ХАБАРИ ДОҒ

Дар боби фурӯмоягону пастфитратон, бадасл ва разилон

  • Панҷшанбе, Сен 15 2016

Матни зерин на ҷавоб ба мавқеъи мустаҳками шаҳрванд Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзнома дар мақолаи «ТОҶИКТАРУ МУСАЛМОНТАР»-и сомонаи www.cccp.tj аз 8 сентябри соли 2016 буда, балки тақвият ба сухани эшон мебошад. Ростӣ, ибораи: «Имрӯз мулло-пешво-имомҳои мо бонги арабӣ мезананд ва пой тори фарқи сари Миллат мегузоранд ва мутаассуф, мо-Тоҷикон ин ҳамаро на танҳо таҳмил мекунем, ки мусоидат дорем, то миллати моро таҳқир кунанд, хор кунанд, дашном диҳанд.»-ро дар таърихи хабарнигории Тоҷик нахуст мебинам. Чунин сухани ростро танҳо далери хабарнигор метавон гуфт, на дигаре, ки хизматгорӣ дорад, на хабарнигорӣ.  

 

Ҳини хондани китоби «Таърихи Табаристон» аз мукотибаи ҳаким Арастуи бузург бо Искандари ғосиб фахрам омад, ки мазмуни порчаи мухтасари пажуҳиши илмии хешро бароятон пешкаш месозам. Хонанда ба чунин ибораҳои: «…бо ҳила сари Доро баргирифтанд ва пеши Искандар оварданд ва… Касоне, ки шоҳаншоҳи Эронро кушта буданд, ба дор биовезанд. Чунон ки одати сиёсати румиён аст ва тирро бурёк созанд.» аҳамият дидеҳ, ки сари қаҳрамон Спантанамо-Спитамен низ аз тарафи падарарӯсаш Оробаи суғдӣ бурида, бо дастони духтараш Зараи зани Спитамен пеши душман оварда шуда буд: «- Александр сар ба зер афканда, сокит шуд. Ӯ фикр мекард, ки акнун ҳамаи умедаш барбод рафт. Ҳатто баъди ин дунёро то охир забт карда гирад ҳам шуҳрати набард бо Спантамано ва мағлуб кардани ӯро намеёбад. Ҳатто агар дар задухӯрд бо Спитаман кушта мешуд, шуҳрати бештар аз ин ба даст меовард, аммо ҳамаашро ин зани хиёнаткор барбод дод. Ду соли дароз бабрро пешандоз таъқиб карда, билохира ба тангно оварду аз шуҳрати қариб ба дастомада маҳрум шуд.», А. Иброҳим, «Хиёнат». 

Суоли матраҳ ба хонанда, ки ин хиёнату фурӯмоягӣ аз ниёгон ба мо расида, ё аз куҷо? 

Порчае аз рисола «Дар боби фурӯмоягону 

пастфитратон, бадасл ва разилон»-и 

Шамсиддини Муқим, Москва, с. 2008.  

Искандар, вақте ки Эронро мегирифт, бузургони Эронзаминро дучори ваҳшат мекард. Ӯ дар нома ба Арасту менависад (ин ахборро Абдулло Ибни Муқаффаъ ба мо ёдгор гузошта, ки ҳикматаш барои мо хеле муҳим аст), ки чӣ кунам бо инҳо, (шоҳону бузургони форсро дар назар дорад) ман мехоҳам сар бизанам инҳоро. Китобе, ки ин ҳодиса дар он дарҷ шуда, «Таърихи Табаристон» таълифи Баҳовуддин Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Исфандиёр мебошад, ки соли 631 ҳиҷрӣ (631+622=1253-и мелодӣ) як сол пеш аз ҳамлаи муғул (шояд ҳамла ба шимоли Эрон бошад) тартиб кардаанд. Аз ин адиби араб дар бораи Табаристони Мозандарон, минтақаи шимоли Эрон ва бахшҳои дигари таърихӣ ба мо ёдгор мондааст. Эшон яке аз болиғтарин нависандагони араб аст, ки таърихи арабро ҳеҷ кас мисли Абдулло Ибни Муқаффаъ нанавиштӣ. Ҷонашро рӯйи меҳри Эронзамин гузошта буд. Таърихи эрониёнро ба арабӣ тарҷума мекард. Аз машҳуртарини шуҳубиён аст. Ӯ гузориш кардааст, ки: «Чун Искандар аз ноҳияти Мағриб ба диёри Рум хурӯш кард, чунончӣ шуҳрати он аз тасхир (ба даст даровардан, фармонбардор кардан) мустағнист (ғайри мӯҳтоҷ, бениёз) ва Қибту Барбару Иброниён мусаххарун (мағлуб карда) шуданд, аз он ҷо лашкар ба Пор кашид ва бо Доро масоф (масаф-ҷойи саф кашидан, қатор) дод, (ин Доро ҳамон Дорои III аст) ҷанг кард. Ҷамъе аз хавос (яъне хоса, одамони баландмартаба) Дороро талъйид  карданд ва ба таборият ва бо ҳила сари Доро баргирифтанд ва пеши Искандар оварданд ва бифармуд, то он ҷамоъатро бар дор таълиқ (чизеро ба чизе овехтан, банд кардан) кунанд. Касоне, ки шоҳаншоҳи Эронро кушта буданд, ба дор биовезанд. Чунон ки одати сиёсати румиён аст ва тирро бурёк созанд.  Касоне, ки хиёнат кардаанд ба подшоҳ ва ӯро куштаанд ва сараш пеши ман овардаанд, ба дор бикашед. Бадани онҳоро низ ҳадафи тирандози бурёк (ин бурёк дар «Шоҳнома» низ чанд бор такрор шудааст) намоед, хиёнат кардаанд ва подшоҳи бузургро куштанд ва гуноҳе карданд. Сазойи касе, ки бар қасди шоҳон далерӣ кунад, чунин аст».  

Муғулҳо ҳам ба бузургон эҳтиром мегузоштанд. Хуни бузургонро намерехтанд, балки шоҳзода ва шоҳеро мавриди харҷ қарор мекарданд, дар намад мепечонданд ва гарданашро мешикастанд ва бо бегонагон ҳам ҳамин корро мекарданд. Шоҳонро мегирифтанд мисли халифаи Бағдод ҳамин корро карданд. Рехтани хуни подшоҳонро ба замин хуб намедонистанд. Искандар ҳам гуфтааст, ки инҳоро (кушандагони шоҳу шоҳзодагонро) ба дор бикашед ва одати румиён чунин будааст.

Ибни Муқаффаъ: «Чун мулки Эрон чарх гирифт, ҷумлаи абноки (ин ҷо ба маънои ҳукмронон, зимомдорон ва мансабдорони давлат омадааст) мулук ва боқиёни бузургон ва саъодот ва ашроф ҷамъ шуданд ва ӯ аз шукӯҳу шаҳомати ҷамъияти эшон андеша кард, (яъне тарсид). Нигоҳ кард, андеша кард. Бузургони Эрон дид, боз андеша кард ва ба устоди хеш Аристотолис нома бинвишт ва ба тавфиқи изза (иззат, эҳтиром) ва аъло (болотар, баландтар) ҳоли мо то ба ин ҷо расид ва ман мехоҳам ба Ҳинду Чин машорики Замин шавам. Андеша мекунам, ки агар бузургони Порсро зинда гузорам дар ғайбати ман аз эшон фитнаҳо таваллуд кунанд, ки тадоруки он асар шавад ва бар ӯ молидае рӯзе валояди мо кунанд.  Раъй он мебинам, ки ҷумларо ҳалок кунам ва бе андеша ин азиматро ба имзо расонам». 

Аристотолис ин фаслро ҷавоб навишт, ки ибороти арабии Ибни Муқаффаъ дар китоб омада, ки: «…Ас-суфлатун илал мағози ория фансалибан ҳозиб раъй…». Маънояш чунин буда, ки: «Ба дурустӣ, ки дар олам ба ойине махсусанд ба фазилате, ба ҳунаре ва шарафе, ки аҳли дигари аҳолӣ бебаҳраанд, яъне мардуми ҳар кишвар доройи ҳар ҳунаре ҳастанд, ки дагарон надоранд ва аҳли порс муъмайизанд ба шуҷоъат ва далерӣ ва фарҳанги рӯзи ҷанг, ки муъазимтар рукне аз асбоби ҷаҳондорӣ ва олоти комгорӣ. Агар ту эшонро ҳалок кунӣ, бузургтар рукне аз аркони фазилат бардошта бошӣ ва чун бузургони эшон аз пешбар хезанд, ломаҳоли ҳоҷатманд шавӣ, ки фурӯмоягонро бад-ин манозилу маротиби бузург бирасонӣ (дар хатти форсӣ бойирасонӣ, яъне бояд расонӣ). Оғо, агар ту эшонро куштӣ, бузургони (элит)-и ҷомеъаро авбошонро биёрӣ, гузорӣ ҷойи бузургон ва ҳақиқат бидон, ки дар олам ҳеҷ шаррею баде балову фитнае ва вабоеро он асари фисод нест, ки фурӯмоя ба мартабаи бузургон расонд. Зинҳор инони ҳиммат аз ин азимат масруф гардонид ва забони тӯҳматро, ки аз тамоми ҷонситон муассир ва муълимтар аст, аз камоли арзи хеш мунқатеъ ва мақтӯъ гардонад, то барои фароғи хотири панҷрӯзайи ҳаёт ба тахфин набаранд. Ҳақиқати яқин шариъат ва дини некӯном мансух (нест кардашуда, барҳам дода, бекор, ё аз эътибор соқит кардашуда) нашавад»  ва ҳаким Аристотолиси бузарг як рубоӣ низ дар поёни нома оварда, ки: 

Гар умри ту бошад ба ҷаҳон то сесад,

Афсона шумор зистани бе мард ҳадд.

Боре чу фасона машавӣ эй бихрад,

Фарзанди нек шаву на афсонаи бад.

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси 

«СССР» дар Россия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter