ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Неъматзода посух намегӯяд?

  • Чоршанбе, Май 05 2021

Салом ба СССР-и азиз! Моҳҳои ахир масъалаи ҳифзи ҳуқуқи коргарону меҳнаткашони оддӣ дар кишвар борҳо мавриди таваҷҷӯҳи хонандагони газетаи маҳбуб ва мухбирони он гашт. Воқеан ҳам дар аксари вазорату кумитаву идораҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқи коргари оддӣ пайваста нақз мегардад, вале ба ҷуз Хадамоти танзим дар соҳаи меҳнат дигар идорае нест, ки аз ҳуқуқи коргарон дифоъ кунад. Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо чӣ кор машғуланд? Чаро Маликшоҳ Неъматзода, раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба матлабҳои нашршуда, хосса дар газетаи мазкур посух намегӯяду вокуниш намекунад? Иттифоқи касабаи Тоҷикистон дар 1 соли ахир аз ҳуқуқи чанд нафар коргар ҳимоя кардаву ӯро дубора ба кораш баргардонида аст? Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, ки коргари оддиро ҳимоя накунад, пас кӣ бояд ҳимоя кунад?

Гулафзо Бобобекова, ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter