ХАБАРИ ДОҒ

Чилучорчашма зиёратгоҳ аст, ё зино?

  • Душанбе, Нояб 20 2017


Салом ба аҳли қалами газетаи дӯстдоштаи ҳамаи мо-СССР. Мо 1 гурӯҳ ҷавонон аз ноҳияи Хуросон барои боздид ва зиёрат ба «Чилучорчашма»-и ноҳияи Н.Хусрави сафар намудем, вале ҳангоми ворид шудан ба ин зиёратгоҳ табъи ҳамаи мо хира шуд. Агар қисме воқеан ҳам барои зиёрат кардан омада бошанд, қисми дигар барои истироҳат ва вақтгузаронию шиноварӣ инҷо меоянд. Ҳатто чанде аз ҷавонон бо табассум изҳор медоранд, ки барои дарёфти “арӯс” омадаанд…
Агарчӣ ин макон барои нишастану хӯрокхӯрӣ ва истироҳат ба талабот ҷавобгӯ набошад ҳам, аз ҷониби дигар, худи меҳмонону истироҳаткунандагон оддитарин қоидаҳои санитарию гигиениро риоя накарда, ҳар гуна партовҳо, аз қабили пасмондаи хӯроку коғазпора ва боқимондаи тарбузу харбузаро ба об мепартоянд. Ин ҳол, хоҳу нохоҳ, табъи бинандаро хира месозад. Вазъи санитарию эпидемиологии мавзеъ барои шиноварӣ муқарраршуда, аз ҷои нишасту хӯрокхурӣ бадтар аст. Оё беҳтар нест, ки барои меҳмонону истироҳаткунандагон ҳавзи махсус барои шиноварӣ сохта шавад, то оби ин макон зулолу покиза боқӣ монад!?
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, дар ҷамоати деҳоти “Наврӯз” 2500 хоҷагӣ ва дар ҷамоати деҳоти “Истиқлол” 400 хоҷагӣ аз канали “Чилучорчашма” ва дар ҷамоати деҳоти “Фирӯза” 337 хоҷагӣ бо истифода аз қубурҳои обгузар оби онро истеъмол менамоянд. Ин оби чашма, ки баъди “шиноварӣ”-ю шустушӯи сару либоси истироҳаткунандагон ба мавзеъҳои аҳолинишин ҷорӣ мешавад, магар боиси пайдоиши бемориҳо намегардад? Худо нахоста, агар ягон дарде тариқи ин об паҳн гардад, аҳволи мардуми поёноб чӣ мешавад? Наход раиси тозатаъини ноҳия Нуриддин Садриддинов боре ҳам ба ин мавзеъ қадам нагузошта бошаду аз ин аҳвол бехабар?!!

Таснифи Б.Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter