ХАБАРИ ДОҒ

Вопасин орзуи Тоҳир Собиров

  • Панҷшанбе, Май 03 2018

Солҳои охир Тоҳир Собиров ба ҳайси раиси Иттиҳоди киносозони Тоҷикистон фаъолият дошт ва бисёр мехост, ки аз нав кори кинои Тоҷикро ҷоннок намояд... Чанд моҳ пеш аз вафоташ устодро дар назди студияи ТВТ дидам. Баъди аҳволпурсӣ хушҳолона фиттаеро ба ман нишон дода гуфт: «Охирин филмамро барқарор намудам. Баъди 41 сол. Шояд аз байни таҳиягарони Тоҷик ягона шахсе бошам, ки ҳангоми барҳаёт будан, тамоми филмҳои ҳунариашро пурра барқарор кардааст».
- Тоҳир Мухторович, ин кадом филми ҳунариатон бошад?
-Филми ҳунарии “Писар бояд зан гирад”, ки онро ҳанӯз с.1959 бо ҳаммуаллифии Шамсӣ  Қиёмов аз рӯи водевили “Дил-дили Зайнаб” ба навор гирифта будам. Ин филм баъди филми ҳунарӣ-мусиқии “Ман бо духтаре вохӯрдам” дуввумин филми мусиқӣ-мазҳакавӣ буд. Мутаассифона, баъди намоиши он дар хориҷи кишвар филмро ба мардум нишон дода натавонистем. Нусхаҳои онро на дар Маскав ёфтему на дар ш.Душанбе. Нусхае, ки дар киностудияи “Тоҷикфилм” мавҷуд буд, дар натиҷаи сӯхтори филмотека нобуд шуд. Агар хотираам фиреб надиҳад, аз с.1961 то имрӯз, яъне 41 сол боз ин филмро надидаанд.

Ҳунармандони хуб буданд…
Ҳунарпешагон Аслӣ Бурҳонов дар нақши Карим-ака, Гулчеҳра Бақоева-Ҳанифахола, София Тӯйбоева-Саидабону, Дилбар Қосимова-Зебои нозук, Розия Акобирова-Зебои малламӯй, Марат Орифов-Сайфӣ ва Ҷаҳон Саидмуродов-нақши Аъзамро иҷро карда буданд. Ба амри тақдир имрӯз Аслӣ-ака Бурҳонов, София-апа Тӯйбоева, Гулчеҳра-апа Бақоева дар қайди ҳаёт нестанд. Рӯҳашон шод бод! Боқӣ ҳама дар қайди ҳаёт, сиҳат ва саломатанд. Танҳо Розия Акобирова ҳамроҳи шавҳараш Евгений Кузин ҳанӯз с.1991 ба шаҳри Краснодар кӯчиданд. Агар филмро, Худо хоҳад, тариқи ТВ тамошо кунед, нақши милитсионери мӯйлабдорро мебинед, ки онро Ёрмаҳмад Ашӯрмаҳмадов аз Театри ш.Хоруғ иҷро карда буд. Ба фикрам ӯ ба синни 84 расида, ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст.

Усмонов, Ҳукумов ва филм…
“Писар бояд зан гирад” дар кинои Тоҷик аввалин филмест, ки ман чун таҳиягари кино мустақилона баромад кардаам ва он барои ман аз ҳар ҷиҳат азиз аст. Ин филм 1 раҳнамое гардид, барои таҳияи филмҳои нисбатан ҷиддӣ, ба монанди “Марги судхӯр”, “Хиёнат”, “Ҳеҷбудагон”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Ашк ва шамшер” ва дигарҳо. Боқӣ филмҳоям дар хазинаи кинои Тоҷик маҳфузанд, танҳо ҳамин филм нест. Ва ягона орзуи ман ин буд, ки нусхаи онро аз ш.Маскав, аз “Госфилмофонд”-и Россия тайёр намуда гирам. Мутаассифона, на ман маблағ доштаму на Иттифоқи киносозони Тоҷикистон. Боре дар 1 сӯҳбати хосса Иброҳимҷон Усмонов, он вақт раиси Кумитаи Маҷлиси Олии ҶТ оид ба корҳои байналхалқӣ, муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг шуда кор мекард, аз ман суол намуд, ки «чаро филми ҳунарии “Писар бояд зан гирад”-ро на дар чодар (экран)-и кино нишон медиҳанду на дар телевизиони Тоҷик?»
-Охир ин филм дар хазинаи кинои Тоҷик маҳфуз набошад, чӣ тавр онро нишон диҳем?- гуфтам ман.
Усмонов хеле афсӯс хӯрда, ваъда дод, ки ҳатман ягон спонсор ёфта, масъалаи маблағро ҳал мекунанд. Мо хайрухуш намудем. Баъди чанд вақт Иброҳим Кенҷаевич занг зада гуфт, ки масъала ҳал шуд, аз пайи “филм шавед”.
-Кист он марди ҳимматбаланд, ки дар ин шабу рӯз ягона орзую умеди таҳиягари кӯҳансоли Тоҷик-Тоҳир Собировро иҷро намуда, барои барқарор кардани филми ҳунарии “Писар бояд зан гирад” маблағро дареғ надоштааст?
-Ин марди ҳақиқатан ҳам ҳимматбаланд, дарёдил ва ватандӯст раиси ширкати давлатии “Нафтрасон” Амонулло Ҳукумов аст. Худо умрашро зиёд намуда, баракати фарзандонашро бинад!- гуфт дар охири сӯҳбат Тоҳир Собиров.
Дигар устодро надидам. Танҳо рӯзи 1.06.2002 барои видоъ бо ҷасади беҷонаш дар ҳавлии киностудия ҷамъ омадем. Он рӯз сокинони пойтахт бо таҳиягари бузурги Тоҷик Тоҳир Собиров видоъ намуданд ва ҳангоми гусел ба роҳи охират байти зерин ба хотир омад:
Гар ҷону хирад дар қадамат хок насозанд,
Эй хок бар он қавм, ки бас бехабаронанд.
Иброҳим Усмонов қиссаи эҳёи филмро чунин шарҳ дода буд:
-Дар вақти иҷлосияи навбатии Маҷлиси Олӣ аз вакил Амонулло Ҳукумов хаттӣ пурсидам, ки «фалон филми гумшударо барқарор кардан мумкин аст, қимматаш ҳамин қадар, ёрӣ расонида метавонад”. Он кас навиштанд: “100% ба гардани ман”. Ва афзуданд: “Иброҳим Кенҷаевич, барои пешрафти фарҳанги халқам, ки ба манфиати ҷомеаи мост, ҳамеша омодаам, хизмат намоям. Хизматҳои Тоҳир Собиров барои халқи Тоҷик бениҳоят калон аст. Агар заррае хизмати ин марди бузургро ба ҷо оварда бошам, хеле ифтихормандам.
Амонулло Ҳукумов”.
Ҳамин тавр, бо иқдоми И.Усмонов ва дастгирии А.Ҳукумов филми ҳунарии “Писар бояд зан гирад” аз нав барқарор ва пешкаши ҳаводорони кинои Тоҷик шуд. Ва, орзуи устод Тоҳир ҳангоми барҳаёт буданаш иҷро гардид.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter