17.04.2018 1 ҳайати 40 нафараи намояндагони ш. Исфара, бо роҳбарии шаҳрдори он Сиҷоуддин Саломзода ба н.Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Бояд қайд намуд, ки гарчанде аз ин пеш сафару вохӯриҳо буданд, аммо дар тайи чанд соли охир ин нахустин сафари ҳайати воломақоми ш.Исфара ба Боткон буда, пазироии меҳмонони Тоҷик аз ҷониби ҳокими ин ноҳия ва аҳли фарҳанги он хеле самимӣ баргузор гашт.
Чуноне ки Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара ба мухбири СССР хабар дод, дар раванди мизи мудаввар, ки дар дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифтааст, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Салихов Кениш Каримович хоссатан зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудааст. Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки мардуми тоҷику қирғиз тӯли қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома дода мешавад.
Ҳар 2 ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои дастгирии техникии ҳалли мушкилоти дастрасии сокинони минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ баён намуда, таъсиси гурӯҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили «Ҳамсоягони нек»-ро омили муассире дар самти таҳкими ҳамкориҳо, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намуданд. Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқае омаданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд ва нофаҳмию муноқишаҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд.
Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар доир ба муҳимияти ҳамкориҳои фарҳангию-гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуда, роҳандозии робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумориданд. Бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва тақвиятбахшии ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар деҳоти наздисарҳадии Хоҷаи Аълои ш.Исфара ва Уч – Добои н.Боткон ва дар ин замина ташкилу баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Баъд аз анҷоми мизи мудаввар барномаи муштараки фарҳангӣ ва боздид аз мавзейи сайёҳии «Айгул» сурат гирифт.
Дар назар аст, ки рӯзҳои аввали моҳи май чунин 1 ҳайати воломақоми н.Боткон ба ш.Исфара ташриф биёранд.
Нахустин сафари фарҳангӣ-сатҳи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар