Дар аксарияти кулли конкурсҳои даврони шӯравӣ маҳз дастпонаву гарданбанду гӯшвору ангуштаринҳои Марямбиро мебурданд. Борҳо дар конкурсҳои байналхалқӣ дастболо шудааст. Имрӯз, ба масале давлати пирӣ меронад. Бо писари маъюбаш дар кулбаи фақиронааш, ки меросист, ба сар мебарад (ниг.ба акси 1). Дигар товони заргарӣ надорад. Зеро ба гуфтаи худаш «нури чашм кам шудааст», А, заргарӣ биниши уқобвор металабад.
Ленинпараст
Вале ин матлаб ба заргарии ӯ дахл надорад. Марямбии Заргар то ҳанӯз Ленинро мепарастад. Ӯ мегӯяд, «ҳар рӯз, 5 вақт, сари ҷойнамоз, ба арвоҳи Ленин дуову дуруд мефиристам! Бурда парронанд ҳам ман Ленинро дӯст медорам!!!» .
Муҳаббати Ленин дар қалби Марямбӣ аз наврасӣ ҷо дошт. Вале ба гуфтаи худаш, чун имрӯз саф-саф сағерону ятимонро мебинаду гадову талбандаҳоро, зиндагонии сангини мардумро...дубора меҳраш ба Ленин меафзояд!
Суруди дустдоштааш ин шабу рӯз ҳамин шеъри Сайидалӣ Вализода аст:
Дар шашяки рӯи замин,
Бар давлати мо офарин.
Кард мулки моро нозанин,
Ленин, бародар, раҳнамо!!!
Ленин ба мо дилдор шуд,
Бар камбағалҳо ёр шуд.
Золим ҳама ҷо хор шуд,
Ленин, бародар, раҳнамо!
Марямбӣ қоил аст, ки ҳукумати марказӣ дар Тоҷикистон имрӯз дасти заъифонро мегираду сари ятимонро силла мезанад. Вале ба гуфтаи ӯ ин ҳама меҳри сарварону раҳбарони кунунӣ аз ҳамон давлати сағерапарвари советӣ маншаъ мегирад, ки худ парвардаи он давронанд.
Ленин ва намоз
-Ҳар рӯз, 5 вақт, сари ҷойнамоз, ба арвоҳи Ленин дуову дуруду салавот мефиристам! Ҳолӣ наврӯйидҳо мегӯянд, Ленин бе худо буд, давлати бе худо буд СССР. Куҷояш бе худо буд? Намозхон намоз мехонду масҷидрав масҷид мерафт. Мусалмонӣ он замон буд. На касе террорист буду на касе экстремист. Имрӯз ҷаҳонро бинед, куҷо давлати исломист, қатлу куштору ғорат аст. Магар инҳо мусалмонанду Ленин не? Ленин аз ҳамаи инҳо мусалмонтар аст, зеро виждон дошт, эмон дошт, мардумро баробар нон медод...
Бо ин иддао Марямбии Заргар ҳамарӯза ба арвоҳи Ленин сари ҷойнамозаш дуо мефиристад ва аз Худо талаб мекунад, Ленинро озими биҳишти барин кунад (ниг ба акси 2).
Сахои Марямбӣ
Зиндагонии сахту тоқатфарсо дорад, ин кампир. Ба 1 дид метавон чунин андеша бардошт. Деворҳои валангори хонае, ки даҳсолаҳо тармимро надидаанд ва 1 мошини фарсудаи Москвич, ки солҳо начархидааст (ниг ба акси 3), боигарии ин хонадон аст. Вале дасти сахое, ки кампири Марям дорад, ягон кас надорад!!!
Дилхоҳ нафаре, ки меҳмони ин пиразан мешавад, ҳатман бо дастовезе берун мебарояд. Мо низ истисно набудем. Марямбӣ аз куҷое 1 дона атри хушбӯе ба ман тақдим карду ваъда дод, ки «ангуштарии мардонае ёфта мемонам, то биоиву бигирӣ». Арӯсони кӯлобӣ қабл аз издивоҷ дуои ин пирро тавъам бо маҳсулоти нуқракӯбаш мегиранд. Рӯзе ман меҳмонаш будам, шоҳиди ин ҳолат шудам, ки арӯсе барои заргарӣ омаду кампирак хиҷолат кашид, ки чизе надорад, зеро солҳост кор намекунад. Вале ба чашмони маҳзуни арӯсак дида дӯхта, зуд давида аз кунҷи сандуқаш гӯшвори қадимаи нуқра бароварда, бо дастони худ ба гӯши духтарак заду рӯймоли атиқае бар сараш баст (ниг. ба акси 4) ва дуош дод, то хушбахт шавад...Ва ягон дирам аз арӯс нагирифт, ҳол он ки ман дар табақу дегаш медидам, ки гӯшт ба ин дастурхон ками дар кам меҳмон мешудааст!!!
Чунин саховатро танҳо Бонуи Тоҷик дорад, ки пешаш сари таъзим бояд фуруд овард ва ҳам мо меоварем сарҳоро фуруд. Зеро Мо метавонем!
М.Мубориз, СССР