ХАБАРИ ДОҒ

Ҳама сулҳ карду ИНТ оппозитсия меҷӯяд?!

  • Душанбе, Авг 21 2017

Хондам ва шунидам, ки имрӯз адибони мо ба ҷои тарбияи маънавӣ кардани мардум даст ба гиребони якдигар задаанд. Ҳамдигариро мухолифин-оппозитсия мехонанд. Чи дардест дар рӯзгори Тоҷик? Наход Тоҷик тамоми умр худро ба шимолию ҷанубӣ, помирию хатлонӣ, босмачию сурх, юрчику вовчик, наҳзатию коммунист, мухолифу дӯст  ҷудо кунад? Пас аз сари устод Турсунзода ва номардона аз вазифа барканор шудани Мӯъмин Қаноат обрӯ ва нуфузи ин ташкилоти эҷодӣ поин рафт. Аммо имрӯз нуфузи бузургтарин ташкилоти эҷодии ҷумҳурӣ беш аз пеш коста шуд. Пойи тахт ором бошад ҷумҳурӣ ором аст. Лиҳозо, аз тамоми ташкилотҳои эҷодӣ хоҳиш дорам, ба манфиати давлату миллат, халқи дар тӯли таърих ҷафокашидаи Тоҷик кор кунанд. Ростӣ, имрӯз шаҳрдори ҷавон-Рустами Эмомалӣ тавонист барои кору фаъолияти шумо ва истироҳати фарзандонатон дар Душанбе тамоми шароитҳоро омода созад. Пас, биёед шукри истиқлол намуда, на дар сухан, балки амалан ваҳдатсолорӣ намоем. Ваҳдат бошад, дигар масъалаҳо худ ба худ ҳал мешавад.

Рӯдакӣ узви ИНТ набуд
…1 рафиқамро, ки аз сафи ИНТ рондаанд, гуфтам, «аз устод Рӯдакӣ то Ҳайрат билети нависандагон надоштанд, пас чаро зиқ мешавӣ? Рӯдакивор навиштан гир!». Зиндагӣ дарё нест. Инсон ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Дӯстам солиёни зиёдест омӯзгори фанни таърих аст, аммо имрӯз дар нимароҳи тақдир асту намедонад Давлати Шӯравиро хуб гӯяд, ё бад. Ҳаракати босмачигариро сиёҳ гӯяд, ё сафед, ҳизби коммунистро созанда гӯед, ё харобкор. Дар ин масъала ИНТ боз пешсафиро ба даст гирифту яке дигареро оппозитсия мехонад. Хатои авомро бахшидан мумкин, аммо чӣ метавон кард агар «нодоние доно кунад» (таъбири устод Лоиқ). Биёед, ба хотири ривоҷи адабиёт кинаю адоват, баҳсу мунозираи бесудро 1 сӯ гузореду шеъри воло, повести хонданӣ, роману ҳикоя нависед. Муҳити адабии Турсунзодаро аз нав зинда намоед. Байни мардум равед, бо одамон мулоқот кунед, чунки чеҳраи шумо худ тарбия аст. Замона тағир ёфт. Зиндагӣ бо маҷрои тезтар меравад. Дар ин ҷаҳони олудаи дард, кулфат, ривоҷ ва равнақи радикализм, экстремизм, терроризм бояд беш аз ҳарвақта сарҷамъ бошем. Тоҷикро кӣ бештар сарҷамъ мекунад? Албатта пеш аз ҳама ташкилотҳои эҷодӣ. Халқи адабпарвари мо адибпарвар асту ба сухани адиб рост ё дурӯғ, бовар мекунад. Ҳамин боваркунониҳо дар солҳои 1930 чандин адибро равонаи зиндон кард ва нависандаи боистеъдод Алӣ Хуш қатл шуд. Ман ҳаққи ба адибон насиҳат кардан надорам, аммо чун хонандаи доимии эҷодиёти Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб, Ҳ.Нозирӣ бетараф ҳам буда наметавонам. Сарҷамъ бошед! Гузаштаро фаромӯш кунед! Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти Миллат ҳама чиро бахшид, пас чаро шумо ҳамдигарро намебахшед?


Холмурод Сафарзода,
Узви ИЖТ, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter