ХАБАРИ ДОҒ

Оё мо мусалмони ҳақиқием?

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018


Мегӯянд, ки беш аз 90%-и мардуми ҷумҳурӣ мусалмонанд. Вале ба ин бовар надорам. Аз нигоҳи ман фоизи мусалмонҳо дар мамлакати мо баракси ин нишондоди бардурӯғи оморист. Мо аслан мусалмони забонием. Мусалмони ҳақиқӣ ва асил касест, ки тибқи Қуръони Маҷид, ки аз ҷониби Офаридгори замину осмон ба василаи Пайғамбари гиромиамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ) ба мо омада расидааст, амал ва зиндагӣ менамояд. Ҳаёти начандон тӯлонии умри хешро бо қонунҳои ин китоби муқаддас, ки бо ташаббуси Президенти кишвар ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, сипарӣ мекунад.

 

Ҳар 1 нафасу қадами худро ба нишондодҳои китоби Қуръон мутобиқ менамояд. То тарҷума шудани Қуръон мо дар ғафлат ва гумроҳӣ қарор доштем. Акнун сарфаҳми каломи панд ва ибратомези Қуръон рафта, метавонем зиндагии худро тибқи гуфтаҳои он ба роҳ монем. Оддитарин ҷумла ин аст: «Мусалмон шахсест, ки аз забон ва дастони ӯ касе озор намеёбад». Аммо мутаассифона ин шиори мо нест. Рӯзе нест, ки аз заҳри забони мо шахсе наранҷаду нороҳат нагардад. Ҳатто аз ҳама ҷинояти вазнинтарин одамкушӣ бадбахтона дар ҷамъияти мо имрӯз хеле ривоҷ ёфтааст. Ҳафтае нест, ки аз тариқи ахбори криминалии ВКД аз ҷониби ВАО қатли ваҳшиёнаи инсонҳо шунида нашавад. Наход ин амали нанговар аз дасти мусалмон амалӣ гардад? Чунин шахсро ман ҳаргиз мусалмон намеҳисобам!

Дурӯғу ғайбати мусулмонӣ
Дурӯғ гуфтану ғайбат кардан одати маъмулии мардуми мусалмони мо шудааст. Фиребу найранг ва ба амонат хиёнат кардан низ хеле ривоҷ гирифта, ҳаромхӯрӣ ба авҷи аъло расидааст. Аз ҳама бадтарин касб ин аробакашӣ, яъне мусофиркашонист ва мо тайи 6-7 соли охир дидем, ки ин табақаи мардум чӣ қадар ба луқмаи ҳаром даст заданд. Тайи ин солҳо онҳо ба ҷои 1.60 дирам 2 сомонӣ роҳкиро талаб намуда, аз ҳар мусофир 40-дирамӣ зиёдатӣ маблағи ҳаром ба киссаи худ заданд.
Дар дармонгоҳҳо барои 1 сӯзандоруро гузаронидан аз 1 сомонӣ то ба 6-10 сомонӣ пул мегирифтагӣ шуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ ба ҷои ба толибилмон дарс гуфтану чизеро омӯзонидан, фақат ҷамъоварии маблағ ба ҳукми анъана даромад. Дар мағозаҳо фурӯши маҳсулоти вайронгаштаю заҳрнок ва пӯсидаю пур аз микроб касеро ба ташвиш намеовард. Туҷҷор ба маҳсулоти ғайристандартӣ рафҳои дӯкону мағозаҳоро пур карда аз 1 дирам ҳазорҳо дирам фоида медидагӣ шуданд. Беинсофии доруфурӯшҳо ҳадду канор надорад…
Бархе аз мақомот ба кори хеш аз паси панҷа нигариста, пур кардани кисаи худро аз сиҳатии мардум боло медонанд. Дар нархгузории тамоми маҳсулот дар бозорҳо назорат намебаранд. Оё ин аз ноинсофии тоҷирон дарак намедиҳад? Инсофи мардуми ғайридин аз инсофи тоҷирони бо забон мусалмони мо дида болотар нест?
Хулоса, мо даъвои мусалмонӣ дорем ва набояд мусалмони забонӣ, балки ҳақиқӣ шавем. Аз амалҳои ғайриисломӣ-ҳаромхӯрию дуздӣ, ғайбату дурӯғ, зиною рафторҳои ғайриахлоқӣ даст кашем. Фарзандро бо луқмаи ҳалол тарбия намоем.

Довудхӯҷа Раҳимзода,
н.Шоҳмансур, тел: 98 588 58 76

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter