ХАБАРИ ДОҒ

«Оташгиёҳи миллат» чунин унвон дорад, маҷмӯаи мақолаву шеърҳо ва меҳрномаи дӯстону шогирдон, бахшида ба 80-умин солгарди адабиётшиноси варзида устод Валӣ Самад, ки аз ҷониби нашриёти «Бухоро» нашр шуд. 

Китоби мазкур аз мақолаву шеърҳо, нақду барассӣ ва меҳрномаҳое фароҳам омадааст, ки ба муносибати 80 – солагии олими маъруф, адабиётшинос ва равобитшинос, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви ифтихории Иттифоқи Нависандагони Озарбойҷон, Ходими илмии пешбари шӯъбаи таърихи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИҶТ устод Валӣ Самад бахшида шудааст. Дар китоби мазкур матолиби хубу хондании академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов Акбари Турсон, устодон Сотим Улуғзода, Мӯъмин Қаноат, Абдунабӣ Сатторзода, Ардамеҳр, Шарифмуроди Исрофилниё, Зиё Абдулло, Пайванди Гулмуродзода, Анзурати Малкзода ва шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Салими Зарафшонфор, Алӣ Бобоҷон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб гирдоварӣ шудааст, ки роҳи дар зиндагӣ ва илм тайкардаи ин муҳаққиқ пуркори тоҷикро мавриди таҳлилу барассӣ қарор медиҳад.  

Валӣ Самад яке аз олимони шинохтаи тоҷик буда солҳи зиёд равобити адабии тоҷикону қафқозиҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озарӣ дар садаи XIX», «Тӯшаи ҳамдилӣ», «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз», «Дурахши як ахтари сӯзон» (дар ду ҷилд), «Бозгашт ба Эроншаҳр», «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернешевский» ва рисолаву мақолаҳои фаровони дигар мебошад. 

Ҳамчунин соли равон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо фармони президенти Тоҷикистон ба нишони сарисинагии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.  

Одили НОЗИР,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter