ХАБАРИ ДОҒ

Бозорро кӣ назорат мекунад?

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 

Имсол дар ватани азизамон Тоҷикистон 2 ид пайиҳам омад, “Ваҳдати  Миллӣ” ва

“Иди   Қурбон “. Зимнан, хостам пеш аз ид ба бозор рафта, барои оро додани дарстурхони идона хариде кунам. Маошам, ки ба кортам гузашта буд, давида рафта, бо шавқи баланд харидро аз нон сар карда, нархашро пурсам, 3 сомонӣ, биринҷ бошад 18 сомонӣ ва сабзие, ки 1 ҳафта пеш 3 сомонӣ  харидам, дар арафаи рӯзи идайн 6 сомонӣ арзиш дорад!

   Ман ҳайронам, ки чаро мо худамонро мусулмон меҳисобему дар рӯзи ид нархи маҳсулоти ниёзи мардумро қимат намуда, савобро паси сар мепартоем? Ҳатто нархи гӯсфанде, ки баройи қурбонӣ харидорӣ мекунӣ, агар 1 ҳафта пеш 2000 сомонӣ будӣ, имрӯз ба 3000 сомонӣ расиддааст!!! Магар ҳамин аст мусулмонии мо, ки дидаву дониста аз фурсати муносиб истифода намуда, бо ҷойи он, ки нархро кам кунем, баръакс 2  маротиба қимат мекунем? Ман ҳайронам , ки русҳо дар рӯзҳои ид маҳсулотро арзон мекунанду мо бошем қимат, пас фарқи мову русҳо дар чист? Дар виждондорӣ! Русҳо аз мо дида мусалмонтаранд, ки виждон доранд!

Нархи орд, дар арафаи ид ба 300 сомонӣ ва қимати нон 3 сомонӣ буд. Имрӯз, баъди ид бошад, орд 190-200 сомониву нон 2-2.5 сомонӣ! Ин масхарабозиро шаҳодат медиҳад ва ё ин ки беназоратиро???

  Бояд идораи Тоҷикматлубот ва Тоҷикстандарт аз арзиши тамоми маҳсулоти бозорҳои кишварамон назорат баранду тартиботро ҷорӣ кунанд, чун онҳо вазифадоранду дар сари курсӣ нишаста, маош мегиранд!!

   Мо боварӣ дорем, ки масъулин сари ин масъала чораҷӯйи карда, аз пайи ҳалли он мешаванд!

     Эҳром Раҷабов 

    Шаҳри Истаравшан

Тел:92 623 51 49 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter