Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад, ки мақолаи «Ҳамадонӣ: 31 сол аст об надорем…» дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ маврди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи КДФ «Обдеҳот»-и ноҳия дар Ҷамоати мазкур корҳои муайян анҷом дода шудааст. Дар ҳақиқат, бинобар сабаби фарсуда будани қубурҳои обгузар дар қисмате аз деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Панҷоб танқисии оби нӯшокӣ ба назар мерасид. Масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар давоми солҳои 2020-2022 дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 6 пойгоҳҳои обтаъминкунӣ аз ҳисоби барномаҳо сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар худи деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб аз ҳисоби маблағҳои фонди хайриявии «Тоҷикистон» ба маблағи 369 ҳазор сомонӣ барои 140 хоҷагӣ манораи обтаъминкунӣ ва дар деҳаи Сайроб -3 бошад, зиёда аз 230 метр қубури обгузари ғунҷоишаш 100 бо маблағи 18000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ иваз карда шуда, рӯз то рӯз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар ҷамоати мазкур рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ минбаъд низ, ҷиҳати ҳалли масъалаи болозикр тамоми чораҳоро меандешад.
Нурулло Мирзозода, раиси ноҳия