Салом, СССР! Банда Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллифон докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон, Маҳмудов Маҳкам ва Холиқов Абдураҳим)-ро 3 бор хондам. Дар пешгуфтор омадааст: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем…».
1.Дар яке аз шумораҳои СССР хондам, ки дар яке аз шаҳрҳои кишвар, дар рӯзи иди Наврӯзи соли 2016 соҳибкорони «баору номус» 100 дег оши палав пухта, мардумро ба оши палав даъват кардаанд. Агар хароҷоти 100 дег оши палавро ҳисобу китоб карда ба камбизоатҳо, маъюбон… медоданд, нуран алонур мешуд! Ба Худованд аён буд, ки оши палави ройгонро бойҳо бисёртар хӯрданд!!!
2.То қабули танзим ба тӯю худоӣ ва ҷашн дар Сӯфиёндеҳи мо хабарчӣ бо овози баланд ҳамаро хабар мекард. Дар маросим хурду калон, пиру ҷавон, наврасон иштирок мекарданд. Ноболиғонро низ барои иззату ҳурмати калонсолон дар маърака мешинонданд. Ба ин рафтор байни калонсолону хурдсолон иззату ҳурмат дар авҷ буд. Баъди танзим хурдсолон ба маърака ширкат намекунанд. Гуфтаниям, ки наврасон низ ба маърака иштирок намоянд. 1 дег оши палав (50 кг биринҷ) ба ҳама мерасид ва ҳоло низ мерасад…
3.Соҳиби маърака бояд, ки ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кунад. Дар тӯйи хатнаи фарзандонаш Ҷонфидо ва Ҷонбоз дар масъалаи ҳофизон дурӯғро кор фармуданд. Худо розӣ бошад? Гуфтанд, ки Артисти халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов дар ин тӯй хизмат хоҳад кард! Ба ромишгари деҳа Собирбой Содиқов фармудам, ки то омадани Ҷурабек дар маърака ҳофизӣ кунад. То гузаштани тӯй Собирбой ҳофизӣ кард. Чаро? Барои он ки Ҷӯрабекро аслан ба тӯй хабар накарда буданд, чунки зӯраш намерасид. Яъне ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кард. Дар тӯйи хатнаи писари 3-юмам (Бобоҷон) ба ҷои ҳофиз радиоузелро кор фармудем. Тӯйи хатна аъло гузашт. Ҳеҷ кас нахандид!
4.Дар маъракаҳои Сӯфиён то танзим ва баъди танзим 50 кг биринҷи оши палав ба ҳама мерасад, ҳатто баъзан зиёдатӣ мекунад. Ҳодисаҳои нарасидани ош баъзан мушоҳида карда мешавад, ки ин гуна меҳмонон бо 1 пиёла чой қаноат карда мераванд.
5.То танзим ва баъди он ҳам иштирокчиёни тӯй ихтиёрӣ 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ (ва ё доллар) ба дасти соҳибтӯй мечаспонанд. Дар 1 тӯй соҳибтӯй 5-10 ҳазор сомонӣ (ё доллар) ҷамъ мекунад. Ин муборакбодкунӣ бо чорво, ё сомониву доллар дар Сӯфиён ба анъана табдил ёфтааст.
6.Дар маросими дафн ҳама аҳолии Сӯфиёндеҳа ва меҳмонон аз дуру наздик дар ҷаноза ширкат мекунанд. Аҳолӣ ва баъзе меҳмонон ба мотамдорон «бандагӣ» гӯён ихтиёран сомонӣ ва ё доллар, чорво ё хӯрокворӣ медиҳанд. Меҳмононро дар қӯшхона ҷо карда, ба онҳо ягон хел хӯрок мепазанд. Хайрот ба ронандагон ҳамчун мошинпулӣ дода мешавад. Гуфтан лозим меояд, ки хароҷоти рӯзи дафнро Сӯфиёниҳо пурра иҷро ва ҳаллу фасл мекунанд.
Танзим бояд ба кӯмаки башардӯстонаи деҳотиён ба ҳамдигар дахолат накунад. Зеро ин кӯмакпулиҳо дар тӯй хароҷоти зиёфат ва дар ҷаноза хароҷоти гӯру чӯбро мепӯшонад. Мо Метавонем!
Бо эҳтиром, Шаҳрошӯби Мирзоиён,
деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент