Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ ҳадди ақалл як бор ба театр бираванд. Ин дастури расмии Рамазон Раҳимзода баъд аз тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров содир шудааст.
Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ба театр рафтани кормандони пулис барои боло рафтани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд. "Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад"
Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд.
Дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор корманди пулис расман фаъолият доранд. Ин тасмим на танҳо ба боло рафтани сатҳи маърифат ва истироҳати кормандони мақомоти милиса, балки ба буҷаи театрҳои кишвар ва боло рафтани талабот ба сифати намоишномаҳои онҳо низ таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Итминон дорем ин иқдом аз ҷониби дигар вазорату ташкилот ва сокинони кишвар дастгирӣ ёфта, таваҷҷуҳ ба театри миллӣ ва рушду инкишофи он боз ҳам бештар мешавад.
СССР.