ХАБАРИ ДОҒ

Мо яктопараст будем, на оташпараст!

  • Чоршанбе, Март 06 2019


Иддае аз руҳониён, ки дар шарҳи моҳияти дини Ислом душворӣ мекашанд, нуқси худро бо роҳи туҳмату таҳқир дар ҳаққи гузаштагон рӯпӯш мекунанд ва оташпараст эълон кардани форсҳо (тоҷикони қадим) аз ҳамин фаҳмиши ғалат об мехӯрад. Агар ин тоифа таърих ва хулосабарории мантиқиро меомӯхтанд, назарашон дигар мешуд. Зеро дар асл тоҷикони тоисломӣ Худои ягонаро бо номи Аҳурамаздо мешинохтанд. Фарқ ин буд, ки онҳо ба 2 қувва бовар доштанд, ки яке некӣ (Аҳурамаздо) ва дигаре бадӣ (Аҳриман) буд.

2 қувваи тоисломии мо…
Имрӯз ҳам агарчӣ мусалмонон баду неки оламро ба Худо нисбат медиҳанд, боз дар 1 маврид, ба қувваи дигаре бо номи Шайтон (Иблис) бовар доранд. Ҳамин Шайтонро форсҳои қадим Аҳриман мегуфтанд. Яъне имрӯз ҳам дар ҷаҳонбинии динии форстаборон ҳамон фаҳмиш, лек бо ном ва зоҳири дигар ҳоким аст. Тоҷикон то ислом соҳиби дин, китоб, масҷид ва дигар расму оинҳои илоҳӣ буданд, фақат бо номҳои дигар. Онҳо воқеан дар ибодатгоҳҳои худ оташ меафрӯхтанд ва ин амали онҳо аз рӯи зарурати замон буд, яъне оташ ибодатгоҳҳоро гарм ва рӯшан мекард. Муғбачаҳо намегузоштанд, ки лахчаи оташ хомӯш шавад, зеро он вақт гӯгирд ихтироъ нашуда ва ҳаёту мамоти мардум аз оташдону лахчаҳои дайр вобаста буд. Барои мисол, тасаввур кунед, ҳамин ҳоло қувваи барқ, гӯгирд, «зажигалка» ва дигар василаҳои оташафрӯзию рӯшноиофар аз байн равад, чӣ рух медиҳад? Аввалин коре, ки анҷом меёбад, он аст, ки  гумбади масҷид сӯрох ва дар миёнаҷои он оташ афрӯхта, гирди он мусалмонон намоз мегузоранд, вагарна бомдоду хуфтани боҷамоатро чӣ тавр метавон адо кард? Оё ин ҳол ба маънии оташпарастист?

Оташи мо Худои мо набуд!!!
Зоҳиран инсон оташро аз вулқон ё сӯхтори табиӣ ба даст овардааст. Тоҷикон, ки дар тамаддунофарӣ пешгом буданд, онро Худо намеҳисобиданд, балки эҳтиром мекарданд, то хомӯш нагардад ва ба ин роҳ худро аз сармову торикӣ наҷот медоданд. Вақте оташ ба даст омад, ҳукумронии инсон дар Сайёра шуруъ шуд. Акнун инсон ба воситаи оташ на фақат ҳашароти газанда ва даррандагоне чун палангу гургро аз худ дур меронд, ки ҳатто бо шарофати он ба шикор ва пухтупаз сар кард. Ин дигаргунӣ инсонро аз мавҷуди мевахӯр ба гӯштхӯр табдил дод. Дар ин замина санъати пухтупаз ба фоидаи инсон ва зарари ҳайвонот рушд кард. Аз сӯи дигар ин инқилоб ба ромшавии ҳайвонот мусоидат карда, гову сагу баъзе ҳайвонотро дар хидмати инсон қарор дод.
Имрӯз ҳам 1 каф оташ кофист, ки шер наздат таслим шавад. Яъне ягон модда (унсур) ба ҳадди оташ дар шаклгирии тамаддуни инсонӣ саҳм нагузоштааст. Ба ин хотир инсонҳои гузашта онро эҳтиром ва ҳифз мекарданд. Мо бояд эҳтиромро аз эътиқод фарқ карда тавонем. Ё не?

Сорбон Ҳакимзода,
н.Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter