ХАБАРИ ДОҒ

Бахшида ба 110 солагии С. Вализода

1. Шоире, ки қалам силоҳаш буд!

 

Устод Саидалӣ Вализодаро агар касе 1 маротиба дар сӯҳбаташ нишаста бошад, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Мундариҷаи шеъру суруд ва достонҳои ӯ аз солҳои аввали Иттиҳоди Шӯравӣ шоирро ҳамчун сарояндаи ҳаёти нав, вассофи сулҳу ваҳдат, тараннумгари ҳаёти осоишта ва мадҳкунандаи меҳнати осудаҳолона шӯҳратёр намудаанд.

Вализода қалами худро ба силоҳ табдил дода, ҳар 1 музаффарияти замонашро ҷасурона ва собитқадамона ҳимоя карда, ба муқобили ҳар рӯйдоде, ки ба пешрафти ҳаёт халал мерасонид, мубориза мебурд. Дар достонҳои «Нозими Ватан», «Ду додарон», «Нодир ва Мӯҳтарам» саҳифаҳои дурахшони ҳаёти фарзандони Ватанро дар роҳи озодии меҳнаткашон, меҳнати ҳалол, васфи сулҳу ваҳдат ва амсоли инҳо тараннум намудааст.

Саидалӣ Вализода 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Аввалин шеъри ӯ «Деҳқони ҷабрдида» буда, дар синни 17-солагиаш эҷод шудааст:

Бо иҷора, эй падар, меҳнат дигар даркор нест,

Ҳосили меҳнат зи бас серӣ ба ин рӯзгор нест.

Чунки соҳиби заминро ҳеҷ раҳме ёр нест,

Мунтазири дасти боён то ба кай бошем падар?

Устод ҳамчун сарояндаи афкори пешқадам ва андешаҳои баланди инсондӯстона дар хотираи таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи баландеро сазовор гашта, аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузоштааст, ки онҳо дар маҷмӯаҳои «Таронаҳо» (1949), «Нозими Ватан» (1953), «Дар водии меҳнат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965), «Ошиқи баҳор» (1970), «Родник вдохновения» (1970), «Пайванди ҷон» (1971), «Умри дубора» гирд оварда шудаанд. Эҷодиёти шоир чашмаи мусаффоест, ки аз он дӯстдорони шеъру адаб нӯш мекунанд, ҳазордостонест, ки аз гулбоғи сухан нағмапардозӣ намуда, навои дилхурӯшашро ба дуриҳои дур мебарад ва ҷаҳони маъниро рангин месозад. Ин аст, ки номи шоир имрӯз вирди забонҳост. Ба номи ин шоири зиндаёд дар шаҳри Кӯлоб 1 маҳаллаи аҳолинишин, театри мусиқӣ-мазҳакавӣ, кӯча ва хона-музейи шоир гузошта шудааст. Устод ҳанӯз 17 октябри соли 1945 ба унвони Артисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, инчунин соли 1960 ба гирифтани унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Ин ҷо навиштаи устод Вализодаро дар бораи ободиву кору пайкори мардуми Данғара меорем, ки дар соли 1968 гуфтааст:

ОЯНДАИ ДАНҒАРА

Ман шунидам кори нав, додар намоён мешавад,

Аз паи шодӣ ба мо шодӣ дучандон мешавад...

Инженери кордоне дар сухан гуфто ба ман,

Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад.

Чунки мегирад ба наздик баҳра аз дарёи Вахш,

Обшорон доимӣ монанди Ёвон мешавад.

То ба рӯи маркази району тобеъҳои он,

Равшании ГЭС-и Норак партавафшон мешавад.

Як тараф аз Саргазон то пеши Корезу бараш,

Гар биёяд оби тунел боғу бӯстон мешавад.

Аз барои пешрафти Тоҷикистони азиз,

Пахтазори зарнисораш дашти Булён мешавад.

 

Бузургонро Бузургон зинда медоранд

Боқӣ Раҳимзода дар васфи дӯсташ С. Вализода;

(ҳазли рафиқона)

 

Эй мӯҳтарам Саидалӣ,

Саидалӣ ибни Валӣ.

Бишнида шасти соли ту,

Халқони мо гуфтанд: «Бале!».

 

1 вақт будӣ говсавор,

Додат Ҳукумат эътибор.

Гаштӣ кунун мошинсавор,

Ҳастӣ ба халқон ифтихор!

 

Созандаю шоир будӣ,

Ҳам ҳофизи моҳир шудӣ.

100 соли дигар умр бин,

Эй ҳофизи овозадор!

 

«Бар Ҳукумати мо офарин!»

Будӣ чунон, карда чунин,

Ин қадру қиматро бубин,

Аз ёд пириро барор!

 

2.Аз ҳазлҳои Вализода

Зимистон буд. Вализода сафари Душанберо ихтиёр карда, аз занаш телпакашро пурсон шуд.

- Телпаки ман дар куҷост?

Зани Вализода, ки хуҷандӣ буд, бо лафзи хуҷандиён гуфт:

- Телпакатон механда!

Вализода ҳайрон шуда, боз пурсид:

- Ҳо занак, охир телпаки ман ҳеҷ гоҳ намехандиду чӣ шуд, ки имрӯз механдад?!

***

Рӯзе Вализода дар Душанбе аз гармии ҳаво тоқат накарда, ба лаби кӯли Комсомол рафт, то оббозӣ карда каме салқин шавад. Ӯ либосҳояшро кашида, таги трусӣ ба об даромад. Баъди чанд вақт аз об баромада дид, ки либосҳояш дар ҷояш нестанд. Ӯ тадбире ҷуст, то шармсор нашавад ва баъди каме андеша аз об баромада, ба тарафи меҳмонхонаи шаҳр давидан гирифт. Аз пеш шиносе баромада пурсид: 

- Ҳа, Вализода, чаро ин қадар медавӣ?

Ӯ гуфт:

- Байни шоирон мусобиқаи давидан рафта истодааст. Бинед, ман аз ҳама пешам.

***

Чанд муддат академик Раҷаб Амонов дар Институти педагогии Кӯлоб дарс мегуфт. Як рӯз Вализода ӯро ба меҳмонӣ ба хонааш таклиф кард. Он вақт арафаи ҷашнгирии 70-солагии зодрӯзи Вализода буд. Баъди сӯҳбати гарму ҷӯшон Вализода ба Амонов рӯ оварда гуфт:

- Домулло, ҳукумати республика ба ман як мошинаи сабукрави «ГАЗ-69» тӯҳфа кардааст. Лекин мошина яке айб дорад, дарунаш майдатар, тарбуза кам мебарад.

Амонов дилбардорӣ карда гуфт:

- Парво накунед, домулло, тарбуза кам барад, ду рейс мекунед...

***

Рӯзе Вализода дар аэропорти Душанбе ба 1 рафиқаш вохӯрдааст. Баъди ҳолпурсӣ рафиқаш ба Вализода арзи ҳол намудааст:

- Мо як тарафҳои Самарқанд тамошо рафтанӣ, лекин кампултарем. Чӣ мешавад, ки камтар пул қарз медодед.

Вализода дар ҷавоб гуфтааст:

- Хуб аст, ки шумо кампулед, ман бошам, тамоман бепулам.

***

Вализода барои лексияхонӣ ба яке аз колхозҳо рафтааст. Садри колхоз ба ӯ гуфтааст:

- Дар бюджети колхоз барои лекцияхон пул намондааст.

Вализода гуфтааст:

- Парво накун, раис, ман ба ивази ғӯзапоя ҳам лексия хондан мегирам.

***

Саидалӣ Вализода одати қалингириро ҳамчун ҳодисаи ба оила ва ҷамъият бадбахтиовар дар шеърҳояш сахт танқид ва маҳкум мекард. Рӯзе дар маъракае марди солхӯрдаи муллонамо Сайдалиро мулзам карданӣ шуда, ба ӯ саволе медиҳад:

- Ту шеър навиштӣ дар бораи қалин, қалинро заҳри қотил гуфтаӣ, зани мо мурд, касе нест, ки моро нигоҳубин кунад, қалин, ки надиҳем, моро кӣ мегирад?

Саидалӣ ба рӯи пурожанг ва чашмони фурӯрафтаи он мӯйсафед бодиққат нигоҳ карда, гуфт:

- Ғам нахӯр, мӯйсафед, туро имрӯз ё пагоҳ Худо худаш мегирад.

***

1 вақт Вализода аз болои токи ангур афтида, пои чапаш мешиканад ва чанд моҳ бистарӣ мешавад. Яке аз дӯстони наздики Вализода, ки бо номи Махсуми Хокистар машҳур буд, зиёда аз бист рӯз аз болои сари Вализода дур нашуд. Махсуми Хокистар марди шӯхтабиат буда, дар латифагӯӣ, ширингапию ҳозирҷавобӣ аз Вализода монданӣ надошт.

Дӯстон ва наздикони ба аёдати Вализода меомадагӣ албатта дасти холӣ намеомаданд. Аз ин рӯ, фуки Махсуми Хокистар дар равған ғӯтида буд.

Аз байн чанд вақт гузашту пои Вализода сиҳат шуд. Махсуми Хокистар бо Вализода хайрухӯш карда гуфт:

- Худоё, агар пои дигари Вализодаро мешикастӣ, боз як моҳи дигар фукамон аз равған канда намешуд.

***

Ҳамроҳи Вализода аз роҳе мегузаштем. Аз пешамон марде баромад, ки бисёр зишт ва сиёҳпӯст буд. Вализода аз ӯ аҳволашро пурсид. Он мард гуфт:

- Аз хок берун гашта истодаам.

Вализода гуфт:

- Хуб коре мекунӣ, вагарна хокро ҳаром мекардӣ.

 

Хосият Вализода, адиба

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter