Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мақолаи «Рамазон омаду инсоф рафт...»-ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 30.03.2023, 2023, №12 (757) ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Мониторинги дар моҳи апрел гузаронидашуда нишон медиҳад, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ, аз қабили орд, шакар, равғани растанӣ, гӯшт, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз, ғалладонагиҳо ва дигар ғизоҳои зарурӣ ба қадри кофӣ захира ва ба фӯруш гузошта шуда, камчинии молу маҳсулоти озуқаворӣ ба мушоҳида намерасад.
Нархи миёнаи фурӯши яклухт ва чаканаи 1 халта (50 кг) орди навъи якум аз 250,0 то 260,0 сомонӣ, орди навъи дуюм аз 230,0 то 240,0 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов аз 65,0 то 68,0 сомонӣ, 1 кг гӯшти гусфанд аз 70,0 то 75,0 сомонӣ, 1 кг макарони маҳаллӣ 11-12,0 сомонӣ, 1 кг биринҷи маҳаллию воридотӣ аз 13 то 22,0 сомонӣ, 1 кг картошка аз 5,0 то 5,50 сомонӣ, 1 кг сабзӣ аз 4,50 то 5,0 сомонӣ, 1 кг бехпиёз аз 5,0 то 9,0 сомонӣ, 1 кг равгани пахтай маҳаллӣ аз 18,0 то 20,0 сомонӣ, 1 кг равгани офтобпарасти маҳаллию воридотй аз 20,0 то 23,0 сомонӣ, 1 дона тухми мург аз 1,40 то 1,70 сомонй ва 1 кг шакар аз 10,0 то 11,0 сомониро ташкил дода, нисбати моҳҳои гузашта қисман пастшавии нархҳои орд, равғани растанӣ ва бехпиёз мушоҳида гардид.
Аз ҷумла, дар даҳаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ нархи миёнаи фурӯши яклухт ва чаканаи як халта (50 кг) орди навъҳои якум ва дуюм 240,0-260,0 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба моҳи январ 20- 25,0 сомонӣ (7-9,4%), нархи 1 кг бехпиёзи ҳосили нав 4,5-5,0 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба моҳи январ 4-5,0 сомонӣ (50%), ҳамчунин нархи 1 кг равгани растанӣ 18,0-21,0 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба моҳи март 2,50-3,0 сомонӣ (11-13%), коҳиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки омилҳои асосии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи воридотӣ ба коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолоти ҷаҳонӣ бинобар таъсири иқлими номусоид, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозори ҷаҳонӣ бинобар вазъи ноороми сиёсӣ дар қисмати шарқии Аврупо, баланд шудани боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти содиротӣ, афзоиши нархи ҷаҳонии нафту маводи сӯзишворӣ ва тағйирёбии арзиши қурби асъори хориҷӣ нисбати пули милии сомонӣ вобастагӣ дорад.
Ф.Юсуфзода,
сардори Раёсат