ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар назди ҷамоати шаҳраки 30-солагии «Истиқлолият»-и ноҳияи Файзобод, дар майдони 0,40 гектар боғ бунёд кардем, ки соле аз дарахтони он 3-4 тонна ҳосили себу нок, гелосу зардолу ҷамъоварӣ карда, дастархони аҳолиро ғанӣ мегардондем. Дар майдони 0,40 гектар 51 адад ниҳолҳои себу нок, гелосу зардолу парвариш мёфтанд. Вале тирамоҳи соли 2022 аз Мақомоти иҷроияи ҳокимяти маҳал намоянда омада, масоҳати боғро чен карда, хулоса бароварданд, ки замини боғ барои хадамоти оташнишонӣ дар ноҳия мувофиқ мебошад. Иҷозати сохтмони бинои оташнишониро ҳам доданд. Тамоми ниҳолҳои мевадиҳандаро чуноне, ки пештар қайд кардем, 4 тонна мева медод, пурра решакан карданд. Аммо то ба имрӯз замини аз ниҳол холӣ шудаи боғ бекор хобидааст. Магар ин беадолативу ҷабр бар ниҳолҳои ҳайф шуда нест?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter