ХАБАРИ ДОҒ

Коргари оддии бетакягоҳ…

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Ман, ки фарзанди коргари оддӣ будам, одами коргарро аз кӯдакӣ ҳурмат мекунам, зеро бо нони ҳалоли меҳнат ба воя расидаам. Имрӯз чунин вазъ шудааст, ки коргари оддӣ ҳаққи худашро талаб карда наметавонад, агар чизе гӯяд, даррав коғази сафеду қалам медиҳанду бо таъкид мегӯянд, ки рав аризаатро навис. Ин тарс дар тамоми минтақаи Тоҷикистон ҳаст ва вуҷуд дорад. Аз маоши 1 коргари оддӣ ҳар моҳ 13 % боҷу хироҷ, 1% фонди нафақа, 1% ба иттифоқи касаба, дар умум 15% меситонанд. Вале ҳуқуқи коргари оддиро касе, ҳатто ҳамон иттифоқи касаба дифоъ намекунад. 

Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ, иттифоқҳои касабаҳои вазоратҳо, иттифоқи касабаи вилояту шаҳру ноҳияҳо бо чӣ кор машғуланд? Чаро онҳо аз ҳифзи ҳуқуқи коргари оддӣ сар мепечанд? Ҳамин 1 % аз маоши ҳаққу ҳалоли коргари оддӣ, ки гирифтӣ, пас бояд пуштибони ӯ бошӣ, ё не? Коргари оддӣ на имконияти дастрасӣ ба роҳхати осоишгоҳро дорад, на мукофоти пулӣ ва на сипоснома дар вақти ба нафақа баромаданаш. Алалхусус, фаъолияти иттифоқҳои касабаи вазоратҳо дар ин маврид меланганду наметавонанд аз коргарони оддӣ дуруст дифоъ кунанд. Коргари оддӣ имрӯз такягоҳ надорад ва бояд худ барои ояндаи некаш заҳмату талош варзад, дигар чорае нест…

Алихон Шарифов, 

Хабарнигори мардумии СССР дар водии Кӯлоб,

тел: 98 101 91 06

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter