ХАБАРИ ДОҒ

Эҳдо дар зодрӯзи марди ватандӯст, ЭМОМАЛИИ РАҲМОН

  • Чоршанбе, Окт 05 2016

 

Дар зери бори заҳмат сахтустухон расидӣ,

Аз фазл бартар ойӣ, маҳбуби ҷон расидӣ.

Сидқу садоқати ту дар кори мулк собит,

Фотеҳи номдори давру замон расидӣ.

Эй марди пурсаъодат, майдони корзорат,

Аз ҳиммати ту гӯяд, ҳин, қаҳрамон расидӣ.

Рӯзе, ки ҷанг омад, аз боби сулҳ гуфтӣ,

Паймонадори ваҳдат, аз Ломакон расидӣ.

Эй бо ту ёр миллат, бе ту бемор миллат, 

Аз боргоҳи Олӣ бар имтиҳон расидӣ.

Ҷон дар гарав ниҳодӣ, то ҷони мо харидӣ,

Эй соҳиби матонат, ин ҷонфишон расидӣ.

Эй, аз ҷалолати ту, дорад камол миллат,

Эй ҷоннисори миллат, соҳибинон расидӣ.

Ин дам, ки Тоҷикистон ангуштари ҷаҳон аст,

Ту ҷавҳари нигинӣ, то дар миён расидӣ.

Эй мақдамат муборак, Эмомалии Раҳмон,

Ҳин, аз замини  Хатлон чун олишон расидӣ.

Шоёни Тоҷикистон, шоёни ифтихорӣ,

Шойистаи муборак, вирди забон расидӣ.

Хонад чу Шамси динат, аз ҷону дил саломат,

Ҳам Рустами замонӣ, ҳам Достон расидӣ.

Шамсиддини Муқим 

мухбири махсуси «СССР» 

дар Россия, 5 октябри соли 2016

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter