Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо аз намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский бахшида ба 80-солагии Ҳошим Гадо барқияи шодбошӣ қабул намуд.
Дар матни ин барқия омадааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, коргардони моҳир ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром аст.
Хотиррасон менамоем, ки 10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Он рӯз бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳошим Гадоро бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гардонид.
СССР