«Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, ба хусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беандозаро гузоштаанд».
Эмомалӣ Раҳмон, «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ»,
(«Ҷумҳурият», 13.11.2008)
Хокдоне пур аз мардони Худо!
Омӯзиши кору зиндагӣ ва мақоми бузургони гузашта барои худогоҳии ҳар халқ басо муҳим аст. Хоса, омӯзиш ва пос доштани рӯҳи онҳое, ки фаъолияташон баёнгари замони гузашта аст, барои шинохти таърихи хеш ва худогоҳии миллӣ дар замони ба Истиқлолият расидани кишвар хеле нафърасон аст. Бояд гуфт, ки фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро, ки тӯли 5000 сол миллатро бо ҳувияташ то имрӯз овардаанд, бо ангушт шуморидан хеле душвор аст. Оромгоҳҳои онҳо дар қаламрави Хуросони Бузург ва дигар кишварҳо мавҷуд буда, таърихи гӯёи мо мебошанд. Мисли дигар ҷойҳои кишварамон дар н.Данғара ва марзҳои гузаштаи таърихии он низ шахсиятҳои бузург мисли Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддини Дашти Кулакӣ, Хоҷаи Зинда, Хоҷаи Заррин, Хоҷаи Нур, Хоҷа Бобои марди Валӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Ҳабибуллоҳ ибни Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ (Соҳибзода), Хоҷа Мастона, Хоҷа Аслихо, Хоҷа Гулгун, Хоҷа Сабзпуш, Хоҷа Ҷароия, Шайх Ҳусайн, Ёқуб Саҳоба, Мирсаид Ибод, Ҳоҷӣ Шарофиддин, Ҳилҳилакбобо, Хоҷа Фатҳулло, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мири Назири Шингихоӣ, Маҷнуни Сиёпӯш, Ҳоҷӣ Муҳаммадкабири Муҷаддавин, Домулло Шамс, Домулло Файзуллоҳ ва Мақсуди Мавлавии Кӯлобӣ, Девона Мақсум ва дигарон фаъолият намудаанд, ки дар миёни онҳо Хоҷа Шақиқи Балхӣ (асрҳои 8-9) яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳанги форсӣ маҳсуб меёбад.
Соли таваллуди бузургвор аён нест. Ӯ дар шаҳри қадимаи тоҷикон-Балх ба дунё омада, солҳои 809-810 дар замини Хатлон (Данғара) дар деҳаи ҳамном-Хоҷа Шақиқи Балхӣ аз дунё гузаштааст. Имрӯзҳо аз вафоти ӯ 1207 сол сипарӣ мешавад. Олими тоҷик Ғолиб Ғоибов дар бораи фаъолияти илмии Хоҷа Шақиқ то тавонистааст маълумоти бештаре гирд овардааст. Хоҷа Шақиқ аз рӯи навиштаи уламои асримиёнагӣ ва муосир шогирди поягузори мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам ибни Нӯъмон ибни Собит будааст. Шайх Аттор-муаллифи шеъру достонҳои ирфонӣ дар асараш «Тазкират-ул-авлиё» дар бораи Хоҷа Шақиқ менависад: «Ҳотами Асамм муриди Хоҷа Шақиқи Балхӣ буд». Ҳотами Асамм (қабраш дар н.Файзобод (Вашгирди таърихӣ) воқеъ буда, 30 сол дар назди Шақиқ шогирдӣ кардааст. Ҳотами Асамм (кӯр, аммо кар набуд) ҳамаи улуми замон-ҳандаса, ҷуғрофиё, нуҷум, фиқҳ, Илоҳиёт ва шариатро аз устодаш азбар карда, мисли Хоҷа Шақиқ яке аз орифони машҳури Хуросон гашта буд ва бузургии ӯро Саъдии Шерозӣ дар китобаш «Бӯстон» тасвир карда ба анкабут ташбеҳ додааст:
Баромад танини магас бомдод,
Ки дар чанбари анкабут афтод.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари ирфонии хеш «Нафаҳот-ул-унс» ба Хоҷа Шақиқ баҳои баланд дода мегӯяд, ки «Ҳотами Асамми машҳур шогирди ӯ буд».
Аз сабр то шукри Шақиқ
Хоҷа Шақиқ дар мулки арабу аҷам сафари бисёре карда, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меорад. Мегӯянд, ӯ мутаалими аҳли сиёсату давлатмандон ва фақеҳон будааст. Дар асарҳои олимони асримиёнагӣ оид ба вохӯриҳову шарафёбии ӯ ба шахсиятҳои мазкур хеле зиёд оварда шудааст. Масалан, боре халифаи машҳур Ҳорун-ар-Рашид ӯро ба дарбор даъват карда, аз ӯ панд мепурсад. Халифа мегӯяд: Ай Шақиқ, ба ман панде бидеҳ! Шақиқ мегӯяд: Ту чашмаву аъмоли ту ҷӯйҳоро мемонад. Агар чашма равшан шавад, тирагии ҷӯйҳо зиён надорад ва агар чашма торик бувад, бар равшании ҷӯйҳо умед нест (Ғ. Ғоибов, с.22).
Боре Хоҷаи мавсуф ба мутафаккири бузурги олами Ислом Иброҳими Адҳам вомехурад ва аз ӯ суол мекунад, ки дар маош (рӯзгузаронӣ) чӣ кор мекунӣ? Адҳам мегӯяд, мисли шумо, агар бирасад, хайр мекунам, нарасад шукр. Шақиқ мегӯяд: «Мо аҳли аҷамем, сагони Хуросон мисли шумо мекунанд. Сониян ӯ аз Шақиқ ин ҳолатро мепурсад. Шақиқ ҷавоб медиҳад: агар бирасад, шукр мекунам, агар нарасад, сабр мекунам («Хазинат-ул-асфиё»).
Хоҷа мегуфт, Худованд яктост ва динҳо бисёр ва адёни дигарро низ эҳтиром мекард. Тифоқо, ӯ ба мулки Чин сафар карда, дучори саҷдаҳои ин мардум ба худоҳои худ мегардад ва мегӯяд, ки чаро шумо ба бутҳо ибодат меоред. Онҳо мегӯянд, ки мо аз рӯи саҷдаи худоҳоямон соҳиби ризқу рӯзӣ ҳастем.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. (Ҳофиз)
Хоҷа Шақиқ тафохурро бад медид, зиндагии порсоёна мегузаронд, ба боғкорӣ машғул буд, либоси оддӣ ва арзон ба бар мекард. Боре имоми Балх дар тан либосҳои қиматбаҳо Шақиқро мазоҳ карда мегӯяд:
Ай Шақиқ, ин чӣ гуна ҷома аст, ки ту пӯшидаӣ? Шақиқ ҷавоб мегӯяд, ҷомае, ки бар ман аст, ба ҷомаи Расули Худо монанд аст».
Хоҷа Шақиқ дар охири умр дар мулки Хатлон, дар Кулон (Дашти Кулак), яъне Данғараи имрӯза умр ба сар мебарад ва ҳангоми сафараш ба Вашгирд (назди муридаш Ҳотами Асамм) аз тарафи туркҳои забткору саҳронишин ба ҳалокат мерасад. Ҳоло қабраш дар мазори деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ (собиқ деҳаи Себистон)-и н.Данғара макони зиёрати мардуми олам аст. Баъзе олимони замони Шӯравӣ, аз ҷумла, Бартолд ва устод Аҳрор Мухторов гуфтаанд, қабри Шақиқ дар мазори шаҳри Балх аст, баъзеҳо бар онанд, ки тани ӯ дар гӯристони н.Данғараву сараш дар мазори Балх аст. Аммо сухани дуруст ба олими тоҷик, сокини шаҳри Балх шайхулислом Шафиуддин дахл дорад. Ин олим с.1192 аз Балх ба Дашти Кулак ва Вашгирд (Файзобод) сафар карда, гӯри Хоҷа Шақиқ ва Ҳотами Асаммро (2 бор) зиёрат кардааст. Аммо олимони тоҷик, аз ҷумла, шодравон Ғолиб Ғоибов қабри дар мазори Балх будаи Хоҷа Шақиқро қабри сунъӣ медонанд.
Қабри Шақиқ ниёз ба табдил аст
Дар бораи ҳаёти Хоҷа ва дигар ҳаводиси таърихии Хатлонзамину Дашти Кулак олимони давраҳои гуногун (асримиёнагӣ ва шӯравӣ) Абдураҳмони Ҷомӣ («Нафаҳот-ул-унс»), Абуюсуфи Балхӣ (имоми шаҳри Балх), Сафиуддин («Фазоили Балх»), Ғуломсарвари Лоҳурӣ («Хазинат-ул-асфиё»), Варсаҷӣ («Ҳафтод машоихи Балх»), Ҳабибӣ (Тавзеҳот ба «Фазоили Балх»), аз-Зирикли («Ал-Аълам», «Лисон-ул-мизон»), Авазбоқии Балхӣ («Ҷарида»), Муҳаммад Доро Шукӯҳ («Сафинат-ул-авлиё»), Бартолд, А.Мухторов («Средневековый Балх», «Ҳудуд-ул-олам», Ғолиб Ғоибов «Мазорҳои Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ ва Шақиқи Балхӣ дар Данғара»), Бозор Муродов («Таърихи Данғара аз замони қадим то имрӯз, ҷ.1») корҳои пажӯҳишӣ анҷом додаанд. Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ, тавсеаталабии абарқудратҳо, ба оламиён бад нишон додани дини Ислом, афзоиши терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, мо тоҷиконро зарур аст, ки аз фарҳангу таърихи ғании худ, аз адабиёти оламшумули он ва муборизаҳои озодихоҳонаи родмардони халқамон огоҳ гардем ва асолати худро дар шароити нав нигоҳ дорем. Оромгоҳи бузургонро обод ва мавриди сайру саёҳат қарор диҳем. Ҳоло мақбараи Шақиқ дар гӯристони назди деҳаи Хоҷа Шақиқи н.Данғара қарор дошта, мӯҳтоҷи ободсозист. Мақбара дар асри 15 ба таври назарногир сохта шуда буд. Дар охири асри 20 соҳибкорони дилсӯзи ватанхоҳ мақбараро ба тарзи оддӣ тармим карданд. Аммо бино ба сабки меъмории асрҳои 9-10 ҷавобгӯ нест. Зиёда аз он, агар кас ба зиёрати мақбараи Хоҷа равон шавад, бо пайроҳаҳои хокии дохили қабрҳо ба он ҷо мерасад, ки ин аҳвол касро ба хиҷил меорад. Бояд гуфт, ки аз Афғонистону Эрон ҳам ба хотири ин шахси бузург, зодаи шаҳри Балхи бостон мардуми зиёде ба зиёрат меоянд. Солҳои пеш 1 анъана буд, ки барои пайванди риштаҳои гусастаи таърихӣ байни шаҳрҳои Табрезу Хуҷанд (ба хотири Камоли Хуҷандӣ) ва Кӯлобу Ҳамадон (ба хотири Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) аҳди бародаршаҳрӣ баста шуда буд. Намешавад, ки байни шаҳрҳои Балху Данғара алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор карда шавад ва омаду рафти сайёҳону олимони кишварҳои ҳамзабон байни ҳамдигар ба роҳ монда шаваду оромгоҳи бузургонамонро мо дар якҷоягӣ ободу зебо, шодоб ва рӯҳашонро шод гардонем???
Чанд панди Хоҷа Шақиқи Балхӣ
1.Оқил ҳамвора аз се чиз метарсад: тарсидан аз гуноҳҳое, ки кардааст, агар донад, ки баъди ягон соат чӣ ҳодиса рух медода бошад ва аз он ки охират пурҳазар бошад, тарсад, ки бар чӣ хатм гардад.
2.Агар хоҳӣ, ки умри ту ба роҳат гузарад, бихӯр он чӣ туро додаанд, бинӯш он чӣ ёфтаӣ ва розӣ ба қазои Худо бош.
3.Овардани амал ба илм аст, то ҳар ки дар коре бе илм шурӯъ намояд, ба сарҳади мақсуд намерасад.
4.Мард дарахти хурморо шинонда, метарсад, ки хор оварад ва мунофиқ хор шинонад ва умед дорад, ки хурмо бор диҳад.
5.Ба одамон ҳамчун ба оташ дӯстӣ кун. Аз он манфиат бардор, вале эҳтиёт бош, ки туро насӯзонанд.
6.Ман аз гуноҳи нокарда беш аз он метарсам, ки аз гуноҳи карданӣ. Донам чӣ кардаам, аммо намедонам, ки чӣ хоҳам кард.
7.Таваккул он аст, ки дили ту ором гирад ба он чи ки Худои таоло ваъда фармуда.
Чист таърих, ай зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае?
Ин туро аз хештан огоҳ кунад,
Ошнои кору марди роҳ кунад.
Роҳро сармояи тоб аст ин,
Ҷисми миллатро чу аъсоб аст ин.
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Қавм равшан аз саводи саргузашт
Худшинос омад зи ёди саргузашт
Даргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад.
(М. Иқбол)
Бозор Муродов, бунёдгузори осорхонаи Данғара,
таърихшинос, тел: 901 99 68 78