ХАБАРИ ДОҒ

«Дӯстии халқҳо» номи Фирдавсиро гирифт

  • Панҷшанбе, Сен 06 2018


5.09.2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро дар н.Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд. Зимни суҳбат бо сокинони пойтахт президент пешниҳод намуд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи А.Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.


Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ҳанӯз солҳои 1970 бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ гардида, ба як макони истироҳату фароғат ва дилфиреби пойтахт табдил дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос шуданд. Дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 га майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷои нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст. Иншооти варзишӣ дар ҳудуди Муассиса татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон дар ин ҷо ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз 2 даромадгоҳ-даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар ин Муассиса Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маҷмаа дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки аз ин пас ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва, дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт. Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабост. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд…
Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи  Абулқосими Фирдавсӣ” сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷои нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пешвои миллат ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter