Шоира Раҳимҷон-таронасарои тоҷик аз Амрико баргашт. Бо кӯлвори пур, чун ҳарвақта. Ин бор ҳам чун сафари пешинааш ба ШМА муждарасон буд. Соли гузашта дар Ню Йорк, дар фестивали Шашмақом бахшида ба 100-солагии Нериё Аминов аввалин бор китоби 6-ҷилдаи шашмақомро, ки бо ибтикори Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон интишор шуда буд, ба тарғибгарони санъати волои 6-мақом, ба Яҳудиёни Бухоро бурд. Ин туҳфа нодиртарин ва қиматтарин чизе буд, ки Шоира бо мушкил онҳоро ба Амрико расонид. Чаро ба мушкил? Аввалан, ин 6 китоби муҳташам қариби 15-20 кг вазн дошт. Дуввум, дар ш.Маскав, дар нуқтаи гузариши сарҳадии фурудгоҳ аз ҷониби гумрукчиёни рус 1 соат бештар азиятро таҳаммул кард.
-Китобҳоро 100 бор аз назар мегузарониданд. Фурсати кам доштам. Бояд тезтар барои парвоз ба рейси Маскав-Ню Йорк омодагӣ бигирам. Аммо бо нигоҳи шубҳаангез гумрукчиён маро аз миёни ҳамсафарон ҷудо карданду мисли қочоқчӣ, ё террористе ҷунбидан намегузоранд. Чанд каси дигарро даъват ва китобҳоро дона ба дона муоина мекунанд. Ростӣ, худам каме ба шубҳа афтидам, ки чӣ гап аст? Охир, китобҳоро аз кӯча нахаридаам. Онҳо аз ҷониби устод Давлат Сафар-мудири шуъбаи табъу нашри Вазорати фарҳанги ҶТ маҳз 1 рӯз пеш аз сафарам, дар рузи Шашмақом дар кишвар ва рунамоии китоб тақдим шуд, ки онҳоро ба Амрико бубарам. Ифтихор буд бароям, ки нахустин ман ин китобҳоро дастрас кардаам. Аммо гумрукчиён аз тафтиши бемаънӣ даст намебардоштанд. Ахир, сабрам сар омад ва ба наздашон рафтаму пурсидам:
-В чем проблема? Что то не так?
-Кто знает, а может книга про терроризм и экстремизм?!
Гуфтам: -Я не виноватая что вы тут сидите одни безграмотные и бездарные. Вы сейчас оскорбили моего народа, моего Президента и нашу культуру. Вы должны за это отвечать!
Онҳо каме ҷиддитар шуданд. Ва ман ба онҳо фаҳмонидам, ки чӣ китоби қиматеро пешашон доранд ва акси Президент дар саҳифаи аввали китоб маънои онро дорад, ки сармоягузор худи Президент аст...
Хуллас, Шоира мисли ҳамеша бо сабки устувори худ барои таҳқир ҷавоби сазовор медиҳад ва китобҳоро ба Амрико мерасонад.
-Сараввал хостам китобҳоро худам дар фестивал ба Яҳудиёни Бухоро тақдим кунам. Вале чун намондаи ҳамешагии Тоҷикистон дар СММ, ҷаноби Маҳмадамин Маҳмадаминовро дар толор дидам, гуфтам беҳтар аст ин амалро аз номи Пешвои Миллати мо ӯ анҷом бидиҳад.
Бале, Шоира метавонад дар ҷои лозим оперативӣ "умный ход" бикунад. Дар бораи маҳфилҳои эҷодии пурҳашамат, ки ӯ дар 4 штати калони Амрико баргузор кард, зиёд намегӯем, ки такрор мешавад. Хуллас, тавонист Амрикоро тасхир бикунад. Ин бор ҳам, ки навакак аз сафар баргашт, аз ӯ аз хотирмонтарин лаҳзаи сафараш пурсидам:
-Ин бор ҳам муждарасонӣ насиби ман буд, ки аз ин фахр мекунам. Дар Лос Анҷелес бо иштироки зиёда аз 5000 форсизабонон таҷлили ҷашни Меҳргон дар назар буд, ки ман ҳам аз ҷониби муассиси маҷаллаи "Теҳрон" Шаҳбоди Нурӣ даъват шуда будам. Чанд соат пеш аз баромадам тавассути сомонаи иҷтимоии Фейсбук хабар ёфтам, ки бо қарори Президенти кишвар минбаъд дар Тоҷикистон Меҳргон расман ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хабар хеле хушҳол шудам ва хушбахтиамро ба аҳли толор қисмат кардам, ки эшон ҳам хеле дар ҳаяҷон буданд, аз ин муждаи воқеан накӯ.
Бо ин ҳама дастоварду пур аз таваҷҷуҳи дигарон ӯ ба Амрико дилбохта нашуд. Дилаш барои ватан гум мезанад. Меҳанпарастияш то ҳаддест, ки ин ҳама сафарҳои эҷодиро ба исми Ватан, барои Ватан мекунад. Ахиран дар ин сафари охир шеъри пур аз эҳсоси ватандориашро гуфт, ки онро ба ту-хонандаи арҷманди СССР, армуғон мебахшем. Мо метавонем!
Мансур Сайфиддинов,
Махсус барои СССР
Оҳанги сафар
Ба оҳанги сафар мерақсам ин соат,
Ту медонӣ чӣ оҳангест ин оҳанг?
Ман ин ҷо мисли 1 хунёгаре ғамгин,
Ки дар чашмам тамоми шаҳр беранг.
Шабеҳи "бомж" аз пайроҳаи холӣ,
Ман ин ҷо баргҳои меҳрро ҷӯям.
Намеёбам якеро мисли худ танҳо,
Ки то аз ғурбатам бо ӯ сухан гӯям.
Дар ин ҷо баъди борон ҳам намемирад,
Ғубору гарди бепарвоӣ, беморӣ,
Ҳама саргарми кори хешу, мемирам
Ман ин ҷо аз ҳуҷуми дарди бекорӣ.
Нафасгирам дар ин ғурбат, дар Омрико
Душанберо ба ҷонам дӯст медорам.
Ба худ овардаам 1 дона барги сабз
Ки рӯяш ашки талхи ҳаҷр меборам
Ба оҳанги сафар мерақсам аз шодӣ
Бубастам оқибат бори сафар, оре,
Гитор, овои баргашти маро бинвоз
Ҳамон оҳанги касдорӣ, ватандорӣ!!!
Шоира Раҳимҷон,
11.10.2017, Лос Анҷелес, Амрико