ХАБАРИ ДОҒ

Вохӯрии СССР бо кафедраи журналистикаи ДДҚ

  • Душанбе, Нояб 21 2016

18.11.2016. Соат ба вақти Душанбе 13:30 дақиқа.

 

Дар толори кафедраи  журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хисрав вохӯрии донишҷӯён бо коллективи кори газетаи мардумии СССР баргузор шуд. Ин дидор бо ташаббуси бевоситаи журналисти ҷавону тавонои Тоҷик-Носирҷони Маъмурзода, устоди ҳамин кафедра доир гардид. Сароғоз Маъмурзода нишастро бо муаррифии коллективи СССР ифтитоҳ намуд ва баъдан Шаҳноза Мирзоева-фориғуттаҳсили кафедраи мазкур роҷеъ ба самтҳои кори газетаи СССР ва шиори он-«Мо Метавонем!», ба сухан баромад, ки ин матлаби ӯ дар ҳамин шумораи газетаи СССР ҳатман нашр хоҳад гардид.

Сипас Фаромуз-донишҷӯи ҳамин кафедра аз мушкилоти матбуот дар музофот мухтасар баён дошт, ки он низ дар наздиктарин шумораи СССР чоп мешавад.

Баъдан, сардабири газетаи мардумии СССР-Сайёфи Мизроб роҷеъ ба бурду бохти матбуоти даврии хусусӣ ҳарф зада, ба сиёсати дохилии кори редаксия, чаҳорчӯбаи информатсионии он… сӯҳбат орост.

Дар охир, суолу ҷавоб ва баҳси озоди донишҷӯён бо коллективи СССР нишастро хело шукӯҳи зиёд бахшид… (дар зер чанд акс аз ин нишаст):

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter