ХАБАРИ ДОҒ

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна ки мо бо туем! Сӯҳбати имрӯзаи сари баҳор меравад ва фаромӯшшудаҳои баҳорӣ.

Нахуст суманак. Туро намедонем, аммо рӯзи дуввуми баҳор, яъне пас аз интихобот, мо суманак пухтем. Настоящий! Гандуми қаблан шинонидаро, ки неш задааст, чигитак кардем, сипас бо ҳован куфтем (ҳатто гӯштрезакунак ҳам истифода шуд), шираашро ҷабидем ва ана баъдаҳу то рӯз ҷӯшонидем. Нав фаҳмидем, ки ин мисраъҳо чӣ маънӣ доштаанд:

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигаро дар хоб мо дафча занем…

Суманакро бо кафгир кафча, ки назадӣ мечаспад ва месӯзад! Бо ин ҳама Баҳор бо суманак зебост, хонанда ва агар напухтаӣ, бипаз. Зеро бо гум кардани яке аз таоруфҳои асили баҳори Тоҷикӣ мо оҳиста-оҳиста, секин-секин, тихо-тихо сутунҳои фарҳанги ориёиро раҳо кардан дорему дорем. Мо Метавонем! Ту чӣ? Слабо???

8 мартро низ бояд дудаста маҳкам қаппид. Зеро ин 8-март буд, ки зани Тоҷикро бо шумули дигар занҳои осиёӣ аз қопачбасарӣ, яъне фаранҷии арабӣ, бадар овард. Ва акнун бин, хонанда, ки ин зан бо ихтиёри худ боз зери қопча, лингча, қанор, яъне сатри арабӣ меравад:

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ? Биист!

Имрӯз ту, бонуи Тоҷик ин либосро мӯд кардаӣ. Сар аз сароянда то фоҳиша сатрро мӯд кардаанд. Фардо пушаймон мешавӣ, эй зан! Намегӯем, сатр накун, урён шав, луч гарду аврупоӣ пӯш. Пӯш! Аммо сатри миллӣ! Рӯймолу почаву куртаҳои атласи модарони мо, ки рамзи зиндагониянд, магар сатри миллӣ нестанд? Дуруст гуфт Сафват, ки дар Аврупо хитобан ба Тоҷикони ба мӯди арабӣ дилдода гуфтаанд: 

-Атласи Тоҷик рамзи баҳор, зиндагонисту фаранҷии сиёҳи арабӣ (камхирадоне онро исломӣ низ гуфтаанд)…рамзи террор, куштор ва фарҷоми зиндагонӣ…

Зани Тоҷик, модари мо, ҳич гоҳ фаранҷии арабӣ намепӯшид! Вале ҳич бор ҳувияти миллӣ ва нанги марди Тоҷикро зери пай накарда буд, ки имрӯз зумрае аз сатрбасарон мекунанд! Ҳоло ахборе расида, ки он мардоне завҷаҳоро ҳамроҳ ба «ҷиҳоди Сурияву Ироқ» бурдаанд, занҳояшонро бо дигар қавму қабоили арабу паштуну негр…тақсим мекардаанд. Номаҳои занҳои шавҳармурда расидаанд, ки фиғон аз зери рони садҳо «муҷоҳиди сурху сияҳ» доранд: Онҳо дигар асбоби секс-ҷиҳод шудаанд…

…Суманак, 8-март, атлас, Наврӯзи оламафрӯз, ки мавлавиву машоихҳои самозванетси элокиву мелокӣ зидди онҳо ҷиҳод кардаанду ҷавононро ба шӯр меоранд (воқеан амният куҷо менигарад?), бояд рамзи зиндагонӣ бимонанд. Зеро агар касе намедонад, бояд донад, ки дар қораи араб…баҳор нест! Зимнан ин миллат чӣ будани Наврӯзро намедонад. 

Ин факти ахир барои мавлавиҳои элокиву мелокии тангхирадест, ки мини-Шайх Тимур дар деҳоту навоҳӣ шудаанд. Пайки баҳор, 1 март, суманак ва омад-омади Наврӯз муборакат бод, визави. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter