Эҳтимол меравад, ки Берия ва ҳамсафони падараш бим доштанд, ки Василий Сталин метавонад ба курсии падараш нишинад? Албатта, на ба маънои рӯ ба ростиаш – охир кӣ ба вай инро ҷоиз мебинад. Аммо муҳаббати халқ ба доҳии ҷаҳон Сталин метавонист ба ин мусоидат намояд. Ба фикри онҳо агар Вася дар озодӣ бошад, хотираи мардум доимо таваҷҷуҳи бузургро ба тарафи ӯ хоҳад кашид.
Чӣ тавр Василий Сталинро аз байн бардоштанд? Дар ин бора ҳуҷҷатҳои КГБ ва ҳизбӣ низ хомӯшанд. Вале хотираҳои охирин зани ӯ – Мария Николаевна боқӣ мондаанд.
Василий аз эҳтимоли ҳабс шуданаш ба воситаи телефон аз рафиқони ҳавопаймояш огоҳӣ ёфт. Маълум нест, ки он лаҳзаҳо дар бораи чӣ меандешид, вале шояд як андеша дар сараш чарх зада бошад: «фурӯхтанд…!». Субҳ чекистҳо омада гуфтанд: «Рафиқ генерал, мана ордер барои ҳабси шумо!».
Ҳабси Василий
Ҳамон рӯз генерал-лейтенант Василий Сталин ба синни 32 расид. Сарфармондеҳи Неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Москва буд. Бисёр мекӯшид. Ба варзишгарон ёрӣ мерасонд. Бо маъшуқаҳо мезист. Вале барои чунин сифатҳо ба зиндон намепартоянд ва ё эҳтимол барои писари Сталин буданаш ба маҳбас афтод! Ба он гунаҳкор донистанд, ки гӯё амволи давлатиро тороҷ намудааст…
9.5.1953. Сардори қисми тафтишотии парвандаҳои махсусан муҳим генерал-лейтенант Влодзимерский ва муовини ӯ полковник Козлов «шараф»-и истинтоқи Василийро соҳиб шуданд.
Мазмуни парвандаи айбдорсозӣ, ки дар рафти 3 рӯзи пурсиш мураттаб ёфт, чунин буд: «Василий Сталин дар вазифаи сарфармондеҳи Неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Москва буданаш, ба талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва ба сарфи ғайриқонунии маблағҳо роҳ дода, бо ин амал ба Давлат зарари зиёди молиявӣ расонд».
Василий ин айбро бар дӯш нагирифт. Воқеан, шахсеро ки ду моҳ пеш тамоми чизро доро буд, ба бод додани пули қисми ҳарбӣ гунаҳкор кардан мантиқ надошт…
Ҷавонмарди асил
Василий ба варзиш аз ҳад зиёд шавқ дошт ва ёрӣ расонданаш ба варзишгарон мумкин аз ҳисоби маблағи давлатӣ сурат мегирифт. «Дар давраи солҳои 1947-1949, - гуфтааст ҳангоми истинтоқ Василий, - дар округи ҳарбии мо қариб аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш дастаи устодон ташкил ёфта буд ва зиёда аз 300 нафарро дар бар мегирифт ва барои онҳо соле 5 миллион сарф мешуд. Бо иҷозати маршал Василевский, вазири мудофиаи СССР, чандин марказҳои варзишӣ сохта шуданд»…
Аммо маршалро ба Лубянка, маҳбасхона даъват накарданд. Дар ёди варзишгарони баъдиҷангӣ бошад, Василий ҳамчун «ҷавонмарди асил» боқӣ монд. Зеро онҳоро бо хона, ҷойи кор, даромади хуб, унвонҳо таъмин мекард.
Тафтиш боз бисёр гуноҳҳои Василийро ошкор сохт: ба шикор бо самолёти хизматии «Дуглас» мепарид, мошини давлатиро барои корҳои шахсиаш истифода мебурд, дар бӯстонсарояш саисхона ва ҳаммом сохт, аз Олмони мағлубшуда лоқу пари зиёде овард ва ҳоказо…
Тобистони соли 1953
«Дӯстони ҳизбӣ» Лаврентий Берияро аз байн бардоштанд. Моҳи август шефи нави амнияти давлатӣ Круглов ба президиуми Комитети Марказии Ҳизби коммунист хатчае ирсол намуд, ки дар он Василий Сталин барои 20 миллион рубл камомад карданаш, ҳамчунин барои туҳмат заданаш дар ҳаққи роҳбарони имрӯзаи давлату ҳукумат ва ҳизб гунаҳкор дониста мешуд.
Василий Сталинро баъди гузаштани 2 сол – 2 сентябри соли 1955 гунаҳкор донистанд. Душвор аст гуфтани он ки ин танаффус аз баҳри чӣ буд? Барои тарғибу ташвиқи зиддишӯравӣ ва суиистифода аз мансаби хизматӣ (ба бод додани 20 миллион рубл исботи худро наёфт) вай ба муҳлати 8 сол зиндонӣ шуд.
2 сол, то баромадани ҳукм, Василий дар Лефортово паси панҷара нишаст, ному насабаш дар ягон ҷо сабт нашуда буд, ӯро аз рӯи рақамаш ном мегирифтанд. Танҳо сардори маҳбас медонист, ки вай фарзанди Сталин аст. Баъди суд ӯро дар зиндони машҳури Владимирск, ки дар давраи шоҳигарии рус сохта буданд, ҷой намуданд. Дар ин ҷо Василий қариб 6 солро паси сар гузошт.
Авфи шахсӣ
5.01.1960. Прокурори генералии СССР Руденко ва сардори амнияти давлатӣ Шелепин боз ба Кремл коғазеро сиёҳ намуда, мефиристанд. Дар мамлакат дигаргунии сиёсӣ шуру шарар дошт. Аз ин рӯ, нома низ дар ҳамин руҳия мураттаб ёфта буд:
«Аз КМ хоҳиш дорем, ки барои рафтори намунавӣ ва бо сабаби бемориаш ба В.И. Сталин авфи шахсӣ эълон гардад:
Ба Шурои Москва (Моссовет) супориш дода шавад, ки барои ӯ ҳуҷраи 3 - хонагӣ ҷудо намояд.
Вазорати мудофиаи СССР ба В. Сталин нафақа таъин намояд ва барои 3 моҳ дар санатория муолиҷа гирифтан роҳхат диҳад ва ҳамаи дороии шахсии мусодирашудаашро баргардонад.
Барои зист 30 ҳазор рубл ёрии яквақта расонад».
Бо қарори Президиуми КМ КПСС аз 8 январи соли 1960 пешниҳоди А. Шелепин ва Р. Руденко қабул шуд…
Бадарға ба Қазон
Ба назар ҳама хуб буд, аммо… Дар ҳуҷҷатҳои ғайрисирришуда 12 саҳифа намерасад, ҳамонҳое, ки шояд санадҳои зери №121-ро ташкил медоданд, онҳо то ҳол махфианд. Эҳтимол дар ҳамон варақҳо ҷавоби асрори он чизе, ки дар солҳои минбаъда бо Василий Сталин рух дод, ниҳон бошад.
Мутобиқи ҳуҷҷатҳои дигар, аз 7 апрели соли 1961, Василий Сталин ба шаҳри Қазон ба муҳлати 5 сол бо ному насаби мустаор бадарға карда шуд. Ба вай дар кӯчаи Гагарин, 105 ҳуҷраи якхонагӣ доданд ва 150 рубл нафақа таъин намуданд.
Бенишонӣ
Нависанда Николай Непомняший ва журналист Д. Лиханова дар очеркҳояшон оид ба ин қазия зикр кардаанд, ки Василий Сталинро аниқтараш моҳи марти соли 1961 ба Қазон оварданд.
Аз вай ҳама чизро гирифтанд, ҳатто дӯстону кор ва ному насабашро. Дар Қазон ҳамагӣ 1 (як) сол зист. Аз рӯи иқрори зани охиринаш Мария Николаевна, ба Қазон аз куҷое Мария Нузберг омад ва ӯ барои нигоҳубини Василий парастор таъин гашт. Маҳз баъди пайдо шудани Нузберг Василий ба бемории аҷоибе печид, ки касе чӣ буданашро намедонист. Вай аз ҳамин беморӣ бо азоби алим ин дунёи барояш номеҳрубонро падруд гуфт.
Марги пурасрор
Ба иқрори завҷааш, 17 март Василийро ба куҷое бурданд. Пас аз ду рӯзаш Василий Иосифович Сталин, дар 40-солагиаш мурд. Аҷиб он буд, ки вай 9 сол дар зиндонҳои Лефортово ва Владимир зиндаву солим монду ин марди неруманд дар бадарғаи яксолаи Қазон ба таври ногаҳонӣ ва пурасрор аз олам даргузашт.
Ҳини дар оромгоҳи Арск тобутро барои видоъ боз карданд, ҳозирин ангушти ҳайрат газиданд. Мария Николаевна Василийро нашинохт. Рухсораҳои Вася аз зарбаҳои сахт варамида, кабудранг метофтанд, биниаш маҷақ шуда буд…
Гӯри беном
Тобути Василийро ба гӯр монданд. Ба болои хоктеппа лавҳаи фанерии сурхи ситорадор гузоштанд. Ба ҷои ному насаб рақамҳо сабт шуда буданд ва мусибатзадаҳо нигоҳи пурасрор доштанд.
Пас аз 2 сол дӯстони марҳум дар паҳлуи гӯри Василий ёдгорие аз санги хоро бо акси Василий гузоштанд, бо матни «Ба шахси беҳамто аз М. Ҷугашвили». Баъди чанд рӯз дарёфтанд, ки касе ба сурати марҳум аз тапонча тир раҳо намудааст.
P.S. 20 ноябри соли 2002 ҷасади (боқимондаи) Василий Сталинро дар оромгоҳи Троекуровски шаҳри Москва аз нав дафн карданд.
Умари ШЕРХОН