ХАБАРИ ДОҒ

Қалъаи Ҳисор: камбудиҳо бартараф шуданд!

  • Панҷшанбе, Май 26 2016

Дар шумораи гузаштаи Газетаи СССР мо мушоҳидаи мухбирамонро аз мавзеи фарҳангии Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор рӯи нашр оварда будем.

Пас аз чопи рӯзнома директори мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор Зикрулло Ҷобиров бо идораи СССР дар тамос шуда, мухбири моро бори дигар ба тамошои мавзеъ  даъват намуд. Даъвати Зикрулло Ҷобировро қабул намуда, рӯзи 15.05.2016 боз ба сӯи Қалъаи Ҳисор роҳ гирифтем. Ва чӣ дидем? Майдони қалъа тозаву озода, фарошон дар ҳар 1 кунуҷу канори майдон ба кори худ машғул. Ин маротиб мавзеъ воқеан ҳам тозаву озода ба назар расида, 1 теъдоди мардон теппаҳоро аз хору алаф тоза мекарданд. Ҷӯйборҳо аз хасу хошоку партов тоза шуда, аз ҷониби роҳбарияти мамнӯъгоҳ аллакай 40 адад қуттиҳои партовпарто харидорӣ ва  пас аз рангу бор гузошта мешаванд. О мана мешудаст-ку?!

- Мушкили асосии мо он аст, ки мавзеи таърихӣ, ки дар ҷамъ ҳудудаш аз 22 гектар иборат аст, аз 5 тараф кушода аст ва новобаста аз назорати кормандони мо мардуми маҳаллӣ кай хоҳанд медароянду кай хоҳанд мебароянд. Илоҷи ягонаи пешгирӣ кардани ин рафтуомад ва бенизомие, ки аз тарафи мардуми маҳаллӣ сар мезанад ин пурра маҳкам кардани ҳудуди Қалъаи Ҳисор мебошад ва ин корро ба таври оҷилӣ кардан лозим аст, таъкид кард Зикрулло Ҷобиров зимни сӯҳбат бо мухбири мо.

Чуноне ки директории мавзеи таърихӣ қайд менамояд, барои пурра маҳкам кардани ин мавзеъ маблағи калон лозим аст ва вазорату мақомотҳои лозима бояд сари ин мушкил фикр намоянд. Ба ғайр аз ин 5 нафар фаррош низ аз ӯҳдаи назорати ин ҳудуди калон намебароянд. Барои мубориза бо савдои кӯчагӣ бошад ҳамкории нозири минтақавии милитсия зарур аст, аммо мо, ки маротибаи дуюм ба қалъа меоем, ягон нозири милитсияро надидем…

Аспҳо, арғунчакҳо ва дигар ашёҳои саргармӣ, хусусан кӯдаконаро низ маъмурияти қалъа бо хоҳиши меҳмонон ташкил карда, ба гӯшаҳо ҷудо намудааст. Ҳар масъули ин дилхушиҳо бояд ҳудуди ба худ вобастаро ҳар 1 соат тоза карда истад ва ҳамин тавр ҳам хаст. Оби ҳавзро низ ҳафтае 1 маротиба нав мекунанд, лек об, ки ҷойи оббаро надорад, дар муддати 2 рӯз рангу намуди хешро гум мекунад, инҷо дахолати меъморон лозим аст.

- Муттаассифона, мардуми мо то ҳол одоби сайругашт дар ҷойҳои маданӣ ва таърихиро ёд нагирифтааст. Ҳамарӯза шоҳиди онам, ки чӣ гуна зану мардҳои калонсол дар харакҳо нишаста, офтобпараст хӯрда, пӯчоқашро ба замин мепартоянд, ҳоло он, ки дар паҳлӯи харак қуттии партов ҳаст. Чӣ бояд кард, вақте калонсолон ифлоскорӣ мекунанд? – меафзояд Зикрулло Ҷобиров.

Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор имсол 34 сола мешавад. Он дар худ 14 ҳазор экспонатро маҳфуз дошта, ки зиёда аз 3 ҳазори он нодир ба ҳисоб мераванд. Тамоми ҳуҷраҳои осорхона ва саҳну қалъа бо таҷҳизоти видеоӣ насб шуда, экспонатҳо дар витринаҳои стандартӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми он навовариҳое, ки дар арафаи 3000 солагии Ҳисор дар қалъа қомат афрохтанд, лоиҳаҳои Зикрулло Ҷобиров мебошанд ва ҳоло ӯ ният дорад қасри ҳокимро, ки дар баландии теппа буд, бунёд намояд. Ягона орзуи Зикрулло Ҷобиров имрӯз ин ба даст гирифтани шаҳодатномаи ЮНЕСКО дар бораи ба феҳрасти ҷаҳонии фарҳангӣ ворид шудани мамнуъгоҳи таърихии Қалаи Ҳисор мебошад ва умед аст, ки дар ояндаи наздик ин шаҳодатнома ба дасти ишон хоҳад расид. Вале ба шарте, ки бе танқиди СССР низ пайваста дар фикри ободиву поккории мамнуъгоҳ буда бошанд. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, 

СССР аз Қалъаи Ҳисор

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter