ХАБАРИ ДОҒ

Судшудаҳо инсон нестанд?

  • Чоршанбе, Нояб 03 2021

Бо дуруд ба СССР-и гиромӣ! Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат авф эълон шуду тибқи он 16 ҳазор нафар аз маҳбас беруну парвандаи ҷиноияшон қатъ ва гуноҳҳояшон бахшида шуд. Беҳтарин амали башардӯстона!

Авфу озодӣ беҳтарин неъмат аст, вале мутаассифона пайомадҳои он хушбинкунанда нест. Аввал ин ки одам беиқбол нашаваду ба маҳбас науфтад. Айбдоршаванда гумонбаршаванда ва билохира маҳкумшуда мегардаду паси панҷара меравад. Адои ҷазояшро мегираду пок шуда, аз маҳбас мебарояд, вале новобаста аз пок шудани гуноҳаш, ҷомеа ӯро хуб қабул намекунад, зеро доғи судияш то охири умр мемонад!

Имрӯз вазъи амнистияшудаҳо чист? Оё медонед? Дар тамоми идораву сохтору муассисаву ҳатто хурдтарин идораи зерсохтор одамонеро ба кор қабул мекунанд, ки доғи судӣ надошта бошанд. Пешниҳод 1 тост: рав ва справкаи доғӣ судӣ надоштанатро биор! Судшудаҳо дигар инсон нестанд?

Масалан ин 16 ҳазор авшуда доғи судӣ доранд ва ҳоло ба озодӣ набаромада, аллакай бекоранд!? Амсоли дар авфҳои қаблӣ озодшудаҳо, ки дар умум шумораашон шояд ба 100 ҳазор нафар бирасад. Инҳо куҷо раванд? Дубора ба маҳбас? Ё ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд? Ба фикри ман ҳамин “Справкаи Доғи Судӣ” бояд комилан бардошта шавад! Мо Метавонем!!!

Алихон Шарипов,

хабарнигори мардумии СССР дар водии Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter