ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 28 2022


27.09.1940. Олмон, Итолиё ва Япония дар пойтахти Рейхи саввум-ш.Берлин зери эътилофе имзо гузоштанд, ки бо Паймон (пакт)-и сегона маъруф шуд.

27.09.1960. Дар СССР сохтмони манораи телевизионии Останкино оғоз шуд, ки баландтарин манораи телевизионӣ дар Аврупо ба шумор меравад.

27.09.1977.Чернобил, ки аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар РСС Украина буд, ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз кард. Он баъдан дучори садама шуд ва аз кор монд.

27.09.1990. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шомили Интерпол гардиданд.

27.09.1991. Дар Маскав Анҷумани XXII-и комсомоли ленинӣ (ВЛКСМ) ба кори худ сар кард. Дар ин Анҷуман масъалаи ягона «тақдири ВЛКСМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қарор дода шуд, ба фаъолияти ин ташкилот хотима дода шавад.

28.09.1925. Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ қабул шуд.

28.09.1939. Артиши Олмонӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум пойтахи Полша-ш.Варшаваро тасарруф намуд. Худи ҳамин рӯз Олмон бо СССР миёни ҳам Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадотро ба имзо расониданд.

28.09.1943.Суди шаҳри Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард.

30.09.1928.Дар рӯзномаи «Правда» мақолаи Николай Бухарин «Қайдҳои иқтисодчӣ» ба чоп расид, ки сиёсати иқтисодии Сталинро зери суол мебурд.

1.09.1941.Дар Маскав вохӯрии намояндагони СССР, ИМА ва Англия ба вуқӯъ пайваст. Ин дидор 3 рӯз тӯл кашид ва дар натиҷа созишномаи кӯмаки иқтисодии ИМА ва Англия ба СССР ба имзо расид. Ин созишнома бо “Ленглиз” маъруф аст ва дар тӯли ҷанг амалӣ мешуд.

1.09.1988.Дастаи мунтахаби футболи СССР бори аввал чемпиони олимпӣ шуд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони шӯравӣ бар дастаи Бразилия бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.

Чоршанбе, Сен 21 2022


20.09.1990. РСС Украина Эъломияи соҳибистиқлолии худро қабул намуд.

20.09.1990. Ҷумҳурии мухтори Осетияи Ҷанубӣ эълон намуд, ки аз Гурҷистон ҷудо мегардад. Ин ҷудошавӣ ба ҷанги осетину гурҷӣ мунҷар шуд, ки яке аз аввалин ва хунинтарин даргирӣ байни миллатҳо дар собиқ СССР ба шумор мерафт.

21.09.1920. Шӯрои Комиссарони халқии РСС Украина бо қарори худ, таълими ҳатмии забони украиниро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ намуд.

21.09.1949. Роҳбари коммунистони Чин - Мао Дзэдун кишварашро Ҷумҳурии Халқӣ эълон намуд.

21.09.1973. Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.

22.09.1921.Латвия, Литва ва Эстония ба Лигаи Миллатҳо (СММ) пазируфта шуданд.

22.09.1939. СССР ва Олмони фашистӣ сарҳадоти давлатии худро дар Полша тариқи рӯдхонаи Висла муайян карданд.

22.09.1991. Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ эълон карда шуд. Албатта ин мамнӯъият ҳамагӣ 1 рӯз идома ёфт ва 1 рӯз пас парлумони кишвар қарори мамнӯъияти Ҳизби коммунистро бекор ва Қадриддин Аслоновро аз мансабаш сабукдӯш кард. Ба ҷои Аслонов коммунист Раҳмон Набиев сарвари Тоҷикистон таъин карда шуд.

23.09.1922. Иосиф Сталин дар рафти муҳокимаи барпошавии СССР лоиҳаи худро, ки «мухторикунӣ» (автономизатсия) ном дошт, барои муҳокима ба ШКХ пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ворид ва тобеъи РСФСР мешуданд. Аммо В.Ленин ин лоиҳаро рад кард ва СССР дар шакли дигар барпо карда шуд.

23.09.1989.РСС Қазоқистон забони қазоқиро забони давлатии кишвар эълон кард.

23.09.1991. Арманистон истиқлоляти давлатии худро эълон намуд.

24.09.1938.Ҳавонавардзанони шӯравӣ бо сарварии Валентина Степановна Гризодубова барои аввалин бор парвози мустақим аз Маскав ба Владивостокро анҷом доданд. Барои ин парвоз занон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардиданд.

24.09.1990. Роҳбари СССР Михаил Горбачев барои гузаронидани кишвар ба иқтисоди бозорӣ ваколатҳои фавқулоддаро касб кард.

Чоршанбе, Сен 14 2022

  

12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева, бо имзои 1 созишнома миёни ҳам иттиҳоди сиёсӣ таъсис доданд, ки бо номи “Антантаи Балтик” дар таърихнигорӣ маъруф шуд.

13.09.1953. Никита Хрушёв-котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

13.09.1968. Албания аз Ташкилоти Созишномаи варшава берун рафт.

14.09.1936.НКВД СССР дар машварати махфӣ қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, ки он ҷо ҷанги гражданӣ дар авҷ буд, барои кӯмак ба ҷумҳурихоҳони испанӣ фиристад.

14.09.1954.Артиши Шӯравӣ дар полигони ҳарбии Тотск, воқеъ дар вил.Оренбург, машқҳои ҳарбӣ дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ роҳандозӣ намуд. Дар ин машқҳо 45.000 афсару аскари шӯравӣ аз тамоми воҳидҳои артиш ширкат карданд.

14.09.1991.Роҳбарияти вақти РСС Ӯзбекистон Ҳизби коммунистро пароканда кард ва бо номи нав ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ табдил дод. Раиси ҳизби нав Ислом Каримов таъин шуд.

15.09.1959.Оғози сафари 13-рӯзаи Никита Хрушёв ба ИМА. Хрушёв аввалин роҳбари Шӯравӣ буд, ки ба ИМА сафари расмӣ дошт.

16.09.1941.Нерӯҳои Артиши Сурх бо фармони қароргоҳи Сарфармондеҳӣ Олӣ ш.Одессаро тарк карданд. Он яке аз шаҳрҳои калидӣ дар ҷанубу-ғарби СССР буду бештари аҳолияш яҳудӣ. Ба самти Одесса нерӯҳои муттаҳидаи олмонӣ-руминӣ меҷумбид ва баъди рафтани аскарони сурх немисҳо Одессаро ба руминҳо доданд.

17.09.1920.Дар Макотиби Олии РСФСР факултетҳои коргарӣ (рабфак) ифтитоҳ ёфтанд ва коргарон дар онҳо соҳиби маълумоти олӣ мегардиданд.

17.09.1941.Дар СССР таълими ҳатмии ҳарбии тамоми шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

18.09.1934. СССР ба ҳайъати Лигаи Миллатҳо шомил шуд.

Панҷшанбе, Сен 08 2022

 

4.09.1937. Дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария яке аз роҳбарони Коминтерн И.Рейс аз ҷониби ҷосусони НКВД ба қатл расид. Ӯ қаблан изҳор дошт, ки бо Сталин робитаашро қатъ ва аз Тротский ҷонибдорӣ мекунад.

4.09.1945.Дар СССР Кумитаи давлатии мудофиа фаъолияташро қатъ кард. Ин Кумита дар оғози ҷанг таъсис ёфта, ба он шахсан Сталин сарварӣ мекард.

4.09.1962.Оғози буҳрони Кариб: Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ роҳбари Куба Фидел Кастроро гӯшзад кард, ки ба ҳар иқдоми ҳарбии Куба посух хоҳад дод. Худи ҳамон рӯз Маскав низ ба амрикоиҳо гуфт, ки Кубаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

5.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет бобати оғози террори сурхро ба тасвиб расонид.

5.09.1929. КМ ВКП(б) қарор «Бобати чораҳои батанзимдарории истеҳсолот ва ҷорӣ намудани якмудириятӣ»-ро қабул кард. Агар пештар корхонаро 1 роҳбарияти сегона (мудир, котиби ташкилоти ҳизбӣ ва раиси иттифоқи касаба) роҳбарӣ мекарданд, баъди қарор нақши калидиро котиби ташкилоти ҳизбӣ касб кард. Аз ин ба баъд, мансабҳои роҳбарикунандаро дар корхонаҳо танҳо аъзои ВКП(б) метавонистанд ишғол кунанд.

5.09.1940. Дар рӯзномаи «Пионерская правда» повести машҳури Аркадий Гайдар «Темур ва командаи ӯ» чоп шуд.

5.08.1983. Кишварҳои Ғарбӣ парвози тайёраҳои ширкати «Аэрофлот»-ро ба ҳудуди худ таҳрим карданд. Таҳрим 14 рӯз идома ёфта, сабабаш суқути ҳавопаймои Кореяи ҷанубӣ (Боинг-747) дар наздикиҳои ҷазираи Сахалин шуд.

5.09.1991.Дар Маскав Анҷумани вакилони мардумии СССР доир шуд. Анҷуман Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро қабул карда, қарор бобати омодасозии имзои Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои соҳибистиқлол ва Қонун дар бораи Идоракунии давлатӣ дар давраи гузаришро ба тасвиб расонид.

6.09.1936.Дар СССР унвони фахрии «Артисти халқии СССР» роҳандозӣ шуд. Аввалин соҳибони унвон С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалов ва И.Мосвин шуданд. Охирин бор бошад ин унвон с.1991 ба Алла Пугачева ва Олег Янковский дода шуд.

Чоршанбе, Авг 31 2022

 

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР немисҳое, ки дар навоҳии назди Волга сукунат доштанд, ба манотиқи дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Сабаби ин кор ҳуҷуми Олмон ба СССР гашт ва Сталин бим дошт, ки немисҳои назди Волга бо немисҳои Олмон мепайванданд.

29.08.1938. Дар СССР хониши ғоибона дар макотиби олӣ ҷорӣ карда шуд.

29.08.1939. Дар СССР аввалин шумораи «Маҷаллаи ҳарбӣ-таърихӣ» рӯи чоп омад, ки яке аз беҳтарин нашрияҳои соҳавӣ будӣ.

29.08.1949. Дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон озмоиши якумин бомбаи атомии шӯравӣ доир шуд. Аз ин ба баъд СССР низ соҳиби силоҳи атомӣ гардид.

29.08.1949. Роҳбари Югославия Броз Тито барои рафъи пасомадҳои таҳримҳои иқтисодии СССР аз ИМА кӯмаки молӣ хост ва амрикоиҳо ҳам ба Югославия кумак карданд.

30.08.1918. Дар Маскав эссерзан Фаннӣ Каплан ба ҷони роҳбари ҳукумати Шӯравӣ, В.Ленин суиқасд анҷом дод. Ӯ сахт захмӣ шуд, лек зинда монд. Дар Петроград бошад худи ҳамин рӯз шоир Леонид Иоакимович Каннегисер сардори ЧК-и ин шаҳр Моисей Соломонович Уритскийро кушт. Ин кушторҳо боиси амалкарди ҷавобии Ҳукумати шӯравӣ шуд, ки дар таърихнигорӣ аз он ба «террори сурх» ёд мешавад.

30.08.1935. Дар Маскав Кунгураи VII-и Коминтерн доир шуд. Дар он коммунистон ва сотиал-демократҳо қарор доданд, зидди фашизм бо ҳам муттаҳид гарданд.

30.08.1963. Бо мақсади коҳиш додани хавфи вуқӯи ҷанги атомӣ миёни Маскав ва Вашингтон хаттӣ мустақими телефонӣ гузаронида шуд.

31.08.1920. Дар корхонаи «Красное Сомово»-и Маскав аввалин тонки шӯравӣ сохта шуд. Ин тонки навъи М (Ренои Русӣ) номи доҳии пролетарҳо-»Муборизи инқилоб рафиқ Ленин»-ро гирифт.

31.08.1925.Дар СССР эъломия бобати таҳсили оммавии ибтидоӣ қабул карда шуд.

31.08.1935. Ангишткани донбассӣ Алексей Стаханов меъёрӣ рӯзонаи истихроҷи ангиштро 14 маротиба афзуд. Ин кори ангишткан боиси оғози «ҳаракати стахановӣ» дар СССР шуд.

31.08.1939. Немисҳо ҳуҷуми полкҳоро ба нуқтаи радиоии худашон дар шаҳраки Гливитс тарроҳӣ ва амалӣ карданд, то барои ҳуҷум ба Полша мадраке дошта бошанд.

Чоршанбе, Авг 24 2022

 

 16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн бо қарори худ Ҳизби коммунисти Полшаро пароканда кард. Сабаби ин қарор, вуруди ҷосусони олмонӣ ба сафи ин ҳизб арзёбӣ шуд.

16.08.1941. Дар СССР фармони №270 ба тасвиб расид, ки дар он таърифи возеҳ бобати он, ки кадом афсарони Артиши Сурхро хоини Ватан бидонанд, дода мешуд.

16.08.1956. Дар СССР қарори ҳукумат бобати азхудкунии заминҳои бекор ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи Русияи ҷанубӣ ва Қазоқистон гандумкорӣ шуданд.

17.08.1918. Гетман Павел Скоропадский баъди сари қудрат омадан, дар Украина  рӯзи кории 8-соатаро ҷорӣ кард.

17.08.1934. Дар СССР аввалин Анҷумани нависандагони шӯравӣ доир шуд. Дар ин Анҷуман Низомномаи Иттиҳоди нависандагони СССР қабул карда шуд ва «реализми сотсиалистӣ» усули асосии адабиёти шӯравӣ эътироф гардид.

17.08.1954. Роҳбари коммунистони Чин Мао Дзедун дар кишвараш сиёсати «ҷаҳиши бузург»-ро роҳандозӣ намуд.

17.08.1965.Оғози амалиёти «Starlite» аз ҷониби нерӯҳои ИМА дар рафти ҷанги Ветнам. Ин аввалин амалиёти бузурги заминии нерӯҳои амрикоӣ дар ҷанги Ветнам ба шумор меравад.

18.08.1918. Дар Русияи шӯравӣ Иттифоқи умумирусиягии журналистони шӯравӣ таъсис дода шуд.

19.08.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Александр Иванович Покришкин аввалин шуда дар СССР қаҳрамони секаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

19.08.1960.Киштии кайҳонии шӯравӣ-Восток бори аввал дар ҷаҳон бо 2 саг Белка ва Стрелка ба фазои кайҳонӣ баромада баъди 24 соат ба Замин фуруд омад.

20.08.1941. Дар рафти ҶБВ, дар наздикии деҳаи Войсковитса тонки шӯравии КВ-1 таҳти фармони Зиновий Колобанов аз камин 22 тонки немисро оташ зада, бо ин кор дар таърих чун яке аз беҳтарин лочинҳои тонкии шӯравӣ дар рафти ҶБВ шинохта шуд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 54

Китобҳо

Flag Counter