Натарсед, дар дафтари кори СССР ҷанг ё гӯштию бокс эълон нашудааст. Дави олимпӣ ҳам набуду каратеву кунг-фу низ. Сухан сари Қонуни нави қабулкардаи парлумон меравад.
Депутатҳои тоҷик бо 1 овоз Қонуни нави маҳдудкунандаи сигоркаширо қабул карданд. Ҳамакнун, тибқи ин Қонун кашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ комилан манъ шуд. Қонун мегӯяд, дар биноҳои маъмурӣ, кабинетҳо, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, дар даромади биноҳо, лифтҳо, гузаргоҳҳои зерзаминӣ, аэропортҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳои умумӣ, кафеву тарабхонаву ошхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар... чокидани сигор комилан мамнуъ эълон шуд!
Дар ин миён акнун хонанда, худ фикр карда дарёб, ки дар куҷо метавон сигор кашид!!! Шояд ҳар сигоркаш 1 мошин харад? Ё беҳтараш 4 нафар ҷамъ шудаву 1 авто гиранду ана баъд сигор кашида гарданд??? Шояд аз чунин зиракӣ кор бояд гирифт. Аммо сигорро аз куҷо хоҳед ёфт?! Зеро:
Ҳамзамон фурӯши сигор дар дуконҳои то 100 метр наздик ба беморхонаву аптекаҳо, биноҳои ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва динӣ низ қатъан манъ мешавад!
Шумо акнун 1 бор тасаввур кунед, ки дар куҷои Душанбе аптекаву масҷиду беморхона нест, то он ҷо, 100 метр дуртарак, бояд дӯкон кушоду сигор фурӯхт???
Пирӯзии нос? Оре!!!
Мегӯед, сигор замони ахир тақрибан ягона атрибути маданият ва рушд буду интеллигентро аз авом ҷудо мекард? Шояд! Аммо акнун ин атрибут ҷояшро ба “ҳазрати нос” пурра хоҳад дод!
Ҳамаи ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои бархе аз сарчашмаҳо дар миёни вакилони халқӣ депутатҳои носкаш кам нестанд. Ва шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки онҳо усулан ба фурӯши нос, ки бадтарин “фарҳанги миллӣ” маҳсуб меравад, сару кор нагирифтаанд. Ва “ҳазрати нос”-ро дар тамомии дӯкону гӯшаву канори шаҳр, миёни анвоъи ғизову атриёту лисосворӣ ва ҳатто аз 100 метр 1 сӯ, 10 метр ҳам наздиктар аз масоҷиду беморхонаву аптекаҳо фурӯхтан мумкин аст.
Нос-ифтихори миллии мост! Худаш кайфи баланд дорад, агар носи “Калинин” бошад. Вале партобаш!!! Партобаш онгуна зебову чашмнавоз асту ...кӯчаҳои пойтахти Тоҷиконро чунон оро медиҳад, ки дар барфи замистон сабза медамад-эъ!
Боз шумо мегӯед, ки Идибеки носкаши мо Шаҳрзоди сигорчокро ба тахтаи пушт назадааст? Ешё как задааст!
Мо метавонем!!!
Носа барор бачча!!!
М.Мубориз, хос барои СССР
PS: Ва аз ҳама муҳиму охир; ҳаргиз ба сигорие, агар талбид, 1 дона сигор надиҳед, ки фурӯшу тақсиму паҳну парешсозии сигори донагӣ-штучный низ комилан манъ шудааст...Тшшшшш...Нос дорӣ, ака???