Зафар Айюбӣ бо тахалуси мардумии «Зафарча» аз зумраи камтарин ҳунармандонест, ки гузашти сол (40 сол дар саҳна), табдили аср, (асрҳои ХХ-XXI) гузариш ба ҳазорсолаи нав ё миллениюм (убур ба ҳазорсолаи сеюм, соли 2000) таҳаввулоти геополитикӣ (шикасти Шӯравӣ ва тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол) дигаршавии форматсия (аз сотсиализм ба капитализм) тағйири иқлим, (гармшавии саёра) натавонист ӯро аз саҳнаи ҳунар ва «мӯд» берун кунад. Оё ин осон аст «кумир»-и 3-4 насли ҷавонони аҳдҳои гуногун будан. Мисоли равшан: Ҳафтаи гузашта Хуршед ном як ҷавони 20-солаи тоҷик (соли 2017) оиладор шуд. Ин аҷиб нест, аҷиб он аст, ки Зафар туйи хонадоршавии падараш Шодибек (соли 1997) ва базми домодию арусии бобояш Маҳмадсафарро (соли 1977) гузаронидааст. Муваффақияти ӯ дар он аст, ки ҳамқадами замону ҳамнафаси ҷавонон аст. Мутмаинан ӯро метавон яке асосгузорони шоу-бизнес дар кишвар хонд. Хушбахтии наслҳои 50-60 сола низ дар он аст, ки дар маҳфили ӯ худро ҷавон эҳсос мекунанд, зеро дар ҳавои мусиқию таронаҳои ӯ ба воя расидаанд. Зафар воқеан «легенда» шудааст ва бешак ин хоси одамони машҳур аст. Ривоят аст, ки Зафар дар тӯйе 18 соат ҳофизӣ кардааст; Ривоят аст, ки Зафар дар маъракае 2 аккардионро «дарронидааст»; Ривоят аст, ки Зафар тӯйеро гузаронидаву арӯсро дуздидааст, ки ҳоло модари фарзандонаш аст; Ривоят аст, ки арӯсе, ки хоҳишашро иҷро накарда дар тӯйаш Зафарро «заказ» накардаанд аз баҳри домод гузаштааст; Ривоят аст, ки Зафар гуфта бошад: «То ҷинс дар модда аст, ман аз модда намеравам»…Маъмулан ҳунармандоне, ки барои халқу давлат дар соҳаи фарҳанг хидмати садоқатмандона мекунанду маҳбуби халқанд онҳоро бо унвонҳои «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» тақдир менамояд. Аммо нафароне, ки мисли ӯ умуман дар муассисаҳои давлати фаъолият накарданду на камтар аз ҳунармандони машҳур маҳбуби халқанд чи гуна тақдир бояд шаванд. Зафар 4 даҳсола дар хидмати халқ асту дар саросари кишвар бештар аз 2 миллион мухлис дорад. Таманно мекунем, ки хизматҳои ӯро ба халқи азизаш масъулони соҳа ба назар гирифта, нахустунвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон»-ро баъди соҳибистиқлолӣ насиби ин ҳунарманд гардонанд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист