«Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бозӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!
Калимаҳои ҳамқофия: дод, озод, шод.
Радиф: бизӣ.
Луғат:
Дода: он чи Худованд насиби касе кардааст, насиба, тақдир.
Такаллуф: саъю кӯшиши зиёд, заҳмат, мурооти барзиёд ва сохта.
Беҳ зи худе: оне, ки аз ту беҳтару хуштар зиндагӣ дорад.
Маънии рубоӣ:
Бо он чи Худованд ба ту насиба додааст, қаноат намову росту дуруст зиндагӣ кун. Ба ҳеҷ ваҷҳ пойбанди мурооти сохта машаву озод умр гузарон. Ғусса махӯр, ранҷ мабар, ки каси дигар аз ту зиндагии хуштаре дорад, ба касоне назар кун, ки зиндагияшон аз ту пасттар аст ва шод бош, ки зиндагии хубтар аз дигаре дорӣ».