ХАБАРИ ДОҒ

Одина ҷавонмард буду нафсшикан!

  • Ҷумъа, Фев 02 2018

Шоми 16.01.2017 дар ТВ Сафина барномае пахш шуд, ки дар он атрофи ҳаёту эҷодиёти ҳофизи мардумӣ Одина Ҳошим сухан мерафт. Дар ин барнома ҳунарманди шинохта Ҷамшед Исмоилов андешаҳояшро дар бораи шодравон баён дошта, аз ҷумла, ба ин маънӣ афзуд: «Ривоят аст, ки боре Одина Ҳошим дар водии Вахш то соати 11-12-и шаб маъракаороӣ кард. Баъд анҷоми маърака мӯсафедон аз соҳибхона илтимос карданд, ки меҳмонхонаро омода кунад то Одина Ҳошим барои онҳо аз қиссаҳои қуръонӣ, наъту дигар сурудҳои дархостӣ бихонад».
Ин иттифоқот на ривояти бофта, балки воқеиятест, ки худ шоҳидаш будам. Соли 1988 ҳампешаи банда Сироҷзода Муҳибулло Абдулваҳҳоб-прокурори калони шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи вилояти Хатлон (собиқ юрист) бо хоҳиши падар дар тӯйи суннатии фарзандаш Одина Ҳошимро даъват мекунад. Шодравон бо далели серкорӣ ин таклифро рад мекунад. Ман, ки соли 1975 ҳангоми дар курси 4 таҳсил кардан бо шодравон ва ҳунарманд-Ҳабибулло Абдураззоқов акси хотиривӣ гирифта будам, қосидеро бо он акс фиристода, гуфтам, ба ӯ бигӯед, ин шахс шуморо ба тӯй даъват дорад. Одина бо ҳама бузургӣ иззати мухлисро ба ҷо оварда, ҳамаи корҳоро 1 сӯ гузошта, ба водии Вахш омад ва бо садои ҷаззобу сурудҳои пурмазмун маъракаро тафсонд. Вақте соати 12-и шаб тӯй тамом шуд, бо хоҳиши мӯсафедон дар меҳмонхона то рӯз наът хонд. 1 рафтори аҷибаш ин буд, ки ҷӯробҳояшро аз по бароварда, тоҷикона менишаст ва аз сидқ месароиду ҳаводоронашро шод мекард. Саҳар вақти гусел ба ӯ чун ҳаққулхизмат маблағ додем, нисфашро баргардонд. Фақат роҳкироашро гирифту халос. Ана инро адлу инсоф мегӯянд. Инсофро ҳунармандони мо бояд аз ин шахсияти нотакрор омӯзанд.
Аҳли фазл гуфтаанд: «Хоби меҳнаткаш ширин аст, хоҳ хӯрокро кам хӯрда бошад, хоҳ бисёр». Одина бешак аз ин қабил ҳунармадон буду аз хислатҳои накӯи инсонӣ-хоксориву инсондӯстӣ сиришташуда. Бо лаҳни ширини Тоҷикӣ дар кишварҳои ҳамзабон намои ҳунар карда, дар дилу дидаи ҳаводорони санъати асил ҷой гирифт. Рӯҳаш шоду охираташ обод бод. Воқеан ҳам Одина Ҳошим тавонист. Оё Шумо-ҳунармандони замон метавонед мисли ӯ қаноатпеша ва иззатгузор бошед?

Сафаров Талбони Мункӣ,
собиқадори мақомоти прокуратура, н.Вахш, тел: 93 551 64 48

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter