ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 25 2022

 

17.05.1918.Оғози шӯриши корпуси чехословакӣ дар Сибир. Корпуси 30.000-нафараи чехословакӣ, ки мебоист тавассути Владивосток Русияро тарк мекард, дар роҳ шӯриш бардошт. Бо ин исён ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз гардид.

17.05.1919. Дар Русияи шӯравӣ тамоми моликияти калисоҳо ва савмааҳо миллӣ эълон карда шуд.

17.05.1921. Дар РСФСР Декрет оид ба милликунонии корхонаҳои хурд лағв карда шуд. Ин аввалин қадам барои роҳандозии Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) гардид.

17.05.1934. Дар Олмони фашистӣ яҳудиён аз ҳаққи суғурташавии тиббӣ маҳрум карда шуданд.

17.05.1948.СССР расман эълон намуд, ки Исроилро чун давлат эътироф мекунад.

18.05.1928. Дар СССР баррасии «Парвандаи Шахтинск» (суиқасди зиддишӯравии муҳандисони Донбасс) оғоз шуд, ки нахустин делои ҷиноии сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт.

18.05.1967. Юрий Андропов раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин карда шуд.

18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Эъломияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.

19.05.1922. Дар Маскав конфронсии умумииттиҳодии комсомол доир ва дар он қарор «Оид ба таъсиси дастаҳои пионерӣ» қабул карда шуд. Маҳз ин рӯз, чун рӯзи таъсиси Ташкилоти умумииттиҳодии пионерӣ шумурда мешавад.

20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР (“Госиздат”) таъсис дода шуд, ки вазифааш ҳамоҳансозии тамоми кори нашриётӣ дар Русияи шӯравӣ буд.

20.05.1970. Роҳбари коммунистони Чин-Мао Дзэдун ба оғози инқилоби ҷаҳонӣ зидди империализми амрикоӣ даъват намуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-и вакилони мардумии РСФСР доир шуд ва дар он Қонун дар бораи Президенти РСФСР ба тасвиб расид.

22.05.1936. Дар СССР аввалин чемпионат оид ба футбол доир шуд. Аввалин бозӣ миёни «Динамо»-и Ленинград ва «Локомотив»-и Маскав баргузор гардид.

Чоршанбе, Май 18 2022

 

6. 05. 1917. Дар Русия Қонун бобати таъсиси кумитаҳои заводӣ ба тасвиб расид. Ин кумитаҳо қабули коргарон ва хориҷ кардани онҳоро аз корхона назорат мекарданд.

6. 05. 1920. Нерӯҳои Артиши полякӣ дар рафти ҷанги Полша бо РСФСР пойтахти Украина-шаҳри Киевро ба тассаруф дароварданд.

7. 05. 1934. Дар вилояти Амури СССР, Вилояти Мухтори Яҳудиён таъсис дода шуд. Пойтахти вилояти навтаъсис шаҳри Биробиҷан интихоб гардид.

7. 05. 1945. Соати 21:41 дақиқа, дар шаҳри Реймси Олмон, аввалин санади таслими бе чунучароӣ Олмони фашистӣ ба имзо расид.

7. 05. 1951. Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ аз СССР даъват кард дар бозиҳои Олимпии соли 1952 ширкат варзад.

7. 05.1985. Шӯрои Вазирони СССР қарор «Бобати чораҳо барои рафъи майзадагӣ ва алкоголизм ва аз байн бурдани самогонпазӣ»-ро ба тасвиб расонид. Акнун дар СССР фурӯши маҳсулоти алкоголӣ танҳо дар ҷойҳои махсус ва дар соатҳои муаян амалӣ мегардид.

7. 05.1988. Дар СССР маҷлиси муассисони «Иттиҳоди демократӣ» доир гардид.  Иттиҳоди демократӣ, аввалин ҳизби сиёсии мухолифи ҲКИШ ба шумор мерафт ва ба он Валерия Наводворская сарварӣ мекард.

8. 05.1945. Дар СССР Рӯзи ғалаба муқаррар карда шуд ва онро 9 Май ҷашн мегирифтанд.

9. 05.1917. Ҳукумати Муваққати Русия эълон намуд, ки дар кишвар сензураи матбуот барҳам дода мешавад.

9.05.1945. Дар майдони ҳавоии Марказии ба номи М. Фрунзе, тайёраи Ли-2 ба сарварии сарнишин И. Семенков фуруд омад. Семенков ба Маскав хабари бениҳоят хуш, санади таслими бечунучарои Олмони фашистиро овард.

9.05.1992. Дар рафти ҷанги арману озарӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ артиши арманиҳо, шаҳри калидии Шушаро ба тассаруф даровард.Баъди суқути Шуша, Қарабоғ ба пуррагӣ ба тассаруфи арманиҳо даромад.

Чоршанбе, Май 04 2022

 

30.04.1920. Оғози ҷанги РСФСР бо Полша. Дар ин рӯз нерӯҳои поляк ба ҳуҷум гузашта, манотиқи зиёдеро дар Украина ва Беларусия ба тассаруф дароварданд. Худи ҳамон рӯз бо сабаби ҳуҷуми полякҳо дар рӯзномаи «Правда» Муроҷиати КМИ ва ШКХ РСФСР «Ба тамоми коргарон, деҳқонон ва шаҳрвандони содиқи Русия» ба нашр расид, ки аз мардум даъват мекард ба Артиши Сурхро дар мубориза бо полякҳо кӯмак кунанд.

30.04.1944. Дар СССР бо қарори махсуси ҳукуматӣ мактабҳои коргарони ҷавон таъсис дода шуданд.

30.04.1945. Дар Берлин, пойтахти Рейхи саввум Адолф Гитлер ва маъшуқааш Ева Браун даст ба худкушӣ заданд.

30.04.1960. Дар рӯзномаҳои СССР аввалин хабар бобати кашфи нафт дар ҷангалзори Тюмен ба нашр расид. Кашфи нафт дар Сибир барои СССР аҳамияти вежа дошт ва фурӯши нафт солҳи тӯлонӣ қисмати зиёди будҷаи СССР-ро таъмин мекард.

30.04.1961. Роҳбари Куба Фидел Кастро соҳиби ҷоизаи сулҳи Ленинӣ гардид.

1.05.1890.  Барои авваллин бор, ҷашни байналмилалии 1 Май аз ҷониби коргарони Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания ва дигар кишварҳои Аврупо таҷлил гардид.

1.05.1891. Аввалин ҷашнгирии 1 Май дар Русия. 1 Майро дар Русия бори аввал, гурӯҳи сотсиал демократҳо бо сарварии М. Бруснев дар Петербург таҷлил намуданд.

1.05.1907. Дар бештари пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ, роҳпаймоии меҳнаткашон бахшида ба иди 1 Май баргузор гардиданд. Аммо аз ҳама пуршӯртар 1 Майро дар пойтахти Полша, шаҳри Варшава бо корпартоии умумии коргарон истиқбол намуданд.

1.05.1918. Дар майдони Ходински Маскав, аввалин паради ҳарбии Артиши Сурх доир гардид.

2.05.1945. Артиши Шӯравӣ дар рафти амалиёти Берлин, комилан пойтахти Рейхи саввумро ба тассаруф даровард. 

2.05.1949. Дар СССР аввалин пахши телевизионии бозии футбол намоиш дода шуд. Дар ин бози дастаҳои Динамо ва ЦДКА бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Чоршанбе, Апр 27 2022

 

18.04.1922. Дар ш.Маскав аввалин хатсайри автобусӣ роҳандозӣ шуд.

18.04.1923. Бо ташаббуси Ф.Э.Дзержинский-роҳбари дастгоҳи амниятии Шӯравӣ (ГПУ) дар кишвар Ҷамъияти варзишии «Динамо» ба роҳ монда шуд.

18.04.1927.Дар ш.Маскав Анҷумани IV-и Шӯроҳои СССР баргузор шуд. Дар аввалин кишвари шӯроҳо Анҷуман аз лаҳзаи таъсиси СССР дар с.1922 ва то қабули Сарқонуни сталинӣ дар с.1936, олитарин ниҳоди ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёфт. Анҷуман аз намояндагони Шӯроҳои ҳамаи ҷамоҳири иттиҳодӣ иборат буд ва дар он масоили бисёр муҳим, мисли ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР, қабули ҷумҳуриҳои нав ба ҳайъати СССР, муайян кардани нақшаҳои рушди хоҷагии халқи СССР, буҷаи давлатии СССР ва масоили марбут ба қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал мешуданд.

18.04.1942. Аввалин ҳуҷуми ҳавоии амрикоиҳо ба Токио, ки бо рейди Дулиттл дар таърихнигорӣ маъруф асту ба пойтахти Япония, аз болои нови ҳавопаймобарии «Хорнет» амалӣ шуд. Худи ҳуҷум бо муваффақият анҷомид, лек амрикоиҳо дубора наметавонистанд болои нов фуруд оянд. Тибқи нақша бомбаандозон мебоист дар навоҳии шарқии Чин ба замин менишастанд. Аз 16 тайёра 15-тоаш то ҳудуди Чин расиданд. 4 тайёра ба садама дучор шуд, сарнишинони 11 тайёраи дигар худро аз парашут ба замин партофтанд. Японҳо тавонистанд 8 амрикоиро асир гиранду 3 касро баъдан ба қатл расонданд. Сарнишинони тайёраи 16-ум бошад, дар фурудгоҳҳои шӯравии «Унаши» дар Шарқи Дур ба замин фаромад. СССР аз бими японҳо тайёраро мусодира ва сарнишинонро асир кард. Аслан амрикоиҳо аз аввал мехостанд, тамоми тайёраҳояшон дар Владивосток ба зимин фуруд оянд, лек тарафи шӯравӣ инро қотеъона рад кард. Он шабу рӯз СССР қудрати ҷангидан дар 2 фронтро надошт. Аммо сарнишинони амрикоӣ пинҳонӣ, аввал ба вил.Перм ва баъдан ба Тошканд, аз он ҷо ба Ашхобод интиқол дода шуданд. Пас аз ин, махфиёна дар 1 амалиёти сиррӣ ба Эрон интиқол ёфта, тавассути англисҳо ба ватанашон баргаштанд.

18.04.1945.Анҷоми амалиёти Рур дар рафти ҶБВ. Он азимтарин амалиёти артишҳои англо-амрикоӣ зидди Олмон дар ҶБВ аст. Дар натиҷа, охирин гурӯҳи низомии олмонӣ дар фронти Ғарбӣ торумор шуда, навоҳии истеҳсолии Рур ба дасти иттифоқчиён гузашт. Шикасти гурӯҳи армияҳои «Б» дар Рур тамоми фронти Ғарбии немисҳоро аз миён бурд.

Чоршанбе, Апр 20 2022

 

 11.04.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Туркистон. Маркази ҷумҳурии мухтори Туркистон шаҳри Тошканд шуд ва мухторияти навтаъсис ба ҳайъати РСФСР шомил мегардид. Аҳолии ҶМТ 5 млн нафар буд ва ин мухторият то 27.10.1924 арзи вуҷуд кард.

11.04.1945. Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи 20-солаи дӯстӣ, кумак ва ҳамкории баъдиҷангӣ ба имзо расид. Созишномаро Броз Тито ва Сталин имзо карданд. Бо вуҷуди ин, тарафи СССР сентябри с.1949 созишномаро ба хотири итоат накардани Тито аз эътибор соқит кард.

11.04.1981.Мусиқинавозони машҳури шӯравӣ-Максим Шестакович ва писараш Дмитрий, ки писар ва набераи оҳангсозӣ машҳур Дмитрий Шестакович буданд, ҳини сафари хидматӣ ба Олмони Ғарбӣ эълон карданд, ки дигар ба СССР барнамегарданд.

11.04.1991. КМ ҲКИШ мактуби кушодаеро нашр намуд, ки тибқи он аз коммунистон даъват карда мешуд, ислоҳотхоҳони ашаддиро аз сафҳои ҳизб берун кунанд. Ин мактуб сабаб шуд, ки яке аз коммунистони ислоҳотхоҳ Николай Травкин эълон кард, аз ҲК хориҷ шуда, ҳизби навро бо номи Ҳизби демократӣ таъсис медиҳад.

12.04.1918. Нерӯҳои Артиши Сурх ва ВЧК соати 3-и субҳ якбора ба 26 лонаи анархистон шабехун заданд. Анархистон ҳама мусаллаҳ буданд ва ҳеҷ нерӯро эътироф намекарданд. Амалиёт бобарор анҷом гирифт ва анархистон шикасти сахт диданду тамоми силоҳашон мусодира шуд ва худ ба пинҳонкорӣ гузаштанд.

12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон. Кайҳоннаварди шӯравӣ Ю.Гагарин дар киштии кайҳонии «Восток» ба фазо баромада, Заминро давр зада, поин омад.

12.04.1984.Дар мактабҳои миёнаи СССР маълумоти миёнаи 11-сола ҷорӣ карда шуд.

13.04.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Бавария. Дар ин рӯз коммунистони олмонӣ шӯриши зиддиинқилобиро дар Мюнхен пахш карда, Ҷумҳурии Шӯравии Баварияро созмон доданд.

13.04.1941. СССР бо Япония Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид.

14.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КМИ парчами сурх, парчами давлатии Ҳукумати Шӯравӣ эълон карда шуд. 

14.04.1978.Дар ш.Тбилисӣ-пойтахти РСС Гурҷистон намоиши оммавии мардумӣ доир шуд.

Чоршанбе, Апр 13 2022


4.04.1917.Сафири Олмон дар Шветсария нақшаи убури роҳбарони инқилобиёни русро, ки дар муҳоҷират қарор доштанд, дарёфт кард. Тибқи нақша, В.Ленин ва чанде дигар аз роҳбарони ҳизби сотсиал-демократ ба Петроград интиқол дода шуданд.

4.04.1917.Баъди бозгашт ба Петроград В.Ленин тезисҳои маъруфи апрелии худро навишт. Тибқи «Тезисҳои апрелӣ» ҳизби болшевик мебоист аз марҳалаи аввали инқилоб ба марҳалаи дуввум-инқилоби сотсиалистӣ мегузашт.

4.04.1949.ИМА ва иттифоқчиёни наздиктаринаш барои муқобила бо СССР Иттиҳоди ҳарбии атлантикаи шимоли (НАТО)-ро таъсис доданд.

4.04.1953.Ҳукумати шӯравӣ ба намояндагони Шветсия, ки мебоист ба Маскав меомаданд ва ба Александр Солженитсин ҷоизаи Нобелиро дар бахши адабиёт тақдим мекарданд, виза надод.

5.04.1937. Дар СССР Николай Ежов сарвари НКВД таъйин гардид.

5.04.1942. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дастуруламали нави худро имзо кард, ки тибқи он мақсади асосии ҳуҷуми тобистонии артиши олмонӣ нафти Қафқоз муайян шуд.

5.04.1951.Суди олии ИМА ба Ҷулиус ва Этел Розенберг барои ҷосусӣ ба нафъи СССР ҳукми қатл баровард. Ин зану шавҳар ба он айбдор шуданд, ки махфитарин асноди атомии ИМАро дар ихтиёри тарафи шӯравӣ қарор доданд.

5.04.1980.СССР ва Афғонистон миёни ҳам созишномаеро оид ба будубоши нерӯҳои ҳарбии шӯравӣ дар Кобул ба имзо расониданд. Тибқи созишнома  сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон ҳузури расмӣ пайдо карданд.

6.04.1941.Нерӯҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ба Югославия ва Юнон дарафтоданд. Юнон ва Югославияро мебоист нерӯҳои итолиёӣ тасхир мекарданд, лек сарбозони Муссолинӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуданд ва Гитлер маҷбур шуд ба ёрии иттифоқчиаш шитобад. Амалиёти Югославия нақшаи ҳуҷум ба СССРро ба таъхир андохт ва ба ақидаи бархе маҳз ин сабаби аслии нокомии блитскриги немисҳо дар СССР гашт.

саҳ 10 аз 60

Китобҳо

Flag Counter