣ, Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1915, Аз оилаи генерал.
Аз солҳои 90-ум дар ҳаракати револютсионӣ иштирок кард. Соли 1917 аъзои Комиҷроияи Советӣ Петроград, вакили конференсияи 7-уми (апрелии) РСДРП (б). Дар съезди 6-уми РСДРП (б) аъзои КМ партия интихоб шуд.
Дар тайёр кардан ва гузарондани Шӯриши мусаллаҳонаи октябр дар Петроград иштирок намуд. Баъди Револютсияи Октябр ба ҳайати аввалин Ҳукумати Советӣ ҳамчун комиссари халқии таъминоти сотсиалӣ (дар ҳамон вақт парастиши давлатӣ) дохил гардид. Соли 1920 мудири шуъбаи занони КМ РКП (б), солҳои 1921-1922 котиби Котиботи байналхалқии занон дар назди Интернатсионали Коммунистӣ.
Коллонтай аввалин дар ҷаҳон занест, ки сафир шудааст. Соли 1923 вакили мухтор ва намояндаи савдо дар Норвегия, 1926 дар Мексика, 1927-1930 вакили мухтор дар Норвегия, 1930-1945 намоянда, баъд сафир дар Шветсия.
Аз соли 1945 машваратчии Вазорати корҳои хориҷии СССР. Муаллифи китобу мақолаҳо оид ба масъалаҳои ҳаракати револютсионии занон.
Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар, орденҳои Мексика ва Норвегия мукофотонида шудааст.
Умар Алӣ