Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат буда, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилии халқи тоҷик мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз нооромии солҳои 90-уми асри гузашта истифода бурда, оташи ҷангро барафрӯхтанду ба сари мардуми бегуноҳ харобию кӯлфати зиёдро оварданд. Дар натиҷаи чунин кашмакашию нобасомониҳои он даврон мардуми тоҷик ба давлатҳои ҳамсоя фирорӣ шуда, бисёриҳо ҷони азизи хешро аз даст доданд. Танҳо соли 1993 теъдоди фирориён ба давлати ҳамсояи Афғо-нистон 900 ҳазор нафарро ташкил медод. Роҳи ягонаи наҷот аз вартаи ҳалокат ин роҳи муросову созиш, ба ҳам омадани гурӯҳҳои мухолифини сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани фазои сулҳу ваҳдат буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ба нахустсавганди ёднамудааш: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам, барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…» содиқ монд. Таҳти сарварию ҷасорати Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳо ба бахти мардуми кишвар баҳри наҷоти миллат камари ҳиммат баст, ба чунин рӯзҳои нек расидем.
Хираду заковат ва таҳаммулу бурдбории азалии миллат ғолиб омад. Ҳамин хираду заковати азалӣ ва талошу ҷонсупориҳои фарзанди хирадманди миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27.06.1997 дар шаҳри Москва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ пояҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкаму устувор гардида, мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар ҳосил намуданд. Дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки «Барномаи дурнамои тараққиёти иқтисодӣ»-ро амалӣ созад. Бояд зикр намуд, ки тайи 19 соли пойдории Ваҳдати миллӣ дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, сохтмони хати нави роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қайроқурум, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Ҷиргатол-Сари Тош, роҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак, нақби мошингарди «Истиқлол», нақбҳои мошин-гарди «Шаҳристон», «Шаршар» нерӯгоҳи барқию обии «Помир-1» нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», силсилаи нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар дарёи «Зарафшон» ба он далолат мекунад, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистони азиз ба яке аз кишварҳои пуриқтидору мутараққии олам табдил хоҳад ёфт. Пойдории Ваҳдати миллӣ, яке аз омилҳои асосӣ пешрафти соҳаи судӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими волоияти қонун дар ҷомеаи навин заминаи асосӣ мегузорад. Хушбахтона имрӯзҳо дар ҳамаи зинаҳои судӣ волоияти қонун риоя гашта боварии мардум рӯз аз рӯз ба мақомоти судӣ зиёд мегардад. Дарки масъулияти шаҳрвандӣ нисбати қонуни тақдирсоз яъне, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии тоҷикистон, аз барқарории ваҳдати саросарии кишвар дарак медиҳад. Барномаи истиқрори ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, барои тамоми давлатҳои рӯи замин намунаи ибрат ва дастуруламали омӯзишӣ ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо тавассути созмонҳои ҷавони дар аксари кишварҳои ҷангзада истифода бурда мешавад.
Бобохонзода Асомуддин
муовини раиси судӣ ш. Душанбе