Зарфи шишагӣ беш аз 132 сол дар баҳр шино кард. Онро ҳамсарон-шаҳрвандони Австралия Тоня ва Ким Иллман дар соҳили уқёнус ёфтанд. Бо дидани зарфи кӯҳна зан хеле шод шуд, ки чӣ шишаи зебоест барои ороиши хона. Онҳо дохили зарфи мазкур навиштаҷотеро дар пораи коғаз бо забони олмонӣ пайдо карданд. Аён шуд, ки таърихи навишта шудани он 12.07.1886 будааст. Натиҷаи пажуҳиши мутахассисони осорхонаи уқёнусшиносӣ ин аст, ки зарфи мазкурро маллоҳон аз киштии бодбари олмонии “Паула” с.1886, дар наздикии соҳили уқёнус шино карда, ба об партофтаанд. Сабаб дар он будааст, ки баҳрнавардони олмонӣ дар он замон барои гузаронидани озмоишҳои хос, аниқтараш барои омӯзиши ҷараёни оби уқёнус чунин паёмакҳоро дохили зарфи шишагӣ ба об мепартофтаанд. Аз ҳамон давра то замони истифода аз киштиҳои худгард ҳар касе чунин зарфро ба намояндаҳои расмӣ, ё баҳрнавардони олмонӣ расонад, барояш подошпулӣ (инъоми бузург) медиҳанд. Ҳодисаҳое низ маълуманд, ки намояндаҳои расмӣ барои 1 чунин паёмак ба шахси ёбанда аз 10-100 ҳазор пули олмонӣ, ё тангаи тилло медодаанд. Суоле ба миён меояд, ки чаро аз қадим то имрӯз одамон асосан на зарфи сафолӣ, балки фақат зарфи шишагии даҳонбастаро аз соҳилҳо меёбанд? Чунин шакли номарасони шишагӣ аз киштӣ ва баҳрнавардон ба форсҳои қадим тааллуқ доштааст. Бояд гуфт, ки китоби “Синдбоди дарёгард” дар ҳама замон барои дилхоҳ баҳрнавард намунаи олии дарси шиноварист. Саргузашти Синдбод, раҳнамоиву роҳбаладии ӯ намунаи мактаби беҳтарини шиноварии форсу тоҷик ва дигарҳост. Бинобар сабаби аз ҳад кам ва мушкил будани шишагудозӣ, ё аз ноилоҷӣ бошад, ки ниёгони мо чанд ҳазор сол пеш ба зарфҳои сафолӣ паёмак гузошта, даҳонашро бо мум баста, ба об мепартофтаанд. Умед ба он доштаанд, ки зарфи номарасони онҳоро касе ёфта, аз аҳволшон бохабар мешавад. Фарқ миёни зарфи шишагӣ ва кӯзаи сафолӣ дар он аст, ки шиша аз таъсири оби баҳр тамоман осеб намебинад: ё рӯи об мемонад, ё лаппиши мавҷи об ба соҳил мепартоядаш. Зарфи сафолӣ бошад, бо мурури замон нам пайдо карда, илова бар ин ба обсабзи баҳрӣ часпида, вазнин гашта, оқибат ҳолати шиновариро аз даст дода, нашиканад ҳам, зери об ғарқ мегардад, гӯё асрори баҳрнавардӣ ва маълумоти киштиро дар жарфтарин нуқтаи уқёнус паноҳ медорад. Одатан маълумоти дохили чунин зарф маҳалли шино (координат), самт, ном ва таърихи оғози шино кардани киштиро дарбар мегирад. Ногуфта намонад, ки паёмаки дохили зарфи пештар аз ин ҳодиса ёфтшуда 108 сол дошт.
Шамсиддини Муқим,
мухбири махсуси “СССР” дар Россия