Мақолаи Сайёфи Мизроб «Вакуум» (СССР, №4(489), 25.01.2018)-ро хондам. Аҳсант! Вакуум, яъне ҷои холӣ аз ҳавост. Ҷои аслии зиёии Тоҷик воқеан ва бе муболиға холист. Ман зиёиёнро аслан қариб, ки дар ҳеҷ куҷо намебинам, онҳо дар ягон баҳсу мунозира иштирок надоранд. Гӯё ҳар масъалае, ки мавриди баҳс қарор мегирад, ба онҳо комилан дахл надорад. Сад ҳайфи ин қадар шоир, нависанда, номзадҳои илм, доктору профессору вузаро… Ин фикр тайи даҳсолаҳо маро ранҷ медиҳад, ки чаро зиёиён хомӯшанд? 1 мисол аз он чӣ, ки худ шоҳид будам, ба шумо мухтасар гуфтаниям.
Соли 1992. Ман бо ҳамроҳи 2 дӯстам (шодравон Ҳусейн Наботов-номзади илм ва Тағоймурод Тоҳиров-тоҷир) дар 1 маърака (тӯй)-и 1 номзади илм иштирок доштем. Дар меҳмонхонаи он кас тақрибан 35-40 нафар меҳмонон ҳузур доштанд ва аз онҳо ба фикрам 12-15 нафар (мутаваҷҷеҳ бошед!) доктори илм, номзади илм, профессорҳо… буданд. Вале мутаассифона, дар он маърака лаҷоми суҳбат дар дасти 1 домуллое буд, ки ба ҳама саволҳо ҷавоб медод. Он шабу рӯз ҳанӯз дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҷанг мерафт. Дар ҷавоби худ домулло ба маҳалчигии рӯйирост роҳ медод. Дар аввал, ростӣ, хеле тоқат кардам ва умед доштам, ягон кас аз ин олимон даҳони домуллои «ҳамадон»-ро мепӯшад, вале ҳайҳот. Ниҳоят тоқатам тоқ шуд ва ба баҳсу мунозира пайвастам. Хуллас, ба зикри чанд далели муқаннаъ дар чанд масъалаи мавриди баҳс домулло аз «аспи» ғурур фуруд омада, ба ман «домулло» гуфта муроҷиат мекард. Аҷобати кор дар он буд, ки ғайр аз ман дигар касе дар он маърака ба домуллои маҳалчӣ ҳарфе нагуфт ва баракс ишора мекарданд: «Чӣ даркор ба домулло ин қадар баҳс кардан?».
Адами зиёӣ-рушди экстремизм
Тазаккур бояд дод, ки аз сабаби набуди зиёии асил ҷавонон аз паси домуллоҳои гумроҳ мераванд. Бародарони рус хуб фармудаанд, ки «свято место пусто не бывает». Гоҳо шоҳид мешавем, ки аз Россия тобути ҷавонеро меоранд, ки аз дасти миллатчиёни рус бо шиканҷаҳои зиёд кушта шудаанд. Гӯё ин ба ягон кас дахл надошта бошад. ВКХ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кормандони ҳамаи вазоратҳо… хомӯшанд. Ҳол он, ки дахолат кардан ба ҳалли ин масоил вазифаи ҷонии онҳост!
Дар СССР зиёда аз 1 сол боз баҳсу мунозира перомуни ИНТ меравад, ки фалон шоир ё нависандаро нодуруст аз ИНТ хориҷ кардаанд. Чаро нодуруст будааст? Хоҳиш мекунам, каҷ шинеду рост гӯед! Кадоми онҳо бо кадом достон, роман ё китоби худ ё аққалан 1 шеър дар байни мардум маҳбуб шуда бошанд? Барои мисол Устод Бозор Собир аъзои ИНТ нестанд, аммо ман якчанд шеъри он касро аз ёд медонам. Кадом китобе, ки аз номи Б.Собир чоп шавад, бо ҳар қимате бошад, мардум мехарад. Пас аз он, ки шуморо аз ин ИНТ ронданд, баъд шумо коғазу қалам мегиреду зидди роҳбарияти ИНТ менависед? Чаро пештар камбудиҳои роҳбариятро фош накардед? Ғайр аз ин, магар ҷомеаи мо мушкили дигар надорад? Агар аз рӯи инсоф гӯем ба назари ман ин кори савоб, яъне «амалиёти поккорӣ»-ро дар Академияи Умум низ пиёда кардан аз манфиат холӣ нест. Хас каму ҷаҳон пок! Маданияти ҳалқи Тоҷик имрӯз ба таври стихиявӣ пеш меравад, чунки зиёии пешбаранда надорад. Ба касе ғараз надорам, лиҳозо, бисёр сахту дурушт гуфтам, зеро зиёӣ рисолати аслии худро бояд дуруст анҷом диҳад, вагарна ӯ вакуум-ҳавои холӣ аст!
Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ