Санаи 14.10.2017 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ, дар Қасри фарҳанги он базми шеъру сухан ба ифтихори 40-солагии фаъолияти эҷодии шоир, узви ИНТ Олимхон Исматӣ баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур Низом Қосим, раиси ИНТ, Зебо Аминзода, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, ансамбли овозадори “Зебо”, ҳунармандон Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Муродбеки Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова, ҳунармандони ҷавон Дилноза Каримова, Муҳаммадрофии Кароматулло, Фотимаи Машраб, Дамирбек Олимов, адиб Аҳмадҷони Раҳматзод ва Орифҷон Набиев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанги ҶТ ширкат доштанд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, адиби ваҳдатсаро Олимхон Исматӣ дар ин маҳфил аз ашъори тозаэҷоди худ намунаҳо хонда, ҳунармандон бар матни ӯ сурудҳои тару тозаро ба иштирокчиён тақдим намуданд.
Бояд қайд намоем, ки Қасри фарҳанги ноҳия, ки дорои 400 ҷойи нишаст аст, пур за мухлисон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ буду беш аз 1000 нафар мардуми дигар бинобар сабаби набудани ҷой дар толор берун аз дар монданд.Чунин барномаи ҳунарии бошукӯҳро Мастчоҳ кайҳо боз надида буд!
СССР