ХАБАРИ ДОҒ

Хоҷаобигарм-нигине дар ангуштарини Тоҷик

  • Чоршанбе, Окт 03 2018


(сафаргуфта)

Августи с. 1999. Ростӣ, чандин сол қабл, ба масале 1 аср пеш, яъне охири садаи ХХ ба Хоҷаобигарм рафтаву пушаймон шуда будам. Хонаҳо сарду бадбӯ, рӯйкату хобҷо ифлос, ошхона бидуни мазза, табобат ғайриқаноатбахш, садои оҳангу таронаи дилхарош дар осмони 7, муносибату муошарат ғайриқабул буд. Ягона дастоварди беназири осоишгоҳ-Буғи Родон тангу дилгиру пуродаму серғавғое, ки саг соҳибашро намеёфт. Бо ҳамон таассурот ман осоишгоҳро ин 18-19 сол ба хотир меовардам…

Осоишгоҳе, ки воқеӣ шудааст!
17.09.2018. Бо амри тасодуф, дақиқан амри духтур, ки фарзандонамро гуфт, «бояд ҳатман дар Хоҷаобигарм шифо гиранду аз Буғи Родон ва ҳавои софи кӯҳистон истифода намоянд», боз ба ин ҷо омадаму тамоман чизи дигарро дидам!!! Хонаҳои барҳаво, оби гарму сарди вофир, руйкату хобҷои озода, аппартаментҳои ба талаботи ҷаҳонӣ посухгӯ, лифти муосире, ки монандаш дар Баландошёнаҳои навсохт ҳатто нест, ошхонаи тамиз, ресторани олӣ, ҳуҷраҳои шифои покиза, муносибати хубу ҳасанаи духтурон бо ҳар мизоҷ… Ва аз ҳама муҳим!!! Буғи Родоне, ки даромадан баробар худро дар буғхонаҳои ҳуталҳои 5-ситорадор тасаввур мекунӣ!!!
Ба таҳқиқ, агар худи ҳамин шабу рӯз тамомии меҳмонҳои олиқадри Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистонро низ ба ин осоишгоҳ баред, сад офарин хоҳед шунид. Зеро воқеан ҳам кормандони осоишгоҳ таҳти сарварии Давлат Самиев дар 5-соли ахир коре кардаанд, ки дар 84 соли мавҷудияташ накарда буданд (осоишгоҳ аз соли 1934 вуҷуд дораду дар соли 1968 таҷдид шудааст). Шояд пурсед, ки онҳо чӣ коре кардаанд? Марҳамат!

Ободкорони осоишгоҳ


Осоишгоҳи Хоҷаобигарм дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2010, таҳти №392 «Дар бораи табдил додани Осоишгоҳи Хоҷаобигарм ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм»» таъсис дода шуда, бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 таъмири ҷорӣ ва азнавсозии биноҳои Осоишгоҳ аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъмири бинои блоки «Б» ба роҳ монда шуда, қубурҳои обгузар, ноқилҳои барқӣ, рӯйпӯш кардани боми бино, аз нав ҷиҳозонидани ҳуҷраҳо бо ашёҳои зарурӣ, ба истифода додани тарабхона барои 150 нафар, толори маҷлисгоҳ барои 150 нафар, 37 ҳуҷраи аъло барои 74 нафар, 8 ҳуҷраи аълодараҷа таҷдид гардид. Инчунин дар бинои блоки «А» дар ин давра иваз намудани қубурҳои обгузар, ноқилҳои барқӣ, рӯйпуш кардани боми бино, аз нав ҷиҳозонидани ҳуҷраҳо бо ашёҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар он 167 ҳуҷра барои 334 нафар омода карда шуд. Дар биноҳои баландошёна, ки солҳои тӯлонӣ мардум пиёда мебаромад, 4 адад лифти замонавии истеҳсоли туркӣ дастрас ва васл гардид.

Қимати Хоҷаобигарм 32 млн афзуд!!!
Ҳамин тариқ арзиши воситаҳои асосии Осоишгоҳ агар ба 1.01.2013 17млн 203.733 сомониро ташкил медод, ин нишондод то 20.09.2018 49 млн 768.023 сомониро ташкил дод, ки аз 32 млн сомонӣ зиёд аст! Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм» арзиши воситаҳои асосӣ ба маблағи 32564290 сомонӣ афзудааст, ки 17427248 сомонӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, саҳми Осоишгоҳ дар давоми 5 соли охир 5437968 сомониро ташкил медиҳад.

Президент: Нархро набардоред!
Нархи осоишгоҳ шояд дар сартосари кишварҳои собиқ давлати СССР аз ҳама арзон бошад. Ба ҳисоби миёна шартан $17. Акнун тасаввур кун хонанда бо ин пул 3 вақт хӯроки гарми 1 ва 2, нӯшокиву хӯришҳо, беш аз 20 намуд табобат, хонаи барҳаво, таҷҳизоти хоб, консерту шабнишиниҳои фарҳангӣ, ТВ (дар ҳар хона! Қаблан танҳо 1 ТВ-и кӯҳна дар 1 ошёна буд), оби гарму сард, ҳавзи шиноварӣ, буғи родон, сауна-ҳаммом ва ғ. ва ҳ. медароянд. Агар зарбу тақсим кунем, ин пул ба чизе намерасад. Вале медонед, чаро нарх мисли дигар осоишгоҳҳо, фарзи мисол, чун Баҳористон боло нарафтааст? Зеро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дастур додааст, ки барои мардум нархро набардоред, то ҳама дастрасӣ ба ин осоишгоҳи ягона дар ақсои оламро дошта бошанд (Буғи Родон танҳо дар Фаронсаву Тоҷикистон буд, ки аввалӣ хушкид ва Хоҷаобигарм ягона шуд!)!
Зиҳӣ, Пешвои Миллат!!!

Родон ва сиёҳгили кимиёвӣ


Ҳоло баъзе мизоҷон, ки дарки тафаккур надоранд, баъзан шиква мекунанд, ки хонаҳои табобатӣ каме бӯи сиёҳлой мекунанд. О, бародарон! Шумо гили кимиёвӣ мегиред, оби Родон ва буғи Родон, ки дар таркибаш то 20 навъи элементҳои химиёвиро дорад, пас онҳо бояд бӯи духии Шанел кунанд???
Дар зимн бояд гуфт, ки дар тӯли 9 моҳ аз 24 давлати дунё, бо шумули Амрикову Фаронса, Канадаву Италия…391 нафар барои муолиҷа омадаанд. Аз Тоҷикистони азиз дар ин маҳдуда 13448 нафар дар осоишгоҳ муолиҷа гирифтаанд. Музди миёнаи кормандон аз 200-300 сомонии қаблӣ то 1124 сомонӣ хеста, осоишгоҳ беш аз 1 млну 197 ҳазор сомонӣ андоз пардохтааст. Ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, ҳамин осоишгоҳ қаблан солона 200-250 ҳазор андоз медоду бас. Офарин бар ҳиммат ва касбиятатон, кормандони Хоҷаобигарм!

Мо метавонем!


М. Мубориз
Махсус барои СССР


PS: Савганд ба номи Худо, мо дар ин осоишгоҳ ройгон дам нагирифтаем! Аммо «каҷ шину рост гӯ!» гуфтаанд, ин ҳамаро дида, нонавишта натавонистем. Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter