7.02.2019. Дар ноҳияи Қубодиён дили яке аз ширингуфтортарин адиб, асалзабонтарин дубайтисарой, шоиртарин деҳқон ва деҳқонтарин шоир-устоди достонсаро Сайдуллои Амин-падари журналист Шаҳрзоди Амин-котиби масъули газетаи мардумии СССР аз тапидан монд…
Ҳарчанд болову поин задем, ҷуз ин матлаб, ки чанд сол муқаддам СССР дар бораи устод навишта буд, мақолае беҳтар нигошта натавонистем. «Такрор модари дониш аст»-у «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар СССР фаромӯш намешавад!». Хонаи ахираташ обод ва раҳмати Худой сари гӯраш барои ҳамешагӣ рехта бод, ки ИНСОНи бузурге буд…
Дар адабиёти ҷаҳон дар хусуси юришҳои Искандари Мақдунӣ асарҳои мансуру манзуми зиёд эҷод шудаанд, ки бедодгариҳои ин мақдунии беникоҳзодаро тараннум мекарданд. Хосатан, симои Искандар дар назми классикони мо чун паямбар, хирадманд ва хайрхоҳу одил таҷассум ёфтааст, ки ҳокӣ аз он аст, ки гузаштагони мо низ амсоли имрӯзиён худкуши бегонапарвар будаанд. Зеро ақли кас намегирад, ки сар аз Низомиву Саъдӣ то Ҳофизу Ҷомӣ нафареро ситоянду парастиш кунанд, ки Кирополро оташ задаву Эронро ба хок яксон сохтаву Суғду Бохтарро ғорат кардаву китобхонаҳои бузургтарини Самарқанду Бухороро бо амри устодаш Арасту ба коми оташ мекашид…
Дар тӯли 1000 сол беш, ки адабиёти мо доди сухан медод, образи Спитамон-ягона қаҳрамони халқи Тоҷик, нафаре, ки дар майдони ҷанги ватанхоҳӣ доди мардӣ додаву Искандарро борҳо саркӯб кардаву танҳо бо ҳилаву макри мақдуниён, сарашро зани аҳримансиришташ буррида буд, торик боқӣ мемонд. Ин хатои адабиёти 1000 солаи моро, ки мутаассуф клоссикони ғосибпарвар аз Искандар мадҳу ситоиш мекарданду бар ҳаммиллати қаҳрамони хеш санги маломат меандохтанд (вазъияти то ҳанӯз шинос, не?!), ахиран шоири муосири мо Сайдуллои Амин ислоҳ кард!
«Спитамон», китоби аввали достони 2-ҷилдаи шоир буда, зери назари шоир ва файласуф Зиё Абдулло, дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд. «Спитамон» маҳсули кори 20-солаи шоир аст, ки дар бораи қаҳрамони халқи Тоҷик ҳикоят мекунад. Ҷилди 2-и достон дар давоми соли ҷорӣ бояд ба нашр расад. «Спитамон» дар вазни мутақориб тасниф шуда, 20.000 байт аст. Қариб ҳар боби достон бо ин мазмун тулуъ мекунад:
Ривоят кунад ровии достон,
Ки бишнид аз ровии бостон…
Дебочаи достон хеле хонданист, ки муаллиф образҳои ҷадидро дар қабои клоссикӣ меофарад. Барои мисол, Сайдуллои Амин шеърро зани дувуми худ хондааст, ки мегӯяд:
Аз он рӯз дилбанди шеърам чу ман,
Ту гӯӣ, ки дорам никоҳӣ 2 зан…
Ва ин 2 бохчон сари шоир фишор меоранд:
Зи рашки басӯзи ҳам аст, ин 2 зан,
Кунад қасд бар ҷони ширини ман!
Шоир достонашро мисли Фирдавсӣ ба Сарвари давлат мебахшад:
Бар ин Тоҷикистони ман сарвар ӯст,
Дар ин бешаи ғав чу шери нар ӯст!
Ва ҳарчанд Амин аз Раҳмон бар алайҳи Фирдавсӣ аз Султон Маҳмуд, инъоме талаб надораду рӯ ба рӯзии Худованд аст:
Худо давлатам деҳ, ҳамон қадр бас,
Ки бошам зи мардум на пешу на пас…
Бовар дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон хатои Маҳмудро такрор накардаву ба арӯси нозпарварди Амин-достони нобаш эътои шоҳонаи сазовор пешкаш мекунад. Дар ин амри хайр президент набояд машварат пурсад, ки сареҳатан ошкоро мегӯем:
Коре, ки Сайдулло Амини Қубодиёнӣ бо навиштани ин достон кардааст, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар 22 соли истиқлолият накарда буд! Ин ниҳод бояд сари таслим пеши Амин фуруд орад, ки шоир нишон дод, ки ИНТ зинда асту достон ҳам меофарад:
Ту хонанда бошӣ, ба покӣ чу ҳақ,
Мазан рӯй-рӯяк китобам варақ.
Ин китобро бояд хонд! Шоир достонро онгуна дар либоси сухани бикр оростааст, ки мисли 1 арӯси нозанин ба шабистони хирадманд-марди хонанда дароварданист:
…Китобам касе хонд, домодам ӯст…
Шоир мисли Фирдавсии Тӯсӣ, ки Аҷам зинда кард бо ун порсӣ, бо ин Тоҷикии шево рӯҳи қаҳрамони миллат-Спитамонро зиндаву ҷовид гардонидаву миллатро атрофи Идеяи МИЛЛӢ кашида, аз бегонапарварии ҳазорсола сӯи Тоҷикият фаро мехонад, ки ҳалолаш бод:
Зи шеърам ту магзар кунун сарсарӣ,
Ки бӯи Аҷам ҳасту савти дарӣ…
Достони «Спитамон»-и Аминро месазад ақаллан барои он хонд, ки дар баробари доди сухани нобро додану пардаи бакорат аз маҳри арӯси сухан бардоштан, ӯ нахустин нафаре дар адабиёти 1000-солаамон гардид, ки саҳву хатои пешиниёни хешро рафъ кардаву ҳақро ба ҳақдор расонида, рӯҳи бобои ману ту, хонандаи ин сутур-Спитамони шери нари Тоҷикро ором кардааст…
Сайёфи Мизроб,
сардабири газетаи СССР (СССР, №281, январи с.2014)
------------------------------------------------------
Як ҳавливу як Модару як маҳди равон,
Дар маҳд ба хоб рафта як тифли замон.
Он ҳавлӣ ҷаҳон бошаду модар-ш равон-ш,
В-он тифлаки бедордилаш пои ҷаҳон.
Модар, гули нонат натарош, истад, мон,
Ин гул ба ман аст беҳ зи гулҳои ҷаҳон.
Гар бӯи чаман кунанд гулҳо ҳама ҷо,
Аз ин гули нони ту расад бӯи нон.
Молид ба пистон зи қаланфур Модар,
К-аз сина ҷудо намояд он шӯхписар.
Чун бачча гирист, пок пистон бинамуд,
Бӯсиду гирифт баччаро боз ба бар.
Гаҳвораи ман бувад яке наҳри калон,
Ман дар гаҳвора оби пурмавҷи равон.
Он Модаракам, ки дар бари маҳди ман аст,
Мироби ҳамин наҳр, ҳамин наҳри дамон.
Бар тоси пуроб Модаре тифл ниҳод,
Дар об зи чарх акси маҳтоб фитод.
Мекард ба акси моҳ кӯдак бозӣ,
Гӯё, ки ба ӯ бозичае Модар дод.
Як дастаи гул туро ба ид овардам,
Дар рӯзи мубораку саид овардам.
Аз синаи Модарш-Замин карда ҷудо,
Бо ишваву ноз мемакид, овардам.
Хубӣ бикунем мо бадонро, гоҳе,
Ранҷонда раванд боз моро, гоҳе.
Ҳарчанд, ки дасти кӯр бигрифт асо,
Он кӯр лагад занад асоро, гоҳе.
Ҷонам, гапи сахти бомалолам гуфтӣ,
Нокарда нигаҳ ба рангу ҳолам гуфтӣ.
Як умри дароз дилкашолат будам,
Инсоф накарда «лабкашол»-ам гуфтӣ.
Доноии ту айби ту гаҳ пинҳон кард,
Нодонии ту туро пур аз нуқсон кард!
Пурнурии хуршед бипӯшад доғаш,
Камнурии моҳ доғи он рӯшон кард.
Асрори замин чу боғбон донам буд,
Аз илми фалак чу Бӯалӣ хонам буд.
Розӣ будаме бузург мегаштам агар,
Монанди замин ба зери по монам буд!
Ба хурдӣ ҳар гаҳе мегаштӣ бемор,
Ба сад духтур бибурдат модари зор.
Ту ҳам дар вақти бемории модар-т,
Бубар бар сад табибаш ҳамчунон ёр!
Аҷаб ҳамраҳ, аҷаб дилсӯзмардӣ,
ГАИ, дидам, чи корое накардӣ.
Агар дар роҳ бо мошин билағзам,
Ту пеш аз Модарам ҳозир бигардӣ.
Шабе ки Модари ман сумманак пухт,
Нигорам дар таҳи дег оташ афрӯхт,
Нигорамро ба шӯхӣ мепучидам,
Парида сумманак дасти маро сӯхт.
Ба ман дар номаи худ гуфтӣ дина,
«Хатамро эҳтиёт кун, кас набина».
Хататро, ҷон, чунон маҳкам бикардам,
Ки гӯё ёфтастам як хазина.
Душанбе меравам, сӯям ниго кун,
Саломат боз баргардам, дуо кун.
Надодӣ гар дуо аз шарм пешам,
Бирафтам ман, дуое аз қафо кун.
Шабе бар сӯзанӣ Модар ҳашар кард,
Нигорамро дар он шаб ӯ хабар кард.
Зи пеши Модарам берун наҷунбид
Маро дар берун ӯ хуни ҷигар кард...
Даҳони халтаро ту мекушодӣ,
Ҳамеандохтам пахта ба шодӣ!
Дар ин дам мерасид дастам ба дастат,
Агар ту дасти худ бар ман надодӣ.
Шаби тӯйи ту аз қишлоқ рафтам,
Ду чашмам тар, ба қалби чок, рафтам.
Сарамро то занам бар сангҳо ман,
Мисоли теғ бар қайроқ, рафтам.
Ман аз кӯҳ санг ғелондам, гули ман,
Туро бо санг тарсондам, гули ман.
Аз он ҷо каҳр кардӣ, хона рафтӣ,
Сари кӯҳи алам мондам, гули ман.
Дарахтат мезадам бар кирмаки худ,
Буридам по-м, Модар ҷанг бинмуд.
«Писарҷонам, ду чашмонат куҷо шуд?»
Намедонист чашмам сӯи ту буд...
Баҳор омад, биё дар кӯҳ бароем,
Ба як сӯ кабку як сӯ мо сароем.
Тамошо карда-карда, вақти гаштан,
Ба як чапкӯчаҳои дигар оем.
Аз олам Носири Хисрав гузашта,
Ба даври кӯҳна марди нав гузашта.
Ба зар ӯро намеёбем имрӯз,
Агар дина ба қадри ҷав гузашта.
Ба ёдам ҳаст, Модар, вақти хурдӣ,
Ҳуши манро ба як духтар бибурдӣ.
Дили ман гӯиё ки аз ту бошад,
Ба ҳар духтар, ки хоҳӣ, месупурдӣ.
Ҳамехондам хататро, дилбари ман,
Мусича кур-куре зад дар бари ман.
Бигуфтам, ки «чӣ мегӯӣ?» Бигуфто:
«Ҷавоби он хаташ кун бо пари ман».
Ту рафтӣ, суратат дар ҷайби ман монд,
Вай ин ҷо, рӯи ту дар ғайби ман монд.
Натонистӣ ту бахши як гуноҳам,
Вале бахшида ӯ сад айби ман, монд.
Баҳор омад, барам шинӣ, намеша,
Дар ин айём ғамгинӣ намеша!
Асалзанбӯри ман гул чида омад,
Ту ҳам бар ман гуле чинӣ, намеша?
ГАИ, андар амон бошӣ, намирӣ,
Чӣ меҳмонпарвариву дилпазирӣ.
Ба ҳар шаҳре ба меҳмонӣ равам ман,
Нахустин пешвози ман, ту гирӣ.
Шабе будам ба фикри ин хатам ғарқ,
Ба сақфи осмон шуд раъд бо барқ.
Миёни осмону в-ин дили ман,
Аҷаб не, ки набошад он қадар фарқ.
Набиштам он шабе ки хат ба ҷонон,
Ба берун майда-майда буд борон.
Ба берун буд борон, ё ҳақиқат,
Зи шеърам об мешуд чархи гардон?
Бигуфтӣ «шеъри ту гардид камчин,
Шудам, эй дӯст, аз ин қисса ғамгин».
Чу умри одамӣ кам аст шеърам,
Чу умри одамиён бод ширин!
Ба ҷӯ телам накун, дунё ба фанд аст,
Ки обаш пасту соҳилаш баланд аст.
Ба ҷӯ телам накун, ки ғалтӣ бо ман,
Ки домонам ба домони ту банд аст.
Ба саҳро мекашад ҳуштак кӣ бошад?
Маро бо ҳуштакаш куштак, кӣ бошад?
Сафед андоми ӯ аз ғози пахтаст
Чу кард аз осиё муштак, кӣ бошад?
Саҳар ҷаста зи хоби худ кӣ бошад?
Ба саҳро рафт хоболуд кӣ бошад?
Намояд кори саҳрояш ҳалол ӯ
Ҳаром он хоби худ бинмуд, кӣ бошад?
-------------------------------------
Аҷаб як мӯсафеде буд…
Бисёр кашид дарду ранҷу касалӣ,
Рафт аз бари мо шоири шеъраш асалӣ.
Ширинсухане набуд чун ӯ ба ҷаҳон,
Моро ту надеҳ дигар ба ҳар гап тасалӣ.
***
Ба Сайдулло Амин имрӯз, ёрон, хайрухуш кардем,
Аҷаб як мӯсафеде буд ширинҳазлу ширинҳарф.
Сафедоин, ки буд, ҷояш биҳишти ҷовидон бодо,
Видоъ ӯро зимистон гуфт бо шеъру гулу бо барф.
***
Офтоби ҳазлу танз - устод Сайдулло Амин,
Ҳамчу мо рӯи замин буд, рафт бар зери замин.
Дар мазори Равшанобод аст гӯри равшанаш,
Қисмати равшандиле дар олами равшан ҳамин.
Хайрандеш,
шоир