Устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки аксарият бо ҳар 2 маъно дар ғойибаш номашро ШОҲ мегирифтанд, вежагиҳои хоси инсонӣ дошт, ки мутаассуф, дар симои дигар сардабирону ҳамкасбон кам дидаам. Аввал ин ки аз марг ҳич намеҳаросид ва онро 1 падидаи ногузир медонист ва 2 ин, ки парвои мансаб надошт. Ӯ мансабро ҳамчун 1 падидаи бо ҳамкасбон сару кор гирифтану ишонро парасторӣ намудан медонист (мутаассуф, мактаби сардабирии шӯравӣ бо фавти Шоҳ хатм ёфт!)...
Ёдам ҳаст, боре, ҳини ҷашн аз 80-солагии «Ҷумҳурият» чун суханаш доданд, сардабири фаоли ин нашрия пешаш рост шуд, мисле ки назди ҳар маърузачӣ меистод. Шоҳ бо хандаи танҳо ба худаш хос ба ӯ гуфт:
-Бачам, рав шин, ин мансаб (сардабирӣ)-ро ба ҷидд қабул накун, ун қадар коре нест…
Соате, ки акнун сардабираш таъин карда буданд, пешаш рафтаму гуфтам, 1 нафарро ба кор гирад. Оҷилан гуфт, биояд ва фармонашро баровард. Ёдам ҳаст, чанд тане аз кормандон зидд баромаданд, ки «майзада» аст, ба кор нагиред, ки гуфт: Кадоматон наменӯшед? Ва чун хомӯшӣ ҳукм меронд, хандиду гуфт:
-Майзадаҳоро кор гирифта, ислоҳ накунем, кай ислоҳ мешаванд?
Ҳар кору кирдораш дарс буд, сабақ буд барои мо-журналистони ҷавон. Достони сигордурии ман низ рабте ба устод дорад. Боре, дар ошёнаи 5-уми ГЖК устодро дидам, ки чун ҳамешагӣ дар лабонаш сигоре васл буд. Сигор пурсидам. Аз ҷайбаш сигори «Прима» баровард, яъне сигори бе филтр. Примаро гирифта, ба сигори устод дида дӯхтам, ки филтрдор буду гаронарзиш. Бо хандаи танҳо ба худаш хос гуфт:
-Сайёф, бачам, «ба талбанда харбузаи каҷак» гуфтаанд!!!
Ҳамон сигор охирон сигоре буд, ки ман чокидам ва инак 22 сол аст, ки сигор намекашам!!!
Охирон бор, чун маризи сангин буду дар беморхонаи ҳукуматӣ бистарӣ, бо Раҷаби Мирзо ба аёдаташ рафтам. Гуфт:
-Мемирам! Метарсам, романи охиринамро тамом накарда мирам. Тамом, ки кардам, нобут…
Дилбардориш кардам, ки гуфт:
-Сайёфҷон, сари фукатро ғам набошад! Ҳама мемирад. Мурдан ҳаққ аст. Касе сутуни ин хокдон нашудааст…
Инро бигуфт, аҷала рафт ба романнависӣ, ВАСВАСА-ро навишт ва бандагиро хатм кард…
Воқеан ҳам, ман он романро хондам ва бо бовар мегӯям, ки чунин асаре бо ин паҳнову вусъати андешаву шебу фарози фикр, тазодди қаҳрамонҳо, ивазшавии босуръати нақшҳои мусбӣ ба манфӣ ва баракс… дар адабиёти асри 21 то ҳанӯз надорем. Аз қалами устод Шоҳ бӯи килки Робиндранат Такур меояд, дар ин асар! Касе бовар надорад, Регрезаи Такур ва ВАСВАСАи Шоҳро хонад…
С.Мизроб
сардабири СССР